Фарҳанги миллатро ҳифз намоем!

Ман пири 90 – солаам, аммо наметавонам, ки нисбати муҳиту атрофи худ бетарафӣ зоҳир намоям. Аз хонандагони ашаддии СССР мебошам. Рости гап, вақтҳои охир рафтору кирдори баъзе ҷавонон маро ба ташвиш овардааст. Ин мавзӯи доғест, ки дар ҳафтаномаи СССР пайваста баррасӣ мегардад. Замонишавӣ, пешрафти давру замонро мефаҳмам. Зидди пешравиҳо нестам. Лекин бисёр мехостам, ки насли мо фарҳанги ғанию деринаи аҷдоду авлоди худро гум накунад ва фирефтаи фарҳанги бегона нагардад. Дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат бояд мо тоҷикияти худро нигоҳ дорем. Ба он роҳ надиҳем, ки ҷои фарҳанги моро фарҳанги иртиҷоӣ ишғол намояд, зеро он он оқибатҳои бад дошта метавонад. Ҳодисаҳои даҳшати имрӯза дар сартосари ҷаҳон бояд ба мо дарси ибрат бошад. Ба ғафлат дубора роҳ надиҳем ва ҳаводиси солҳои 90 -уми асри гузаштаро такрор накунем, ки ба худ омаданамонро дигар Худо медонад.

Дар атрофи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам зичтар мутаҳҳид гардида, баҳри ободию зебоии Тоҷикистиони азиз дар талош бошем. Дар сурати оқилона истифода бурдани захираҳои табиии кишвар, мо имконият дорем, ки мамлакатро рӯ ба рушд орем. Барои ин ҳама  бояд якдилу якҷон бошем ва аз 1 гиребон сар барорем. Нагузорем, ки сулҳи ба заҳматҳои зиёд ба даст омадаамон халалдор гардад. Ба осиёби душманон об нарезем. Беҳтар аз сулҳ, тинҷӣ сарвате нест. Бо худ ва миллати худ ва дар фикри Ватани худ бошем. Боқӣ ба ҳама бурдбориҳою ақли солим орзумандам!

Гадойбой Раҳматуллоев,

н. Айнӣ

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube