ШАБДОЛОВ ЯКУМИН РАИСИ ҲИЗБИ КОММУНИСТИ ТОҶИКИСТОН

Пас аз барҳам хӯрдани давлати абарқудрати Шуравӣ ва КПСС – Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ, дар собиқ ҷумҳуриҳои СССР низ ҳизбҳои коммунистӣ рӯ ба харобӣ оварданд. Кунун дар ҳар як ҷумҳурӣ ҳизби коммунист вобаста ба муносибати роҳбарияти нави давлатҳои мустақил фаъолият (рӯз) пеш мебурданд. Дар Россия коммунистон пароканда шуданд. Аз он миён ду гурӯҳи нисбатан неруманд: аввалӣ бо роҳбарии Геннадий Зюганов, баъдӣ бо сарварии Олег Шенин авлавият доштанд…

 БА ИН СӮ…

7.9.1991 (ҷойи дигар 11-уми сентябр) дар пленуми X ПК Тоҷикистон котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов истеъфо дод. Дар «гармогармӣ» масъалаи даъвати анҷуман сар зад ва 21.9.1991 съезди ғайринавбатии XXII ПК Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он мудири шуъбаи саноат, котиби КМ ПК Тоҷикистон (оид ба идеология) Шабдолов Шодӣ Давлатович раиси комитети ташкилӣ доир ба омодасозӣ ва гузарондани марҳала (давр)-и дуюми съезди ғайринавбатии XXII ПК Тоҷикистон интихоб шуд…

 ИВАЗИ «МИРОБ»-ҲО

Ҳамин тавр, пас аз 45 сол (1946-1991) «ҷӯяккашон-мироб»-ҳои ПК дар Тоҷикистон аз сиёсати ҳизби як замон ғолиб дар канор монданд. Ба қавли воқифони давр, қавм (клан)-и пешина дигар дар талоши ин маснад аз тамоми имкониятҳо истифода набурд. Шояд бурда бошанд, аммо бенатиҷа, зӯрашон нарасид ё хайр?!…

Баъдан замона дигар гашта буду вазъ низ. Акнун онҳо дар ду сӯй имконият ва қобилияти талошро молик набуданд. Аз дигар ҷониб онҳо самт дар як самти нав-курсии тоза дар сохтори давлатӣ – маснади президентӣ мекӯшиданд. Шояд дуруст ҳам бошад, зеро ҳама давр кор ба равиши об буду ҳаст. Бо неруи онвақта онон дигар вазъи сиёсии кишварро ба хости худ тоб (ғел) дода наметавонистанд…

 ШАБДОЛОВ

Шодӣ Давлатович кист ва аз куҷову аз кадом дудмон – хонадон арзи вуҷуд карда? Кунун ба тартиби муайян, меравем аз пайи рӯзгори сиёсатмадори Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, Раиси КМ ПК Тоҷикистон (аз 4.9.1991 то 2.7.) (раиси қаблии ҳизб Қ.М. Маҳкамов, ворис Талбаков Исмоил Иброҳимович) …

Шодӣ Шабдолов 17.10.1943 дар шаҳри Хоруғ, дар оилаи муаллим Давлат Шабдолов (дар баъзе ҳуҷҷатҳо Давлаталӣ –У.Ш.) таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, узви ПК аз соли 1969. Маълумот олӣ, номзади илми иқтисодӣ.

 ДУДМОН

Дар бораи дудмон (очаг, род, племя) – и Шодӣ Шабдолов андешаҳо зиёданд. Ин ҷо мо ба гуфтаи донишманди маъруфи тоҷик, доктори илми таърих, устод Ҳайдаршо Пирумшоев иктифо мекунем:

«Аввалин ходимони баландмақоми ҳизбию давлатии Ҷумҳурии навтаъсисёфтаи Тоҷикистон аз Помир Шириншо Шотемур, Сайфулло Абдуллоев, Иброҳим Исмоилов аз насаби бобою бобокалонҳои ӯ (Шодӣ Шабдолов – У.Ш.) буданд».

 ОМӮЗГОР

Шодӣ Шабдолов соли 1965 пас аз хатми Институти политехникии Тоҷикистон бо роҳхат ба Техникуми энергетикии Қӯрғонтеппа (ҳозира Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон) омада ҳамчун омӯзгор ба фаъолияти меҳнатӣ мепардозад.

Номбурда солҳои 1967-1969 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Армияи Советӣ хизмат мекунад. Пас аз адои хизмати ҳарбӣ ба ҷойи кори пештарааш ҳозир мешавад.

Соли 1969 ӯро ба шаҳри Хоруғ мехонанд. Мавсуф таи солҳои 1969-1971 ҳамчун саринженери Неругоҳи Хоруғ ифои вазифа менамояд. Мутахассиси ҷавони кордон Шодӣ Шабдолов солҳои 1969-1974 дар кори ба истифода додани Неругоҳи барқии ба номи В.И. Ленин, сохтмони Неругоҳи «Помир-1», бунёди неругоҳҳои хурди барқӣ дар ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ, Қалъаихумб (Дарвоз), Ишкошим ва Мурғоб саҳм мегирад.

 КОММУНИСТ

Рӯзгори минбаъдаи Шодӣ Шабдолов сар аз соли 1974 ба Партияи Коммунистӣ тавъам мегардад. Мавсуф солҳои 1974-1977 мудири шуъбаи саноат ва нақлиёти комитети вилоятии ПК Тоҷикистон дар ВМКБ буд.

Комитети марказии ПК Тоҷикистон соли 1977 Шавбдоловро ба аспирантураи Академияи илмҳои ҷамъиятии назди КМ КПСС, ба шаҳри Москва раҳнамун сохт. Соли 1980 мавсуф Академияи мазкурро хатм ва рисолаи номзадиашро дифоъ кард.

Солҳои 1980-1981 инспектори шуъбаи ташкилии корҳои партиявии КМ ПК Тоҷикистон буд.

КОБУЛ

Бо пешбарӣ ва бо дарназардошти таҷрибаи ғании корӣ корманди ҳаматарафа омодаи ҳизбӣ, барандаи қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва ҳоказо Шодӣ Шабдоловро баҳри иҷрои қарзи башардӯстона ба сафари хизматӣ раҳнамун карданд.

Ш.Д. Шабдолов солҳои 1981-1984 (се соли расо) ҳамчун мушовири котиботи КМ ПХДА – Партияи халқӣ- демократии Афғонистон, мусаммо бо НДПА хидмат ба ҷо овард. Ӯ худро аз ҷиҳати сиёсӣ, дар ин ҷо ҳамчун нафари баркамол нишон дод.

Пас аз бозгашт аз Афғонистон, солҳои 1984-1985 муовини мудири шуъбаи саноати КМ ПК Тоҷикистон буд. Соли 1985 Шабдоловро котиби горкоми Хоруғ интихоб намуданд ва ӯ дар ин вазифа то соли 1988 масъулият дошт.

 СЕКА

Шодӣ Шабдолов шуруъ аз соли 1988 то соли 2016 дар КМ ПК Тоҷикистон ҷамъ 28 сол кор кард. Аз ин ҳисоб 25 солаш Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд…

Солҳои 1988-1991 ба симати инспектор, муовини мудири шуъбаи ташкилӣ-ҳизбӣ ва корҳои кадрӣ, котиби КМ ПК Тоҷикистон оид ба идеология буд.

Аз моҳи декабри соли 1989 Шабдолов ба симати котиби КМ фаъолияти густурда дошт. Ин давраи фаъолияти ӯ ба марҳилаи пастравии шуҳрату шони КПСС бо роҳбарии М.С. Горбачёв рост омад. Сиёсати бемояи бозсозии Горбачёв ба оқибати фоҷиабор – барҳам хӯрдани давлати СССР ва шикасти системаи ниҳоят пойдори сотсиалистӣ оварда расонд. Ин касратӣ ба ПК Тоҷикистон низ таъсири амиқ гузошт…

Сарфи назар, бо қарор аз ҳайати КПСС баромадани ПК Тоҷикистон, қабули Оиннома ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ, масъалаи қатъ намудани фаъолияти ПК Тоҷикистон ба баррасии рӯзнома ва муҳокима дар сатҳи Шурои Олии ҷумҳурӣ бароварда шуд.

28.8.1991 пленуми фавқулода ва васеи КМ ПК Тоҷикистон доир гашт. Дар ҳоле, ки аксари роҳбарони сатҳи олии ҳизбӣ бетарафӣ ва бадтар аз ҳама, дар сафи мухолифини ҳизбӣ то он дам роҳбар мақом доштанд, ташаббуси асосӣ ба дӯши Ш. Д. Шабдолов бор шуд.

21.9.1991 қатъи назар аз муқобилияти сахти ба ном неруҳои демократӣ, аммо дар асл мансабталошон, коммунистон бо роҳбарии Ш.Д. Шабдолов Съезди XXII ғайринавбатии ПК Тоҷикистонро даъват ва доир намуданд. Пас аз даври аввали анҷуман бо фишори неруҳои мухолиф фаъолияти ПК 3 моҳ қатъ гардид. Ин давра – аз 2-юми октябр то охири декабри соли 1991 барои ҳизб рӯзҳои бағоят сахт омад.

Сарфи назар аз шароити мураккаби сиёсӣ як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим, аз ҷумла Устав ва Барномаи ПК Тоҷикистон омода гардиданд. 19-уми январи соли 1992 дар марҳалаи дувуми съезди XXII Шабдолов Шодӣ Давлатович Раиси ҳизби Коммунисти Тоҷикистон интихоб гардид.

 БО ШЕНИН

Шодӣ Шабдолов ба қаноти ПК Россия, ба Шенин ҳусни таваҷҷуҳ дошт. Аз ин рӯ, иртиботро бо ин гурӯҳ мустаҳкам намуд.

Шабдолов аз 2.7.1994 узви Комитети иҷроияи сиёсии Совети СКП-КПСС, аз 26.1.1997 то 27.10.2001 муовини раис, котиби Совети СКП – КПСС буд. буд.

Соли 2001 дар рафти шикаст хӯрдани Совети партияҳои коммунистӣ Шодӣ Давлатович аз Олег Шенин ҷонибдорӣ кард.

Пас аз съезди шенинии XXXIII СКП-КПСС (21.7.2001) Шабдолов муовини раис – котиби Совети СКП-КПСС ва аз 29.2.2004 котиби КМ КПСС (Шенин) интихоб гардида буд.

 ДУБОРА

8-9-уми июни соли 1996 Съезди XXIII ПК Тоҷикистон баргузор гардида, ба Оиннома ва Барномаи ҳизб тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.

Баъдан солҳои 1999 ва 2000-ум, дар се давр съезди XXIV ПК Тоҷикистон гузаронда шуд. Дар ҳама ҳолат Шабдолов ташаббускори пешниҳоди расмии масоили тактикаи ҳизб вобаста ба фазои сиёсӣ буда, борҳо ҳаёт дурустии андеша ва амали неки ӯро исбот намуд.

 ДЕПУТАТ

Шодӣ Шабдолов вакили Маҷлиси Олии Тоҷикистон – даъвати I (1999), МН МО ҶТ, даъвати II (2005), даъвати III (2010), моҳи феврал, аз рӯи рӯйхати ҲКТ, вакили Шурои Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 11-12) буд.

 СУҚУТ

Дар интихоботи навбатии палатаи поёнии парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 1.3.2015 баргузор шуд, ҲКТ 5 фоизи овози интихобкунандагонро гирифта натавонист. Дар натиҷа ПК Тоҷикистон аз ҷойи депутатӣ дар МН МО ҶТ марум монд.

Моҳи июли соли 2016 дар Съезди …………. ҲК Тоҷикистон Ш.Д. Шабдоловро аз нав раис интихоб накарданд. Илова бар ин ӯро дар муносибати нохуб бо роҳбарияти Тоҷикистон ва паст гаштани нуфузи ҳизб гунаҳкор донистанд. Бо ҳамин давру даврони роҳбарии Шодӣ Шабдолов дар ҲКТ, ки 25 солро фаро гирифт, ба поён расид.

Дар анҷуман котиби ҲК Тоҷикистон Мирзоазим Насимов иҷрокунандаи вазифаи Раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон таъин гардид.

 БОЗНИШАСТА

Шодӣ Шабдолов аз моҳи июли соли 2016 то октябри соли 2023, тайи 7 сол бознишаста буд. Дигар қариб ӯро дар ҷамъомаду маъракаҳо намедидем.

 ШАХСИЯТ

Тули ин муддат Ш. Шабдоловро ҳамчун тарғибгари боэътимоди ҳизби коммунист мешинохтанд. Ҳамчун вакил дар парлумон доимо фаъол буд. Аксар вақт таклифу пешниҳодҳои ӯ аз ҷониби вакилон дастгирӣ меёфт…

Ба ҷуз ин Шабдолов берун аз кишвар, аз минбарҳои гуногуни форумҳои байналмилалии ҳаракати коммунистӣ сухан ронда, бо далелҳои муътамад омилҳои рушд ёфтани буҳрони шадиди ҷаҳони сармоядориро исбот мекард. Сарфи назар аз назарҳои мухталиф номи Ш. Шабдолов дар саҳифаи таърихи миллат чун шахсияти арсаи сиёсат боқӣ хоҳад монд.

 МАМОТ

Субҳи 19-уми октябри соли 2023 хабари даргузашти собиқ Раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, яке аз чеҳраҳои намоёни сиёсии ҷумҳурӣ Шабдолов Шодӣ Давлатович, ходими ҳизбии советӣ, вакили парлумони Тоҷикистон (1989-2015), Раиси ҲКТ (1991-2016) тавассути расонаҳои хабарӣ паҳн гардид.

Ин рухдод пас аз ду рӯзи (17-уми октябр) дар ҳалқаи аҳли хонавода ва ошноҳо ҷашн гирифтани 80-солагиаш ба вуқуъ пайваст.

 ҚАДР

Шодӣ Шабдолов бо ордени «Нишони фахрӣ», 2 медали Ҷумҳурии Демократии Афғонистон, медалу ифтихорномаҳо қадр шудааст.

 

У. АЛӢ 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube