Қалъаи Хуҷанд – эҳёи тамаддуни тоҷик

22.07.2023. Соат бо вақти Хуҷанд 09:00 дақиқа. Бо даъвати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати эҷодии газетаи мардумии СССР бо раҳбарии сардабир Сайёфи Мизроб, ки чанд рӯзи ахир дар вилояти Суғд қарор дошт, аз майдони сохтмони Маҷмааи таърихии Қалъаи Хуҷанд боздид ба амал овард. Лозим ба таъкид аст, ки Раҷаббой Аҳмадзода ҳафтае 1 маротиба ба ин маҷмаа омада, шахсан бо корҳои сохтмонӣ аз наздик ошно гашта, ба рассомону гулкорону наққошону устоҳо ва мутахассисоне, ки бо реставратсияи девори қалъаи қадима машғуланд, маслиҳату машварат медиҳад. Ин маротиб раиси вилояти Суғдро СССР ҳамроҳӣ кард.
Лозим ба таъкид аст, ки айни замон бо мақсади ҳифзи ёдгориҳо ва муаррифии тамаддуни халқи тоҷик дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Қалъаи Хуҷанд» пурра мавриди таҷдиду навсозӣ қарор гирифтааст.
Кушки зеботарин дар Осиёи Миёна

Қалъаи Хуҷанд яке аз мавзеҳои қадимаи шаҳр ба шумор рафта, калонтарин дар Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад. Тибқи сарчашмаҳои муътамад таърихи он тақрибан 3000 солро дар бар мегирад. Дар солҳои аввали истиқлолият дар дохили Қалъа қисми ҳарбӣ амал мекард ва агар вазъ тағйир намехӯрд, ин кушк, ки намоди ҷасорату қаҳрамонии миллати мост, тамоман хароб мешуд.
Тавре Муҳиддин Файзуллоев, номзади илми таърих мегӯяд, Қалъаи Хуҷанд таърихи зиёда аз 2500-3000 сола дошта, воқеан таърихӣ будани шаҳри Хуҷандро исбот мекунад. Агар ба ҳадду ҳудуди Қалъаи Хуҷанд таваҷҷуҳ кунем, маълум мешавад, ки қалъа 6,3 гектарро дар бар мегирад. Девори тамоми шаҳрро ба назар гирем, 7 дарвоза дошту зиёда аз 20 гектарро доро буд. Дар ин ҷо тамоми меъёрҳои сохмон ба назар гирифта шуда, талаботи қалъадорӣ ҳифз шуда, ҳудуди Қалъаи Хуҷанд аз Куҳандиз, Шаҳри Сум ва Равот иборат аст.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни боздид аз Қалъаи Хуҷанд таъкид дошт, ки корҳои бостоншиносиву археологӣ бо назардошти муҳофизати моҳияти таърихии қалъа ба анҷом расонда мешаванд.
1000 бозёфти нодир

Маврид ба зикр аст, ки Қалъаи Хуҷанд дар асрҳои 6-5-и то милод бунёд шуда, дорои садди хокӣ ва девори нисбатан ғафси бо хишти хом сохташуда мебошад. Тибқи таъкиди бостоншиносон Қалъаи Хуҷанд яке аз ёдгориҳои нодиртарини таърихӣ дар қисмати Шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар натиҷаҳои ковишҳои археологӣ танҳо давоми солҳои 2019-2021 наздики 1000 адад бозёфт ба даст омадааст, ки воқеан, таърихи бой доштани қалъаро исбот менамояд. Ҳамаи ин бозёфтҳо, аз қабили сафолпораҳо, ёдгориҳо, меъмориҳо, устухону дигар мавод, ки зимни кофтукови археологӣ дарёфт гардиданд, баъди ташхису аз лаборатория гузаштан, исбот карданд, ки Хуҷанд дар ҳақиқат таърихи 3000-сола дорад. Бозёфтҳо дар осорхонаи вилояти Суғд маҳфузанд.
Биҳиште барои сайёҳон
Воқеан ҳам лоиҳаи таҷдиди Қалъаи Хуҷанд хеле зебову дилрабост. Зимни сохтмон тамомии расму русуми меъмориву наққошӣ, рассомӣ, гаҷкориву кандакории халқи тоҷик ба назар гирифта шуда, дар қитъаҳои ҷудогонаи он академикҳо, рассомони моҳир ва соҳибкасб, кандакорон, гаҷкорони чирадасту таърихшиносон, дар ҷамъ 290 тан косибону ҳунармандон машғули эҳё ва тавлиди ин зебоиянд.
– Мақсад аз барқарор намудани ин иншооти таърихӣ муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик, муаррифии санъати меъморӣ, санъати кандакорӣ ва тарзи ҳаёти халқи тоҷик дар асрҳои миёна ба ҳисоб рафта, бо ин васила мо метавонем ба ҷаҳониён, сайёҳоне, ки аз тамоми дунё ва кишвари худамон меоянд, бо ифтихор нишон диҳем, ки Қалъаи Хуҷанд дар асрҳои миёна яке аз қалъаҳои устувори Осиёи Миёна ба ҳисоб рафта, онро ҳамчун қароргоҳи ҳокими маҳаллӣ истифода мебурданд. Воқеан, Қалъаи Хуҷанд дар давраҳои гуногуни таърихӣ макони муҳорибаҳои хашину хунин шудааст.
Эҳёи Қалъаи Хуҷанд қабл аз ҳама дар самти ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ мусоидат намояд, аз ҷиҳати дигар барои ҷалби шумораи сайёҳон ба маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд заминаи воқеӣ мегузорад, – гуфт дар суҳбат бо сардабири СССР, Раҷаббой Аҳмадзода.

Беҳтар аз Самарқанду Бухоро!!!
Хушояндаст, ки дар майдони сохтмон ва азнавсозии Қалъаи Хуҷанд наздики 300 нафар машғул ба коранд. Дар корҳои сохтмонӣ маҳсулоти сирф ватанӣ истифода шуда, маҳз дар ин мавзеъ куллияи санъати дастии қадима, ба мисли сафолаксозӣ, рангрезӣ, гулкорӣ ва ғ. дубора эҳё шуда истодааст. Дар рангубор ва наққошии гумбазҳои биноҳо устоҳо аз Самарқанду Бухоро низ кор карда истодаанд. Ин устоҳои гулдаст дар реставратсияи маҷмааи Регистон ва коху кушкҳои Самарқанду Бухоро низ даст доранд.
– Ман умед дорам, ки пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин мавзеъ, ки бояд аз ёдгориҳои таърихии шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ҳам зеботар гардад, он беҳтарин макони гардиш на танҳо барои сайёҳони хориҷӣ, балки барои мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ҳам хоҳад гашт. Устоҳо талош доранд, то 9 сентябри соли ҷорӣ ин Қалъаи нодирро эҳё, таваллуд ва бозсозӣ карда, чун армуғони Сарвари Давлатамон ба бошандагони Тоҷикистони азиз пешкаш намоянд! – таъкид дошт Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар итмоми боздид.
СССР
