Суръати интернети ширкати Tcell: мушкилоти ҷиддӣ ва саволҳои беҷавоб!!!

Бо вуҷуди он ки Tcell худро ҳамчун яке аз пешсафони бозори алоқаи мобилӣ муаррифӣ мекунад, шикоятҳо аз сустии интернет, қатъшавии пайваст ва ноустувории шабака рӯз то рӯз зиёд мешаванд. Корбарон аксаран изҳор медоранд, ки ҳатто дар маркази шаҳрҳо суръати интернет барои иҷрои корҳои оддӣ – тамошои видео, истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ё ирсоли ҳуҷҷатҳои электронӣ – кофӣ нест.

Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда он аст, ки арзиши бастаҳои интернетӣ бо сифати пешниҳодшуда ҷавобгӯй намебошад. Аҷабо ин чи гуна мушкилотест, ки муштарӣ маблағ месупорад, аммо хидматеро дар сатҳи ваъдашуда дарёфт намекунад? Ин ҳолат, пеш аз ҳама, ба ҳуқуқи истеъмолкунандагон мухолиф буда, боиси нобоварӣ нисбат ба ширкат мегардад. Илова бар ин, дар соатҳои серистифода (рӯзона ва бегоҳӣ) суръати интернет ба маротиб коҳиш меёбад. Ин далел гувоҳи он аст, ки инфрасохтори техникӣ ба ҳаҷми воқеии истифода  навсозии саривақтӣ намешавад. Саволи асосӣ ин аст: чаро муштариён бояд барои норасоии банақшагирӣ ва идоракунии ширкат зарар бинанд?

Бешубҳа, Tcell то замоне ба танқидҳои ҷомеа бо бетарафӣ муносибат мекунад ва ислоҳоти ҷиддӣ намеандешад, мушкил боқӣ мемонад. Охир муаммои нав нест мавҷи симкортҳои ширкати Тсеll хело паст шуда, ҳатто дар моҳҳои охир нест шудааст, барои тамос гирифтан душворӣ мекашем! 

Бо дарназардошти вазъ, пешниҳод ва талаботи мушаххас дорем:

1. Таъмини шаффофият: ширкатҳои мобилӣ бояд суръати воқеӣ ва ҳадди ақали кафолатшударо расман эълон намоянд, на танҳо ҳаҷми мегабайтҳоро.

2. Ҷуброни зарар: дар ҳолати паст будани суръат ё кор накардани интернет, маблағи бастаҳо бояд ба муштариён баргардонида ё муҳлати истифода тамдид карда шавад.

3. Назорати давлатӣ: мақомот бояд санҷишҳои мунтазам гузаронда, натиҷаҳоро ба ҷомеа пешниҳод намоянд.

4. Ҷарима ва ҷавобгарӣ: барои иҷро нашудани уҳдадориҳо нисбат ба ширкатҳо чораҳои сахти ҳуқуқӣ андешида шаванд.

Ин талабот на зиёдатӣ ва на ғайривоқеӣ мебошанд – онҳо таҷрибаи кишварҳои пешрафтаанд. То замоне ки чунин ислоҳот амалӣ нашавад, сухан аз интернети босифат танҳо дар сатҳи шиор боқӣ мемонад.

Эҳром Раҷабов, 

ш. Истаравшан

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube