САДОИ ҒАЛАБА»

«Азизи Сталин»

Ин ҳама ба диктори оламшумули советӣ Юрий Борисович Левитан иртибот дорад. Ӯ кисту аз куҷост ва чӣ хидмате ба Ватану халқ анҷом дода? Ҳамааш бо навбат…

Юрий Борисович Левитан (Юрка Беркович Левитан) 19 сентябр (2 октябр) 1914, Владимир – 4,8, 1983, деҳаи Бессоновка, вилояти Белгород) – диктори радио (аз соли 1931) – и Комитети давлатии Совети Вазирони СССР оид ба телевизион ва радиошунавонӣ. Артисти халқии СССР (1980). Узви ВКП (б) аз соли 1941.

40 сол қабл, 4 августи соли 1963 диктори достонзеб Юрий Левитан ҳангоми вохӯрӣ бо ветеранҳо дар деҳаи Бессоновка, ки он ҷо як вақтҳо муҳорибаи Курск гулдурос мезад, даргузашт. Ин севумин инфаркташ буд.

Левитан дар шумори ходимони фарҳанги СССР, зери васояти И.В. Сталин буд.  Доҳӣ танҳо ба ӯ эътимод дошт, то тавассути радио амру фармонҳояшро қироат кунад.

 

Волидон

Юдка (Юрий) Левитан дар хонаводаи дарзӣ (дӯзанда) ба дунё омадааст. Волидонаш Берка Шмуйлович ва Мария Юдковна Левитан, пас аз ӯ, ҳафт сол пас соҳиби духтар – Ирма шуданд.

Дар давраи подшоҳӣ Берка Левитан узви раёсати ибодатхонаи ҷумҳурӣ ва совети хоҷагии канисаи Владимир буд. Ба иқрори духтари Юрий Левитан – Наталя: «Бобоям дарзии комгор буданд. То инқилоб аз низомиён фармоиши зиёд мегирифт. Ба афсарон мундирҳои зебо медӯхтанд».

Садо (овоз)-и фарқкунанда барои Левитан ҳанӯз дар мактаб корти муаррифӣ гашта буд. Ӯ ҳатто тахаллус дошт – Юрка-труба (Юрка – карнай). Юрка – карнайро ҳатто ҳамсояҳо барои ҷеғ задани бачаҳояшон аз кӯча истифода мебурданд.

 

Москва

Юрий дар 17-солагӣ аз Владимир ба Москва рахт баст. Хост ба техникуми кино дохил шавад, аммо ноком гашт. Аъзои комиссияи қабул бо «о-о» гуфта гап задани ӯ (оканье, окать) – хоси лаҳҷаҳои шимоли Россия, хандиданд…

Бо дӯсташ ба эълонҳои сарироҳӣ дида дӯхта, чашмашон ба эълони қабули дикторон дар Кумитаи радиои умумииттифоқ афтод.

Бахташ баландӣ кард. Дар аввал ӯро ҳамчун навбатдор ба кор гирифтанд. Дар амал ӯ фаррошӣ мекард, чой мекашонд, коғаз меовард. Овози ғафси марғуладораш ба зудӣ ошкор гашт. Аввал ба вай матни санҷиширо дар назди микрофон бовар карданд. Ӯро пас аз ду моҳ ба кори дикторӣ гузаронданд, аммо ҳамчун коромӯз. Ин моҳи январи соли 1932 буд. Акнун Левитан болои нуқси забонӣ, тарзи талаффуз кор мебурд.

 

Тасодуф

Моҳи январи соли 1934 Иосиф Виссарионович Сталин Котиби генералии КМ КПСС болои суханронии хеш барои съезди XVII ВКП (б) кор мекард. Шабҳангом ба воситаи радио транслятсияи техникӣ мерафт. Диктор мазмуни сармақолаи шумораи навбатиро аз рӯзномаи «Правда» барои мақолаҳои пагоҳирӯзии нашрияҳои минтақавӣ дикта мекард.

Диққати Сталинро овози ғафсу марғуладори диктор ҷалб кард. Гап танҳо дар бораи садои баланди ӯ намеравад, қабл аз ҳама лаҳн (илҳон)-и форами Левитан касро ба худ ҷалб менамуд. Сталин ҳамон лаҳза ба Раиси Кумитаи радио занг зада фармон дод, ки маърузаи ӯро аз анҷумани навбатӣ тавассути радио маҳз Левитан қироат кунад.

Дар зарфи 5 соати хондани маърӯзаи Сталин, ки айнан ҳамин миқдор вақтро фаро гирифт, Левитан ягон маротиба саҳв накард. Ҳамин хел ӯ дар 17-солагӣ «диктори асосии радиои СССР» гардид. Ва рӯзгори Левитан ба маҷрои нав равон шуд.

 

«Азизи Сталин»

Акнун Левитан садчанд тамрин мекард. Бодиққат, то 10 соат дар як рӯз таҳти роҳбарии ситораҳои МХАТ Нина Литовсева ва Василий Качалов ҳусни калом меомӯхт. Барои бурроии нутқ ва бенуқс то дили шаб мекӯшид. «Вставал на руки и декламировал тексты, которые клал перед ним на пол кто-то из товарищей».

Аз ин пас Юрий Борисович Левитан «азизи Сталин», диктори писандидаи доҳӣ гашт. Вохӯрии нахустини онҳо пеш аз суханронии Сталин дар радио, дар 3 июли соли 1941 ба вуқуъ пайваст. Қабл аз вохӯрӣ Берия ва Власик ба ӯ дастур доданд: «Ба ҳамаи саволҳои рафиқ Сталин танҳо «ҳа» ё «не» гӯяд, дар бораи ягон чизе напурсад!». Онҳо ҳатто либоси дикторро палмосиданд.

Баробари дидани Левитан доҳӣ гуфт: «Ана шумо чӣ хел будаед? Ман шуморо ҳамин хел тасаввур мекардам».

 

Манзил

Солҳои аввали корӣ Левитан дар Москва хона надошт. Ӯ дар кулбачаи назди ҳуҷраи мусиқии Кумитаи Радио зиндагӣ мекард. Бо сару либоси одӣ, попӯши варзишӣ ва майкаи рах-рахдор мегашт.

Пас аз он ки ӯ маҳбуб (фаворит)-и Сталин гашт, ба Левитан дар хонаи коммуналӣ як ҳуҷраи 30 метра, дар наздикии Кремл ҷудо карданд. Соли 1935 модар ва хоҳараш Ирмаро ба хонааш овард. Соли 1938 бо донишҷӯи факултаи забонҳои хориҷӣ издивоҷ кард. Дар охири ҷанг ба Левитан хонаи алоҳида доданд.

Левитан дар Москва аз соли 1945  то 1969  дар кӯчаи  Горкий, бинои 8, аз соли 1969 то 1972 дар паскӯчаи  Воротников, бинои 2/11 ва аз соли 1972 то 1983 дар кӯчаи Медведев, бинои 12/6 мезист.

 

Солҳои ҶБВ

То ҳуҷуми Германияи фашистӣ ба СССР (1939-1941), то замони Ҷанги дуюми ҷаҳон Ҷанги Бузурги Ватанӣ шудан Левитан баробар бо хабарҳои советӣ мунтазам аз маълумоти зафаровари дастгоҳи геббелси, аз пирӯзиҳои Вермахт дар Аврупои Ғарбӣ ва Африқои Шимолӣ хабар пахш мекард. Ҳатто 22 июни соли 1941, рӯзи ҳамлаи немисҳо, то 15 дақиқаи қабл аз суханронии Молотов дар бораи оғози ҷанг, Левитан хабари маркази иттилоотии Германияро оид ба зафари Эрвин Роммел дар Африқои шимолӣ қироат карда буд…

Хабари баъдӣ дар хусуси иҷрои нақшаи истеҳсолии шахтёрони Донбасс буд. Пас аз он Раиси Ҳукумати Советӣ Молотов нутқ-суханрониашро дар бораи ҳуҷуми Германия ба СССР-ро хонд.

Бо гузашти 45 дақиқа дар эфир нахустин хабарҳои ҷангӣ бо унвони «Хабарҳои охирин» аз забони Левитан пахш гардид. Дар ин овон ӯ 26 сол дошт.

Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ахбори «Совинформбюро» ва фармонҳои Сарфармондеҳи Олӣ И.В. Сталинро маҳз Левитан қироат мекард.

«Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ овози Юрий Левитан гоҳо андак паст ва маҳзунона, аммо ба ҳар навъ қотеона ва умедбахш чуноне садо медод, ки аз он оҳанг бӯи ғалаба меомад. Садои хурсандибахши ӯ ҳангоми навид аз салюти нахустин ба шарафи зафари сарбозони мо дар подомани Белгород ва Орёл дар он рӯзҳо гӯё аз ғалабаи қарибулвуқуъи мо бар фашизми Германия дарак медод…» (Георгий Береговой, лётчик – кайҳоннаварди СССР, ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ).

 

250 ҳазор рейхсмарка…

Табиист, ки Гитлер барои сари диктори оташинсухани советӣ Юрий Левитан дар ҳаҷми 250 ҳазор рейхсмарка мукофот эълон карда буд. Барои маҳв намудани ӯ ҳатто дар СС қисми махсус созмон ёфт.

Аммо, немисҳо ягон акси дикторро дар ихтиёр надоштанд. Ҳатто миллионҳо шаҳрвандони советӣ танҳо овози ӯро шунидаву худашро надида буданд. Разведкаи советӣ оид ба андоми диктор махсус хабарҳои бардурӯғ паҳн мекарданд.

Моҳи августи соли 1941, ҳангоме ки немисҳо ба Москва наздик шуданд, дар наздикиҳои пойтахт тамоми манораҳои радиоиро канданд…

Дар ин мавридҳо Гитлер аллакай барои гузарондани парад дар Майдони Сурх омодагӣ мегирифт. Натсистон ҳатто сари вақт даъватнома чоп карда буданд. Дар сари фюрер (унвони сардори натсионал-сотсиалистҳо) идеяи иезуитӣ дар бораи хондани хабари мағлубияти Москва аз тарафи Левитан пухта буд. Фашистон барои қапидани Левитан мукофотро зиёд карданд (дар сурати зинда дастгир кардани диктор). Аммо ин мақсади Гитлер амалӣ нагашт.

 

Эвакуатсия

Тирамоҳи соли 1941 Левитанро ҳамроҳ бо О.С. Висотский ба Свердловск (ҳоло Екатеринбург) эвакуатсия (тахлия) карданд. Студияи радиоӣ дар Урал, дар таҳхонаи иморати шахсӣ, дар маркази шаҳр мавқеъ гирифт. Левитан бошад дар наздикӣ, дар як барак дар шароити бағоят махфӣ мезист.

Хабар барои радио тавассути телефон мерасид, ба стансияҳои радиоӣ сигнал (бонг) ретранслятсия мешуд, ки онро душман запеленговат карда наметавонист. Левитан он рӯзҳо ҳамчунон ба ҷуз корҳои асосӣ дар эфир, ба филмҳои ҳуҷҷатие, ки дар студия омода мегашт, овоз медод.

 

Фаъолияти баъдиҷангӣ

Баъди пирӯзиҳои паёпай дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Юрий Борисович Левитан соли 1943 ба Москва баргашт. Ӯ акнун изҳороти Ҳукумати Советиро мехонд, аз Майдони Сурх ва Қасри Советҳои Москва репортаж мебурд. Дар филмҳо овоз медод.

Моҳи марти соли 1953 ӯро рост омад, ки сокинони СССР ва хориҷаро аз марги генералиссимус Иосиф Виссарионович Сталин хабар диҳад.

12 апрели соли 1961 диктори оташинсухан аз дастоварди навбатии СССР ба оламиён навид расонд. Ӯ ба воситаи радио хабари ТАСС-ро дар хусуси парвози Юрий Гагарин дар киштии кайҳонии «Восток» қироат намуд.

Левитан солҳои 1965-1983 матни барномаи телевизионии «Минута молчания» («Лаҳзаи хомӯшӣ»)-ро мехонд. Ҳамзамон дар радиои умумииттифоқ барномаи «Говорят и пишут ветераны»-ро мебурд.

 

Пора аз номаи сарбоз ба Левитан:

«Рафиқ диктор! Мо боз як шаҳрро фатҳ кардем. Мо ба Ғарб, ба лонаи душман равонаем. Шумо овозатонро эҳтиёт кунед. Ба шумо кор зиёд мешавад…».

 

Ҳаёти оилавӣ

Ягона завҷааш Раиса (1938-1949) буд. Кори рӯзмара ба рӯзгории шахсиаш вақт намонд. Қабл аз ҷанг Юрий ба Раисаи соҳибҷамол, донишҷӯи факултаи забонҳои хориҷӣ хонадор шуд. Соли 1940 духтараш Наталя ба дунё омад. Чанд сол пас Раиса «Ту на ба ман, балки ба радио хонадор шудаӣ», гӯён диктори оламшумулро тарк гуфт ва думи як афсари академияи ҳарбиро гирифт.

Наталя бо падараш монд. Дар хонаи сеҳуҷрадор, дар бинои «генералҳо» Левитан бо духтару хушдоманаш зиндагӣ мекард.

Ӯ бе карру фар умр мезист. Барои вай китобҳояш, аксҳо бо духтараш, набера ва дӯстонаш – Гагарин, Бернес, Качалов ва қуттии мактубҳои ҷанговарон азизу муътабар буданд.

Левитан аз хона то ҷойи кораш ним соат пиёда мерафту меомад. Ӯро ҳамоно дар кӯча касе намешинохт.

Духтараш Наталя Сударикова (1940-2006) соли 2006 аз дасти писари худаш Борис (1970-2013) дар хонааш кушта шуд. Борисро номукаллаф (невменяемый) хонда, бо ташхиси бемории шизофрения ба табобати маҷбурӣ фиристоданд. Пас аз 6 соли табобат гирифтан дар клиникаи махсусгардонидашуда рухсат шуд. 19 апрели соли 2013 мурдаашро дар Серебряний Бор дарёфтанд.

Алҳол аз хонаводаи Левитан ягона аберааш Артур Борисович Левитан (Судариков), программист, дизайнер, барандаи телевизион дар Москва умр ба сар дорад.

 

Мукофоту унвонҳо

Юрий Борисович Левитан бо унвони Артисти халқии СССР (1980), ордени Револютсияи Октябр (1974), унвони Артисти халқи РСФСР (1973), ордени «Нишони фахрӣ» (1964), унвони Артисти шоистаи РСФСР (1959), ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (30.4.1944) ва медалҳо қадр шудааст…

Имрӯз низ садои ғафсу марғуладор ва дилнишини Левитанро ҳангоми тамошои филмҳои ҳунарии истеҳсоли киностудияҳои СССР, Россия ва ҷумҳуриҳои бародарӣ шунидан мумкин аст…

 

Умари ШЕРХОН

 

  1. PS. Баъди 15 соли Ғалаба дар ҶБВ кормандони Радиои СССР аз Юрий Борисович Левитан хоҳиш намуданд, то вай маълумоти Совинформбюроро дар давраи ҷанг аз нав сабт намоянд, зеро оригинал (асл)-и он хабарҳо маҳфуз монда.

Левитан дарҳол розӣ шуда пайи иҷрои чунин як кори азим кӯшид. Аммо вай на бо тарзи механикӣ, балки хабару воқеаҳоро бо вуҷуди хеш мегузаронд, ки он ҳама ба саломатии диктор бе асар намонд…

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube