САРГУЗАШТИ ШАКАРМАМАДИ САРГАРДОН ДАР ҶТ

(Ба ҷои фелетон)

«Чои шакар асал хӯред!». Ба назар мерасад, ки бепарвоии кулл дар самти истеҳсоли шакар, ахиран бо ҳамин иддаои пайғамбаронаи Вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ хатм мешавад. Зеро новобаста ба 2 соли «ҳарбу зарб бо СССР вазири саноати кишвар муҳтарам Шералӣ Кабир пофишорона бар 1 фикр аст, ки «Дар Тоҷикистон истеҳсоли шакар имкон надорад!».

Баҳси СССР бо Вазорати саноат дар ҳоле давомдор шуд, ки мо нагуфтем, Тоҷикистон БОЯД 141,5 ҳазор тонна шакар (талаботи дохилӣ) барорад. Мо, просто, пешниҳод кардем, чанд мини-сех кушоянд, то дар сурати лозима, ин сехҳо нархи маҳсулоти №3-19 (феҳристи маҳсулоти ниёзи аввалия)-ро контрол кунанд.

Мо, албатта, авлиё нестем, вале мо дидем, ки баробари шуруъи ҷанг миёни Украина ва Россия шакар дар кишвари ахирӣ дефитсит шуд ва қариб ба «инқилоби ширин» меовард…

 

Россия экспортёри №1

Ҳукумати ФР тасмим гирифт, экспорти шакарро ба таври назаррас коҳиш диҳад! Фарзи мисол, комиссияи гумрук ва савдои хориҷии ФР қарор кард, содироти шакар ба хориҷа то 31.08.2024 қатъ карда шавад! Хотиррас мешавем, «тақвими шакарӣ», яъне мавсими фурӯши шакар дар Россия, 1 август сар мешавад ва «шакарбум» ё худ авҷи фурӯши он ба хориҷа то 31 август давом мекунад. Ба забони дигар, метавон гуфт, Россия ба мо дигар шакар нахоҳад дод!

Дуруст аст, ки масъулини амнияти озуқавории мо, ҳатман баҳона пеш хоҳанд овард, ки Россия ягона кишвари содиркунанди шакар нест. Ва дуруст ҳам мегӯянд. Зеро ба Тоҷикистон ин кишварҳо дар баробари Россия шакар медароранд:

– Покистон-28%

– Ҳиндустон-26%

– Белорус-12%

– Эрон-1%

67% шакарро ҳамин 4 кишвар ворид мекунанд. Чизе миёни -1% ба дигар кишварҳо рост меояд. Вале 32%, ё худ ҳар 3,5 кг шакар маҳз аз Россия ба Тоҷикистон медарояд!!! Яъне дар сурати басташавии фурӯши шакар ба Тоҷикистон нархи ин маҳсулот ба таври бесобиқа боло хоҳад рафт.

 

Илоҷи воқеа қабл аз вуқуъ … нашуд

Мутаассуф, фарзияҳои газетаи мардумиро горе-чиновникҳои мо ва вазирони хеле донишмандамон ба эътибор намегиранд, ки намегиранд. Мегирифтанд агар, мо роҷеъ ба мушкилоти барзиёд гӯшрас кардаем, ки мутаассуф нашниданд:

– Мушкили душаҳрвандӣ ва сипас ба ҷангҳои дохилӣ кашидашавии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия. Мутаассуф, Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ё ин бонги моро нашнид ва ё бовар накард.

– Мушкили ихроҷи мардикорон дар сурати шадидшавии вазъ дар Россия. Мо ба вазорати меҳнат ва муҳоҷират гӯшзад кардем, ки БОЯД ақаллан барои 200-300 ҳазор нафар дар дигар кишварҳои дунё ҷои кор ёбанд. Зеро рӯзе мерасад, ки қартаи муҳоҷири меҳнатӣ аз сӯи Кремл, ки корфармои №1 гаштааст, бозтоб мегардад. Касе инро нашунид.

– Моҳи феврали соли 2022 мо навиштем. Россия ҳатман охири моҳи феврал ба Украина медарояд! Касе бовар накард…

– Муқаддамтар аз ин, марти соли 2014 мо навиштем, вазъ дар Донбасу Днепр печида мегардад. Гӯшамон накарданд!

– Гуфтему боз мегӯем, бархе аз нуқоти қонун дар бораи Танзим зидди расму оинҳои ориёии тоҷикист. Бовар намекунанд!

– Чандин сол аст, ки перомуни бунёди заводи коркарди нафт, на нефтобазаҳо, мо бонги изтироб мезанем. Гӯиё чизе дар МОИ Данғара карданиянд ва ҳатто ваъда доданд, ки соли 2023 он ба кор медарояд, вале мушкил боқист ва Худо медонад кай ҳаллу фасл мешавад.

-Ва ахиран мо перомуни дефитсити шакар бонги изтироб задем ва коршиносону донишмандони Вазорати саноат ба мо «исбот карданд», ки «шолипаяро шаб гузаштаем» ва Тоҷикистон набояд шакар истеҳсол намояд.

 

Ташаббус ҳаст, вале…

09.01.2024. Соат ба вақти СССР 10:53 дақиқа. Ҷамолиддин Раҳмонов-директори ҶДММ «Жилспецстрой»-и н. Темурмалик меҳмони редаксияи мо шуда, иброз намуд, ки онҳо тасмим доранд, ба маблағи 48 млн доллари амрикоӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб 1 корхонаи истеҳсоли шакар бунёд кунанд. Баъдан ин маблағ то $96 млн гуфта шуд. Ва ин коргоҳ бояд дар 1 шабонарӯз 480-500 тонна шакар барорад. Барои ин дар Кӯлоб бояд истеҳсоли лаблабуи қандро роҳандозӣ кунанд. Коре, ки вазири саноат аслан намехост кунад, вале ин бачаҳо аз пеши худ карданӣ шуданд. Дар ҷамоати деҳоти Зиракӣ ва Даҳанаи н. Кӯлоб бояд кишти лаблабуи қанд роҳандозӣ шавад ва тамомии ҳосилро ин корхона мехарад. Зимнан нархи шакар бояд то 5-6 сомонӣ коҳиш ёбад. Аз сӯи дигар пасмондаи лаблабуи қанд барои фермаҳои чорводорӣ ғизои №1 мегардад. Дар зимн нархи гӯшту пӯст низ кам хоҳад шуд. Ибтикори Ҷамолиддин Раҳмоновро дар пресс-конфронси ахирияш раиси ш. Кӯлоб, Бахтиёр Назарзода низ ҷонибдорӣ ва таъкид карда буд, ки дар нияти бунёди чунин 1 корхона ҳастанд. Аммо, вале, лекин…

Вале дар мавриде, ки вазорати саноат ва шахсан вазири он зидди бунёди корхонаи шакар аст, гумон, ки ин идеяи ноб ва саривақтӣ ҷомаи амал пӯшад. Зеро тавре мегӯянд, «Об аз боло лой!» …

 

Шакаршикан шаванд ҳама тӯтиёни мо…

Ҳоло бошад, нархи шакар дар осмони 7-ум дакка мехӯрад ва мутмаин бошед, баъди оне, ки Россия экспортёри усулии ин навъи маҳсулот, ба Тоҷикистон интиқоли онро манъ кунад, қимати шакар, чун нархи билети самолётҳои «Сомон-эйр», боз ҳам болотар меҷаҳад.

Хотиррас мешавем, дар соли 2023 нархи 1 тонна шакари воридотӣ 669 долларро таъсис дод, ки дар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 беш аз 61 доллар гарон аст. Имсол, чанд мешавад? Сабр кунед мебинед. Мо сабурем-ку?!

Шакарфурӯшони бузурги ватанӣ инҳоянд:

– ҶШК «Баруманд» -22%

– Агентии захоири давлатӣ-12,4%

– ҶШП «Оби Зулол» -10,8%

– ҶШК «Абубакри Дилшод» -18,3%

– Фабрикаи қаннодии «Амирӣ» -7%

Боқӣ маҳсулотро беш аз 43 фурӯшандаи умдаву чаканаи дигар медароранд.

Мо намедонем ва донем ҳам намегӯем, паси ин шакарфурӯшон кӣ меистад?! Вале дақиқан медонем, ки ин воридкунандагони дохиливатании шакар дар 2 дунё манфиатдор нестанд, ки дар худи Тоҷикистон истеҳсоли шакар ба роҳ монда шавад.

Ба ҳар ҳол, то лаблабуи қанд коштану корхонаи истеҳсоли шакарро ба роҳ мондан, хоҳем нахоҳем ба … асал мегузарем. Зеро соли 2025 нархи он воқеан ҳам асалин хоҳад гашт.

Эхххх! Ҳофизи Шерозӣ низ шояд аз набуди кишти лаблабу дар Шероз ба танг омада навишта будӣ:

Шаккаршикан шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд,

З-ин қанди порсӣ, ки ба Банғола меравад…

Мавзуъро, то ҳаллу фасл шуданаш, пайгир мемонем. Мо метавонем!

М. Мубориз

СССР

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube