Сарвари давлат боз «Дахл ул ҳарам» шуданд!!!

Соли 2010 бо Сафват Бурҳонов дар Панҷакент меҳмони деҳааш шудем. Ин ҷо мӯсафеде бузургмартаба бо номи Бобои Довуд, ки оҳангар будӣ, мезист. Ӯ ба мо 1 чизи аҷоиб гуфт:

-Мехоҳам боре дастони Эмомалӣ Раҳмонро фишорам ва худашонро зиёрат кунам. Зеро Ӯ чанде пеш дохили Каъба даромада, Дахл-ул-ҳарам шудааст ва барои ҳар мусалмон Ӯ нафари муборак ва қудсист! Касе аз мусалмонон дар бораи афроди «Дахл ул ҳарам» ноҳурматӣ кунад, дар ин дунё хор ва дар он дунё дучор мешавад…

Сарвари давлати мо чанд рӯз пеш боз бори 5-ум ба Каъба омадаву бори 3-ум вориди Хонаи Худо шуда, 3 карат фарди Дахл ул ҳарам шуданд, ки муборакамон бод!!!

 Зиёрати Каъбатуллоҳ

 19.07.2023. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабл аз иштирок дар нахустин вохурии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷи Форс аз ш.Ҷидда ба ш.Маккаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ ташриф оварда, дар ш.Маккаи Мукаррама қиблаи мусулмонон Каъбаро зиёрат карданд.

 

2 ракъат намози нафл ва 7 даври Каъба

Тавре Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон итиллоъ медиҳад, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон либоси хоси маросими ҳаҷ – эҳромро ба бар карда, вориди хонаи Худо гардида, дохили Каъбатуллоҳ 2 ракъат намози нафл хонданд. Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ бо 7 маротиба давр задан дар гирди хонаи Каъба, яъне тавофи қиблаи мусулмонон, дар пушти мақоми пайғамбар Иброҳими Халилуллоҳ, ки дар паҳлӯи Каъбатуллоҳ аст, 2 ракъат намози нафл хонданд.

 Дуои хайри Пешво барои кулли тоҷикистониён

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳ пас аз адои намоз барои пешрафту шукуфоии ояндаи Тоҷикистон – хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон ва сарҷамъию осудагии мардуми шарифи тоҷик дуои хайр карданд.

Сипас, Пешвои миллат дар назди чоҳи замзам бо як ҷаҳон орзуву ниятҳои нек аз оби замзам нӯши ҷон намуда, ба пояи кӯҳи Сафо баромаданд, то дар саъйгоҳ, яъне миёни кӯҳҳои Сафо ва Марва 7 маротиба рафтуо кунанд. Дар ин мақом бояд 4 бор аз Сафо то Марва ва 3 бор баръакс ҳаракат кард.

Баъди анҷоми саъй дар пояи кӯҳи Марва мӯйи сар бояд тарошида, ё кӯтоҳ карда шавад. Бо амалӣ намудани ин рукн маросими умраи ҳайати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.

Мавриди зикри хос аст, ки ин зиёрат дафъаи панҷум ҷараён мегирад.

Бо инояту меҳрубонии Парвардигори олам ва бо таваҷҷуҳи хосу эҳтироми баланди Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Арабистони Саудӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки 3 маротиба ба дохили Хонаи Худо – Каъбатуллоҳ ворид шуда, бо гузоштани 2 ракъат намоз, барои Тоҷикистони азиз ва мардуми шарифи он дуою фотиҳаи накӯ намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон – соҳибнуфузи олами ислом

Пуштибонии пайваста аз номи поки дини мубини ислом дар арсаи минтақа ва ҷаҳон, чанд дафъа ба забони тоҷикӣ нашру дастраси мардум кардани Қуръони Карим ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ таҷлил намудани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулпазирии ҳанафӣ Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит – Имоми Аъзам аз ҷумлаи хизматҳои шоёни Пешвои миллати тоҷик дар ҷаҳони ислом мебошанд, ки ӯро ба шаъну эътибори баланд расондаанд.

Ба чунин шарафи баланд даст ёфтани Сарвари давлати Тоҷикистон ва Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон бозгӯй аз нуфузу эътибори шоистаи ӯ дар олами ислом аст. Ин аст, ки ӯ борҳо ба феҳристи 500 мусулмони соҳибнуфузи олам шомил гардидааст.

Хотиррасон мешавем, ки то ин вақт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1997, 2001, 2005, 2016 ва 2017 ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом додаанд.

Боиси хушнудию шукргузорист, ки Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандон, зойироне, ки мақсади тавофи Каъбаву зиёрати равзаи паёмбари ислом Муҳаммади Мустафоро (с) доранд, сол то сол тадбирҳои хайрро амалӣ менамоянд. Шароити сафар ва будубоши ҳоҷиён аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Подшоҳии Арабистони Саудӣ беҳтар мегардад, ки дар ин бора газетаи мардумӣ репортажҳо нашр месозад.

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube