Фарҳодаки куҳкан

Савори мошини боркаш аз роҳи сангфарши пур аз ҷуқурию кӯлмакчаҳои пуробу лойқаи бозори калони молу сабзавоти ноҳияи Рӯдакӣ мегузаштем. Дар канори роҳ аробае бо ду – се духтарчаи хурдсол дар ҳавои сарди борони зимистонӣ ларзон  меистоданд. Манзараи хеле риққатоваре. Писараки хушсимою чашму абрӯи  сиёҳи ба тахмин 8 – 9 солаи ба қавли устод Мирзо Турсунзода “ Кӯдаки хурдию дар ҳукми гулӣ” ва ба фикри пуле афтода, ба ҷои дар мактаб будан, аз канори роҳ сангҳоро гирифта, болои чуқурие мерехту бо бели дасташ ҳамвор мекард. Бо ишора ба ронанда фаҳмонд, ки маблағе хайр кунад. Маълум, ки хонаашон ҳам дар он тарафи роҳ буд ва ҳамарӯза кам ҳам бошад, аллакай марди хона будани худро бо дастмуздаш исбот мекард. Барои модари бечора, хоҳаракону додараконаш кайҳо  шӯълаи умед дар дил гардида буд.

   Касе он кӯдаконро ба ин кор маҷбур накарда ва роҳ ҳам роҳи давлатӣ буд. Худи писарак  бо мақсади кӯмак ба оилаи фақири худ ба ин кор азм кардаст. Албатта ҳолати роҳ аз ин муштакони ҳанӯз кӯчаку нозук беҳбудие намеёфт, вале баъзе ронандагон аз дилсӯзӣ маблағе ба дасти писарак медоданд. Мо се нафар ҳамроҳ ҳар кадоме миқдоре маблағ ҷамъ карда, ба воситаи ронанда, ба писарак додему  посухи “Раҳмат!”’ шунидем.

 Дидани ин манзара хеле мутаассирам сохт. Ваҷоҳати ба хурдакакиаш нигоҳ накарда, азму иродаи устувори писарак ба ваҷдам овард. Дар симои ӯ ҷавонмарди асили ояндаро тасаввур кардам. Номашро  надонам ҳам, беихтиёр зери лаб ба худ “Фарҳодаки Куҳкан” унвонаш кардам. Бидуни шаку шубҳае маҳз ҳамин бачаҳои ба сахтӣ ва дар мушкилию маҳдудиятҳо ба камол расида, дар рӯзи сахти Ватан ҳимоятгар ва дар рӯзҳои осоишта дар хизмати мардум мешаванд.

 Аҷаб, дунёе! Корҳои хайр дар таги бинниамону бо харҷи маблағҳои ҳангуфт ба куҷоҳое, ки савобҷуӣ намеравем? Аз рӯҳониёнамон сар карда,  то дунявиҳоямон, ҷуз аз дину мазҳаб, адлу инсоф, хайру савоб ҳарф намезанем. Молдорон, қудратмандон, тавонгарон, соҳибони курсию вазифаҳои масъули давлатӣ, вакилони мардумӣ гумон аст, ки аз чунин мавзеъҳо гузар ва аз ҳоли наврасону ҷавонон аз оилаҳои камбизоат, ки ворисони миллату ояндаи Ватанашон меҳисобем, бохабар бошанд.

Ромиши Фаришедӣ,

н. Варзоб

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube