САФАРДИДАИ ТОШКАНДӢ

Бо супориши редаксия тасмим гирифтам дар 4 рӯзи истироҳат дар кишвар, ки ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуда буд, ба шаҳрҳои Тошканду Самарқанди кишвари ҳамсоя – Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намоям. Яке аз мақсадҳои сафар ин ташхису муоинаи тиббӣ буду ҳадафи дигар боздид аз маҷмааҳои муосиру ёдгориҳои таърихии ин кишвар. Охирин маротиба ба ш.Тошканд моҳи январи соли 2023 сафар доштам ва он замон ин кишвар ба буҳрони энергетикӣ дучор шуда, имкон набуд, ки ба қавле хуб чарх занам. Ин маротиб қасди сафари гузаштаро гирифтам. Мо метавонем!

 

Забон донӣ?

27.06.2024. Соат бо вақти Тошканд 05:12 дақиқа. Пас аз таъхири 4 соатаи парвози ширкати «Сомон эйр» дар самти Душанбе – Тошканд фуруд омада, аз марзи кишвар оромона гузаштем. Марзбонони ӯзбек усулан бо ҳар мусофир бо забони ӯзбекӣ ҳарф мезаданд ва вақте хоҳиш намудем, ки бори дигар бо забони русӣ суолашонро такрор кунанд, таъкид карданд, ки «Учите узбекский язык!». Он чизе, ки дақиқан зимни убури марзи Гурҷистон моҳе пеш дида будам: сарҳадбонони гурҷӣ низ аз мо тақозо менамуданд, ки забони гурҷӣ ё англисиро омӯзему пасон ба Гурҷистон биёем.

Ба сарҳадбони ӯзбек гуфтам, ки мо меҳмонему турист, лозим нест, ки забони шуморо омӯхта пасон ба Ӯзбкистон биёем, вале марзбон хеле ҷиддиву бо дағалӣ гуфт, ки аз ин пас забони ӯзбекиро омӯхта ба кишвар биёем…

Гуфтам ба чашму ба ёдам марзбонони тоҷик омаданд, шояд аз ин пас онҳо низ амсоли ҳамкорони худ дар Гурҷистону Ӯзбекистон аз меҳмонону сайёҳон талаб кунанд, ки забони тоҷикиро омӯзанд. Чаро не!?

 

Шукронаи таксиҳои Душанбе

Мушкили дигаре, ки мо дар шаҳрҳои Тошканду Самарқанд дучор шудем, ин камбуди таксиҳо буд. Таксӣ бисёр аст, вале шумо агар мусофиру меҳмонед, наметавонед онро баҳузур дар кӯча манъ кунеду савор шавед. Тамомии таксиҳои Ӯзбкистон бо барномаи Якндекс таксӣ кор мекунанду танҳо аз рӯи даъвати барномаи дар телефонҳои мобилӣ барчаспшуда фаъолият доранд. Шояд ин тақозои замон бошад, шумо таксиро ба воситаи барнома фармоиш медиҳеду тамғаву рақами мошин, ному насаби ронанда, рақами телефон ва арзиши хатсайр дарҳол маълум мешавад. Аммо таксиҳои ӯзбекӣ гуногунанд, шумо ҳама ранг таксиро мебинед ба ҷуз рангзарду сабзранг. Таксиҳо «шашка» ҳам надоранд ва соатҳо дар кӯча истед ҳам, мошине пешатон манъ намекунад.

Аз ин лиҳоз ҳар вақте ба Ӯзбекистон сафар кардед, ҳатман аввал симкорти телефонӣ, пасон барномаи Яндекс таксиро часп кунед, то дар кӯча намонед.

Мо, ки ин барномаро надоштем чандин маротиба дар кӯча мондаву гоҳо аз раҳгузарон хоҳиш менамудем, ки бароямон таксӣ фармоиш диҳанд. Шукронаи таксиҳои Душанбе, ки ҳар сари қадам ҳастанду метавон бемалол интихоб кард.

Ман миллионерам!

Проблемаи дигар барои мо пул шуд. Бале, пули миллии Ӯзбекистон, ки сӯм асту айни замон 100 доллари ИМА баробари 1 250 000 сӯм – 1200 сомонии мо. Ман дар тайи 4 рӯз миллионер будаму аз ин фахр мекардам!

Чизи дигаре, ки ба ман хуш омад ин терминалҳои саррофии бонкӣ буданд, ки хеле зиёд ба чашм мерасанд. Шумо барои ивази асъор метавонед дунболи бонк нагардед, дар банкоматҳои шаҳрӣ метавонед долларро ба пули ӯзбекӣ ё ин ки сӯмро ба рубли русӣ иваз намоед – хеле осон ва қулай! Ин банкоматҳо нақши ҳамон саррофиҳои замоне хеле бисёри Душанберо ба ёд меоранд, аммо муосиртар ва зуд, бидуни миёнарав. Шумо пул, масалан 100 доллари амрикоиро ба қуттии махсус мегузореду барномаро насб мекунед, доллар меравад ва ба ҷояш пули ӯзбекӣ мебарояд, албатта аз рӯи курси бонки миллии ин кишвар.

Хуб мешуд агар Бонки миллии Тоҷикистон сари ин масъала меандешид, зеро аксари бонкҳои мо то соати 17 кор мекунанду рӯзҳои шанбе ва якшанбе истироҳат доранд.

«Хуш омадед»-и ӯзбекӣ

Назар ба сарҳадбонони ӯзбек масъулони меҳмонхонаҳои ш.Тошканд хеле меҳрабон ва хушмуомила буданд. Ман хушҳол аз он шудам, ки бархе забони тоҷикиро медонанд, инҳо асосан зодагони шаҳрҳои Самарқанду Бухороанд.

Мо меҳмонхонаи «Прага отель»-ро интихоб кардем ва пушаймон нашудем, зеро ба ғайр аз ҳуҷраҳои орому тозаву тамиз ва субҳонаи хушмазза, дар даромадгоҳи меҳмонхона ба меҳмонон ширинӣ, мева, чою қаҳва ва лимонад ба таври шабонарӯзӣ 24 соат ройгон пешкаш мегардад. Дар аксари меҳмонхонаҳо чунин «Хуш омадед!» ҳаст. Таҷрибае, ки меҳмонхонаҳои Тоҷикистон метавонанд истифода кунанд.

 

Тошканд – тиҷорат руш мекунад!

Пас аз ба сари қудрат омадани президенти кунунии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бизнес – тиҷорат дар ин кишвар хеле рушд кардааст. Марказҳои савдои беҳисоб, брендҳои ҷаҳонӣ, марказҳои муосири тиббиву илмӣ, ресторанҳои бошукӯҳ бозгӯи ин гуфтаҳоянд. Тошкандиҳо мегӯянд, ки замони роҳбарии Ислом Каримов мамлакат маҳкам буду роҳ ёфтан ба соҳаи тиҷорати Ӯзбекистон аз берун мушкил буд. Аммо Шавкат Мирзиёев дарҳои кишварашро ба ҷаҳон боз намуд ва имрӯз машҳуртарин хонаҳои тиҷорату мӯд марказҳои худро дар Ӯзбекистон доранд. Дисней – ленди калонтарин дар Осиёи Марказӣ низ дар ш.Тошканд ҷойгир буда, маркази тафреҳӣ барои кӯдакон аст, вале мо ба онҷо надаромадем, фикри мо дар маркази калони савдо буд.

«Тоҷикҳооо!!!»

27.06.2024. Соат бо вақти Тошканд 16:19 дақиқа. Мутаассифона, мардуми ш.Тошканд, хосса мақомдорон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло ҳам бо ҳарос менигаранду муомилаи сард доранд. Алалхусус чунин рафторрро мо дар маҷмааи нави савдои «Тошканд сити молл» дидем. Зимни даромад ба маркази муҳташами савдо моро 2 маротиба тафтиш карданд, пасон чун диданд русӣ ҳарф мезанему забони ӯзбекиро намедонем, пурсиданд аз куҷоем. Вақте гуфтем аз Тоҷикистон чанд нафар сӯямон омад «Оҳ тоҷикҳооо!!!» гуфтанд онҳову сар шуд тафтиши сумкаву паспорт. Ҳатто 2 нафар афсар бо автомат ҳам омада, наздамон истоданд…

Ин аст таъсири ҳамон террори Крокус сити холли Маскав, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон низ даст доштанду бо ин амалашон ба имиҷи давлату миллат латма заданду мо шаҳрвандони дигар натиҷаи аъмоли кардаи онҳоро солҳои зиёд мечашем. Ин гуна рафторро дида, тарсидам, ки зимни бозгашт аз марзи 2 кишвар чи гуна мегузашта бошам???

 

Маркази тиббии яҳудӣ

Яке аз мақсадҳои сафари ман ин муоинаи пизишкӣ буд, ки ман 2 рӯзи аввали сафарамро бо машварату маслиҳати духтурони ӯзбек, аммо дар асл яҳудӣ гузарондам. Клиникаҳои муосиртарин ва бузургтарини ш.Тошканд ва на танҳо Тошканд ба яҳудиён, хосса яҳудиёни бухороӣ дахл доранд. Ман инҷо номи ягон маркази тиббиро намегирам, зеро намехоҳам таблиғ шавад, вале бовар кунед, дар ин гуна клиникаҳо бемор воқеан роҳат мекунад. То холӣ шудани духтур, ки ба қабулаш номнавис шудаед, ҳатман чою ширинӣ ва қаҳва пешниҳод шуда, бароятон утоқи алоҳида ҷудо мекунанд, ки дар дохилаш тамомии имконот ҳаст. Ба ташхис ва муоина либоси махсус пӯшонда мебаранду агар муоина тӯл кашид хӯроки нисфирӯзӣ ҳам дода мешавад. Албатта, барои ин гуна шароит пули хуберо ҳам аз бемор мегиранд. Масалан, танҳо муоинаи 2 рӯзаи ман дар яке аз клиникаҳои ш.Тошканд 280 доллари ИМА-ро дар бар гирифт.

Зимни аз 1 марказ ба маркази дигари тиббӣ рафтан, шаҳрвандони зиёди тоҷикро ҳам дидам, ки дунболи ташхиси бемориҳои вазнин, амсоли саратону қалбу ҷигару гурда ва маъюбияти атфол барои муоинаву табобат омадаанд. Табибон мегӯянд, ки сафи муроҷиаткунандагони тоҷик ба марказҳои тибби ӯзбекӣ солҳои ахир хеле афзудааст.

 

Самарқанд – маркази тамаддуни Осиё

29.06.2024. Соат бо вақти Тошканд 07:00 дақиқа. Чун дидем кори асосиро дар 2 рӯз ба итмом расонидем, тасмим гирифтем рӯзи охирро ба Самарқанд бахшем. Фурқат – ака ронандаи таксӣ, ки киро кардем, субҳи зуд ба назди меҳмонхона ҳозир шуд. Яндекс такси рафтуомади моро ба Самарқанд 200 доллари ИМА ҳисоб кард, аммо ронанда розӣ шуд бо 150 доллари амрикоӣ моро ҳам бурда биёрад ва ҳам ҷойҳои таърихиро нишон диҳад. Мо розӣ шудему ба роҳ баромадем. Пули 4 нафарро дода, 2 нафар баҳузур рафта омадем. Роҳ аз ш.Тошканд то ш. Самарқанд 4 соатро ташкил намуд.

29.06.2024.  Соат бо вақти Самарқанд 11:00 дақиқа. Нахуст ба ёдгории Шоҳи зинда даромадем. Хушбахтона дар Самарқанд ҳама бо забони тоҷикӣ суҳбат мекунанду роҳбалад аз 2 нафар 80 000 сӯм – пули чипта гирифта, роҳро кушод. Шоҳи зинда, ки ба феҳристи ёдгориҳои ЮНЕСКО шомил аст, макони қабрҳои занону хоҳарони Амир Темур ва Кусам ибни Аббос, писарамаки ҳазрати Муҳаммад (с.) аст. Дар ин ёдгорӣ ҳамон зинаҳои машҳуранд, ки агар шахс ба боло барояд 36 зина ва агар ба поён фарояд 33 зинаро бояд ташкил намояд. Мо имтиҳон кардем – 35 зина баромадему расо 35 зина фаромадем, вале чанд нафар пас аз мо 1 самтро 40 зина ҳисоб карданд. Ин ҳам аҷоиботи олам аст!

Болотар аз маҷмааи Шоҳи зинда қабр ва мақбараи Ислом Каримов, президенти собиқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон воқеъ асту мардуми зиёд аз шаҳру наворҳии мамлакати мо (!!!) ба зиёрат ва хондани дуо ба инҷо меоянд. Вале мо ростӣ, ба он тараф нарафтем…

29.06.2024.  Соат бо вақти Самарқанд 13:00 дақиқа. Ба маҷмааи Регистон омадем, чиптаи даромад 65 000 сӯм будааст. Дар ин вақти рӯз дар Регстон қариб, ки касеро намебинед, мардуми Самарқанд чиллаба набароед гуфта, аз хона танҳо шому шаб мебароянд. Чун вақти мо камтар буд, маҷбур дар гармии рӯз Регистонро сайр кардем. Дар шафати Регистон муҷассамаи Ислом Каримов қомат афрохтаасту хоҳу нохоҳ меҳмон аз паҳлӯи ин муҷассама мегузарад. Мардуми зиёд, ки маълум аз Тоҷикистон низ буданд, ба муҷассамаи Ислом Каримов наздик шуда мебӯсиданду дар наздаш акс ва ҳатто гиряҳо мекарданд, вале мо роҳро дигар карда, майдони Регистонро дур ҳам бошад, аз тарафи дигар убур кардем…

«Ҷони ош»

Ба ш. Самарқанд омадаву оши самарқандӣ нахурдан ба қавле гуноҳ аст. 1 соат вақти мо барои ҷустуҷӯи ошхонаи сирф мардумӣ гузашт, шумораи тарабхонаҳои муосир хеле зиёд шудааст, вале мардуми Самарқанд мегӯянд, ки оши воқеиро бояд дар маҳалла хӯрд. Ошхонаи миллиро бо номи «Ҷони ош» пайдо кардему даромадем. Ош фармоиш дода нишастем, рӯи миз ба ғайр пиёлаву истакон, боз қанди печаку набот ва шарбат гузошта шуда буд, ки пазироӣ ҳисоб мешуд. Ошро бо 3 намуд салат оварданд, ки воқеан бомазза буд. Бачаҳо вақте фаҳмиданд меҳмон аз Тоҷикистон ҳастем, 1 табақ мева ҳам гузоштанд. Гуфтанд, ки дар ш.Душанбе низ ошхона – намояндагии худро ифтитоҳ кардаанд, ки «Ҷони ош» ном дорад, лек ман ҳанӯз онро надида будам. Ваъда додам, ки ҳатман пас аз бозгашт барои оши самарқандӣ хурдан ба «Ҷони ош»-и душанбегӣ хоҳам рафт! Табақи ош хеле зу пурра ва аз он ҳам зудтарак холӣ шуд!

 

Салом, Тоҷикистонам!

30.06.2024. Соат бо вақти ш.Тошканд 10:00 дақиқа. Фурқат – ака, ронандае, ки боз кирояш кардем, барои бурданамон то марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон ба меҳмонхона омад. Боз ба ҷои 4 нафар – 1 экипаж 500 000 сӯм дода, сӯи гузаргоҳи Ойбек роҳ пеш гирифтем. Аз ш.Тошканд то марзи Тоҷикистон – Фотеҳободи Мастчоҳ 1 соату 45 дақиқа роҳ аст.

Мо фикр кардем, ки пас аз террори Крокус сити холл ва муносибати қудратиҳо дар Тошканд сити молл гузаштан аз марзи 2 кишвар, хосса аз тарафи Ҷумҳурии Ӯзбекистон хеле душвор мешавад, мардум зиёд дар бораи тафтишот дар сарҳад мегуфтанд, аммо ғайричашмдошт марзбонони заминии ӯзбек хеле хушмуомила буданд, шояд сару либос ва забони русии мо кор дод, ки суратро бисёртар монед

марзро хеле зуд гузашта, ба тарафи Тоҷикистони азиз гузаштем.

Салом Тоҷикистонам!

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР,

Душанбе – Тошканд – Самарқанд – Душанбе

 

 

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube