Сарлашкари Советӣ ГЕНЕРАЛ ПЕРЕВЁРТКИН бобои сафири Россия

РЕМАРК

Мақолаи нахустини банда дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ва диловарони он, соли 1983 аз рӯзгори сантехник Азим Равшанов, парвардаи сағирахонаи Балҷувон ва хонаи бачагони ноҳияи Кангурт оғоз гардида, ки он матлаб бо ёрии ҳамсабақам  Абдуғаффори Убайдулло дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба табъ расида буд…

Дар зарфи 40 сол бобати сарбозони матин – зафарёрон, сар аз аскари қаторӣ то генералу маршалҳо матолиби бисёре чоп кардаам, ки барнашумурдаам…

Рӯзи 30.10.2023, соати 11.00 сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Григорев Семён Вячеславович меҳмони идораи рӯзномаи мардумии «СССР» шуд. Ҳини вохӯрӣ сафир ошарф кард, ки бобои ӯ – Перевёрткин Семён Никифорович яке аз диловарони он корзор, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ аст. Чун иттифоқ уфтод, аз рӯзгори боби сафир ҷадал кардем.

 

Семён аз Воронеж

21 июли соли 1905 дар деҳаи Анна (ҳозира маркази ноҳияи Аннинск, вилояти Воронеж), дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Миллаташ рус. Синфи 5-ро дар деҳаи Грязи, мактаби ибтидоии тобеи калисо (1916), мактаби роҳиоҳанчиён (1918) ва мактаби советӣ – партиявии уездии Воронежро соли 1921 хатм кард.

Соли 1918 падар (роҳиоҳанчӣ) ва апаи 17 – солаашро дар қатори 23 коргарони роҳи оҳан дар станитса (деҳаи казакҳо)-и Таловая казакҳо – гвардиячиёни сафед парронданд…

Ҳамон сол Семён узви комсомоли ленинӣ ва ҳамчун котиби ячейкаи комсомолии деҳаи Таловая ба фаъолият пардохт. Соли 1919 инструктори комитети округи комсомоли Морозови губернияи Воронеж интихоб шуд.

Семён Перевёрткин аз соли 1920 мудири шуъбаи иқтисодӣ-ҳуқуқӣ дар Морозов, ҳамзамон солҳои 1920-1921 дар ҳайати отряди комсомолии вазифааш махсуси назди ЧК-и губернияи Воронеж, дар амалиётҳои ҷангӣ бар зидди ошӯбгарон ва дастаҳои ғоратгарони наздикии станитсаҳои Таловая ва Морозов иштирок намуд. Узви ВКП (б) аз соли 1921.

 

АРМИЯИ СУРХ

Семён аз моҳи апрели соли 1921 ҳаёти хешро бо Армияи Сурх, ки коргару деҳқон пайваст. Аввал дар баталёни вазифааш махсуси коммунистӣ дар Воронеж хизмат мекард. Моҳи сентябри ҳамон сол ӯро ба хондан фиристоданд. Ӯ соли 1924 мактаби 17-уми қӯшуни пиёдаи ҳайати фармондеҳии Владикавказро хатм кард.

Командири взводи тирандоз ва командири взводи мактаби полкии полки тирандози 56-уми дивизияи 19-уми тирандози округи ҳарбии Москва (дар Воронеж), аз соли 1926 командири взвод, командири курс, командир барои супориши назди сардори Мактаби ҳарбии муттаҳидаи ба номи ВЦИК-и Москва буд.

Мавсуф моҳи июни соли 1930 ҳамчун котиби сардори мусаллаҳкунонии РККА-и М.Н. Тухачевский ба кор омад. Аз феврали соли 1931 командири баталёни полки 47-уми тирандози округи ҳарбии Ленинград, июни ҳамон сол (состоять), яке аз маъмурон барои иҷрои супоришҳои муҳим дар Раёсати сардори мусаллаҳкунонии РККА маҳсуб меёфт. Моҳи сентябри соли 1934 ӯро барои идомаи таҳсил ба Академия фиристоданд. Баъди ҷорӣ шудани унвон (рутба)-ҳои ҳарбӣ дар РККА, дар соли 1935 ба Семён унвони ҳарбии капитан доданд.

Номбурда соли 1937 Академияи ҳарбии РККА ба номи М.В. Фрунзеро хатм кард ва қариб як сол вазифаи нав нагирифт. Ӯро танҳо моҳи июни соли 1938 ёрдамчии сардори штаби дивизияи 53-юми тирандози округи ҳарбии Приволжск (раёсати дивизия дар шаҳри Саратов) таъин намуданд.

Аз моҳи январи соли 1940 иштирокчии ҷанги СССР – Финляндия (1939-1940). Дар ҷабҳа командири баталёнҳои 39 ва 110-уми алоҳидаи лижаронии Саратов, дивизияи 173-юми мототирандозӣ буд. Пас аз адои амалиётҳои ҷангӣ моҳи апрел ба Саратов, ба вазифаи пешинааш баргашт.

Семён Никифорович моҳи июни соли 1940 муаллими кафедраи тактикаи умумии Академияи ҳарбии РККА ба номи М.В. Фрунзе таъин шуд. Моҳи марти соли 1941 ӯро ҳамчун сардори штаби дивизияи 220-уми моторикунондашудаи округи ҳарбии Орлов пазируфтанд.

 

ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Дар фронт аз моҳи июни соли 1941. Охири моҳи июн дивизияи онҳо ба фронти Ғарбӣ рафта, ба ҳайати армияи 19-ум пайваст ва дар ҳарбу зарби мудофиавии Смоленск иштирок намуд…

Охири моҳи сентябр ӯро ба Москва, барои идомаи таҳсил дар курсҳои назди Академияи штаби генералии РККА ба номи К.Е. Ворошилов бозхонданд. Аммо вай имконияти ҳамагӣ 12 рӯз хондан ёфту халос…

Пас аз оғози ҳамлаи генералии фашистони немис ба Москва, дар моҳи октябри соли 1941 Семён Перевёрткинро оҷилан ба фронт сафарбар намуданд. Вай ҳамчун муовини сардори шуъбаи оперативии штаби армияи 5-уми фронти Ғарбӣ ба хизмат пардохт. Феврали соли 1942 сардори ҳамин шуъба таъин гардид. Иштирокчии муҳориба барои Москва ва амалиёти ҳуҷумии Ржев –Вяземск дар соли 1942. Полковни (19.02.1942). 9 майи соли 1943 тасодуф захм бардошт (фалокат).

Пас аз табобат гирифтан Перевёрткинро моҳи июли соли 1943 командири дивизияи 207-уми тирандози армияи 5-уми фронти Ғарбӣ таъин намуданд. Дар ҳайати ин армия, дар амалиёти ҳуҷумии Смоленск хуб ҷангида, дар озодсозии Смоленск ширкат варзид. Сипас дар ҳайати фронти 2-юми Прибалтика, дар задухӯрди маҳдуди амалиётҳои ҳамлавӣ дар самти Витебск – Полотск бар зидди душман ҷангид…

 

РӮ БА БЕРЛИН

Сар аз моҳи майи соли 1944 то замони Ғалаба бар Германия С.Н. Перевёрткин командири корпуси 79-уми тирандози армияи 3-юми зарбазани фронти 2-юми Прибалтика хизмат кард. Ба симати фармондеҳи корпус дар амалиётҳои ҳамлавии Режитс – Двинск, Мадонск, стратегии Прибалтика (фронти Рига), Висла-Одер ва амалиётҳои ҳамлавии Померани Шарқӣ иштирок намуд.

Генерал-майор (29.07.1944), генерал-лейтенант (11.07.1945).

 

ШТУРМИ РЕЙХСТАГ

Фармондеҳи корпуси 79-уми тирандоз (армияи 3-юми зарбазани фронти 1-уми Белоруссия) генерал-майор С.Н. Перевёрткин дар амалиёти ҳамлавии Берлин (16 апрел – 8 майи 1945) корнамоии фавқулода нишон дод. Ҳангоми рахнаи мудофиаи душман ва баромади қӯшунҳо ба Берлин ва ҷангҳои кӯчагӣ вай қисмҳои корпусро моҳирона идора кард.

Дивизияҳои тирандози 150-уми генерал-майор В.М. Шатилов, 171-уми полковник А.И. Негода ва 207-уми полковник В.М. Асафов (корпуси 79-ум) якумин шуда, ба маркази Берлин зада даромада, гурӯҳҳои душманро пароканда карданд. Онҳо ҳамчунон якумин шуда Рейхстагро фатҳ ва 1-уми майи соли 1945 дар гумбази кох Байрақи Ғалабаро партавафшон карданд. Контрразведкачиҳои корпуси 79-уми генерал Перевёрткин таҳти роҳбарии подполковник И.И. Клименко дар бункер, ҳавлии шуъбаи коргузории имперӣ ҷасадҳои Гитлер ва Геббелсро (бо оилаҳояшон) дарёфт карданд.

 

БАРОДАРОН, ПЕРЕВЁРТКИНҲО

Бо фармони Президиуми Совети Олии СССР аз 29 майи соли 1945 барои роҳбарии моҳиронаи супоришҳои ҷангии фармондеҳӣ, нишон додани далерию матонат дар мубориза бар зидди фашистони истилогари немис генерал-майор Перевёрткин Семён Никифорович бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гардид.

Дар корзорҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчунон ду бародари генерал бар зидди фашистон ҷангидаанд. Капитан Виктор Никифорович Перевёрткин (сардори хизматрасонии техникии полки 22-юми савора) моҳи сентябри соли 1941 дар ҷабҳа бедарак шуд. Майёри гвардия Владимир Никифорович Перевёрткин ҷангро дар вазифаи сардори шуъбаи топографии штаби армияи 2-юми гвардиягӣ ба поён расонд. Вай бо чор ордени ҷангӣ ва медалҳо ва рутбаи полковник ба эҳтиёт рухсат шуд.

 

ФАТҲИ ҚУЛЛАҲОИ НИЗОМӢ

Баъди Ғалаба бар Германияи фашистӣ генерал-лейтенант С.Н. Перевёрткин хизматро ба симати фармондеҳи корпуси мазкур, дар ҳайати Гурӯҳи қӯшунҳои ишғолии советӣ дар Германия идома дод. Моҳи майи соли 1946 сардори шуъбаи 1-ум – муовини сардори Раёсати омодагии ҳарбии банақшагирии Қӯшунҳои хушкигарди Армияи Советӣ таъин гардид.

Аз моҳи майи соли 1950 то 1953 муовини сардори Сарраёсат оид ба омодагиҳои ҳарбӣ ва тайёрии ҳарбӣ ва аз январи соли 1953 сардори ҳамин Сарраёсат буд.

Баъди ҳабс шудани Л.П. Берия ва сабукдӯш шудани муовинонаш генерал С.Н. Перевёрткинро ба Вазорати корҳои дохилии СССР фиристоданд. Солҳои 1953-1956 муовини вазир оид ба қӯшунҳо, 1956-1960 муовини якуми вазир ва аъзои Коллегияи ВКД СССР буд.

Соли 1958 номбурда ҳамчун роҳбари гурӯҳи оперативии ВКД СССР дар саркӯб кардани бетартибиҳои оммавӣ дар Грозний иштирок намуд. Вай ҳамзамон солҳои 1953-1960 раиси Шурои марказии ҷамъияти ихтиёриёни варзишии «Динамо» буд.

С.Н. Перевёрткин генерал-полковник (18.02.1958). Аз моҳи апрели соли 1960 сардори Раёсати ҳарбии муассисаҳои таълимии Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи СССР таъин шуд. Моҳи январи соли 1961 ҳамчун сардори Раёсати донишгоҳҳо ва омодагии ғайринизомии Қӯшунҳои хушкигарди Вазорат ба фаъолият пардохт.

 

ҲАЛОКАТ

17-уми майи соли 1961 генерал-полковник С.Н. Перевёрткин ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ дар якҷоягӣ бо генерали армия, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ В.Я. Колпакчи дар садамаи авиатсионӣ ҳалок шуданд (садамаи вертолёти Ми-4). Ҳукумати давр ҳолати ҳалокати генералҳоро солҳои тулонӣ пинҳон доштанд.

Семён Никифорович Перевёрткин дар оромгоҳи Новодевичйеи Москва мадфун аст…

 

Умари Шерхон

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube