Шамшерзани размгоҳи иттилоотӣ

Ба таъбири Бедили бузургвор ва нотакрор поси ошноӣ аз душвортарин шева дар олам маҳсуб шуда, на ҳар кас қудрати анҷоми ин амалро дорад. Аксар дӯстон пурсонанду баъзе “дӯстон” нигаронанд, ки бо кадом сабаб аз шумори ашхоси фарҳехта дӯстони зиёд дорам? Кӯтоҳ мегӯям, ки то андозае пешсаф буданам дар ин ҷода, пеш аз ҳама, ба “поси ошноӣ” рабт дорад.

Ба ибораи дигар, дӯстӣ, самимият, садоқат ва амсоли онҳоро моли таърих ва сюжети филмҳои ҳиндӣ намедонам. Баробари аз мансаб рафтани мақомдор аз ӯ ҳазар намекунам. Замони мансабдор будан ба ҳеҷ ваҷҳ атрофи нафаре парвона намешаваму баробари аз мансаб канор рафтан дурӣ намеҷӯям. Дар бораи яке аз онҳо китоб низ навиштаам, вале замоне ки шахси мавриди назар нафақахӯр буд …

Аз таҷриба медонам, ки ашхоси муваффақ одамони ба маънои том хубанд. Онҳо низ мехоҳанд маҳз аз шумори нафарони комёб дӯсту ҳамнишин дошта бошанд. Табиист, ки равобити дӯстона бо ин қабил дар заминаи интихобу имтиҳон ва эътироф роҳандозӣ мегардад. Илова бар ин, барои тақвияти қаробат сатҳи баланди касбияту одамият, ҷаҳонбинии васеъ, маҳфилороӣ, самимияти тарафайн ва орӣ аз аҳдофи муғризона будани равобит хеле муҳим аст.

Мутаассифона, “аллома”-ҳои аз ҳама кас ва ҳама чиз норозиву аз ин хислатҳои наку бенасиб барои он ки дигаре бо доштани хислатҳои зикршуда муътабартару муваффақтар аст, мисли шамъ месӯзанд…

Се  сол қабл журналисти ҷавоне наздам омад ва назарамро дар мавриди Сайёфи Мизроб пурсон шуд. Вақте пурсидам, гуфт, ки тасмими навиштани матлабе дар бораи ин қаламкашро дорам.

Гуфтам тасмими хуб, вале барои васфи Сайёфро кардан боястӣ ӯро шинохт, албатта, ба маънои том…

Меҳрномаи зер маҳсули мушоҳидаҳои чандинсола ва муқоиса асту аз чашмаи меҳру ихлос ва садоқату самимият об хӯрдааст. Маъмулан дар ҷомеаи мо чун сухан дар бораи нафари соҳибноме равад, аксарият дӯст медоранд, ки бо “усул”-ҳои гуногун қаробаташонро нишон диҳанд. “Шуморо хеле пештар ғоибона мешинохтам ва эҳтиром доштам”, яке аз онҳост. Вале ман мегӯям, ки Сайёфро то замони таъсиси ҳафтаномаи “СССР” намешинохтам, ҳарчанд аз журналистони ҳирфаӣ ва маъруф дар “Озодӣ” буд. Ҳоло дарк намудаам, ки ин аз 1 ҷониб хуб бошад, аз тарафи дигар бад аст…

Дидори аввалин бо номбурда, ки қаробатамонро тақвият бахшид, сахт дар хотирам нақш бастааст. Дар бораи сатҳи касбияти кормандони рӯзномаву ҳафтаномаҳои давлатӣ ва обуна ба онҳо, ки бо сабабҳои “объективӣ” ва “субъективӣ” боиси рашки баъзе ҳамкасбони мо аст, “СССР” матлаб нашр намуд. Чун хондам, сахт таъсир кард. Пешниҳодамро дар бобати вокуниш ба чанде аз ҳамкасбоне, ки аслан мухотаб онҳо буданд, гуфтам. Тибқи “анъана”, сукут ва бетарафиро ихтиёр карданд.

Як рӯз дар кӯча бо Сайёф вохӯрдаму андешаҳоямро вобаста ба он матлаб бепарда ва то андозае ҷасурона иброз кардам. Бодиққат гӯш кард ва мухтасар гуфт: «Навишта биёр, чоп мекунам». Ба аҳдаш вафо кард ва он мақола бо номи “Журналистика – шаҳри бедарвоза” нашр шуд…

Одамияти камназир, ҷасорат, садоқат ва касбияти баланд баҳри маъруфияти Сайёф такон бахшидаанд. Ӯро мешиносанд, эътироф мекунанд, шахсияташро арҷгузорӣ ва ба рафтору гуфтор ва кирдораш пайравӣ мекунанд. Ин ҷо овардани мисолеро бамаврид медонам:

Номбурда дар шаҳри Кӯлоб варзишгоҳи хубе бунёд кард. Бо риояи принсипҳои ҳамдилии журналистон дар маврид хабар нашр кардем. Дар ҳамин ҳол аксар соҳибрӯзномаҳо, ки дар ҳолати “зарурӣ” “аз пашша фил месозанд” вобаста ба ин масъала “ба даҳон об гирифтанд”. Чун ба яке аз онҳо нигаронӣ кардам, посухаш чунин буд: Далер ту намедонӣ! Сайёф барои бунёди ин варзишгоҳ ашхоси муваффақу обрӯманди кишварро ҷалб карда, аз ин раванд манфиати зиёд дид.  Гуфтамаш, ки он ашхосе, ки ту дар назар дорӣ ба дигарон, аз ҷумла, ба ту гуноҳашонро намедиҳанд, чӣ расад ба дастгирии молиявӣ. Агар  Сайёф ҳамин корро карда бошад, пас нӯшаш бод!!!

Дар ин робита бамаврид аст зикр намоям, ки маъруфияти Сайёф миёни тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла нухбагон, дар маҷмуъ, ба суди журналистикаи тоҷик аст. Ба шарофати чунин қаламкашон аҳли ҷомеа мутмаинанд, ки журналистон метавонанд! Бидуни муболиға ва тамаллуқ мегӯям, ки эътирофу эҳтиром ва қадрдонии журналистон дар ҷомеаи муосир, дар баробари омилҳои дигар, ба будани Сайёф ва чанд нафари дигар рабт дорад. Вагарна…

Дар давоми солҳое, ки ӯро мешиносам набуд мавриде, ки эътиқоду эҳтиромам нисбат ба ӯ зери суол рафта бошад. Инсонест, ки тамоми хислатҳои накуи инсонӣ дар вуҷудаш тавъам афтода ва дар рафтору гуфтор ва кирдор ин хислатҳоро бо риояи назокати хос мавриди корбурд қарор додааст. Муҳимтар аз ҳама, ин шахс ба қавлу амали худ устувор аст. Дар ҳоле ки аксарият ҳамкасбонамон ҳамдилии журналистонро ба як пули пучак фурӯхтаанд, Сайёф мисли кӯҳ устувор аст. Дар “СССР” ба ҳеҷ ваҷҳ нисбат ба ягон журналист, ҳатто агар бисёр зарур ҳам бошад, сухани нораво нашр намешавад. Шояд ягона сармуҳарррир бошад, ки баъди мутолиаи мақолаи ҷолиб, таваҷҷуҳбарангез ва пурмуҳтаво ба муаллиф занг мезанад, мардона касбияташро эътироф ва бо ирсоли маблағи муаяйн ба он нигошта арҷ мегузорад. Аз камшумор журналистон аст, ки дилхоҳ китобро аз муаллиф намегирад, балки мехарад.

Бояд мадди назар дошт, ки ҷасорат ҳаргиз бо кибру ғурур тавъам нест, зеро кибру ғурур шахсро ба зиллат мувоҷеҳ месозад, ки чунин мисолҳо зиёданд. Вақте ҷасорат меҳвари фаъолияти журналист бошад, ба хотири пуштибонӣ аз марзу буми кишвар, манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ сина сипар менамояд. Ҷасорати Сайёф, воқеан ҳам, сутуданист. Ин омил ба шарҳу тавзеҳ ниёз надорад. Аз шумори онҳоест, ки бо имзои худ ҷасурона аз манфиатҳои милливу давлатӣ ҳимоя мекунанд, парда аз чеҳраи манфури нотавонбинони миллату Давлат мебардорад, мушкилоту камбудиҳоро ифшо менамояд. Кифоя аст, ки аз мактубаш ба Президенти Федератсияи Россия дар соли 2011 ёдовар шавем…

Тавре мушоҳида мекунем, ҷангҳои иттилоотӣ, ки ҳадди ниҳоии сиёсинамоии журналистика ва ба афсарони иттилоотӣ табдил додани журналистон маҳсуб мешавад, беш аз пеш авҷ гирифтааст. Дар ин раванд расидан ба мақсад ва дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ кардани фаъолият бидуни қаробати журналист ва сиёсат ғайриимкон аст. Бояд мадди назар дошт, ки ба ин ҳарбгоҳ сафарбар шудани журналистони камтаҷриба ва ноогоҳ пайомади ногувор ба бор меорад. Бегуфтугӯ, дар даргириҳои фикрӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ журналистоне комёбанд, ки ба манфиати милливу давлатӣ содиқу арҷгузоранду аз таърихи миллат огоҳ. Сайёфи Мизроб ба андешаи ман Шамшерзани (маънои номи қаҳрамони мақола)  размгоҳи иттилоотӣ маҳсуб мешавад.

Таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба ҳамкасбон ва онҳоро дар ҳама ҳолат дастгирӣ намудан аз ҷониби Сайёф муттасил аст. Танҳо ба ёд овардани гиромидошти хотираи Акбари Саттор аз ҷониби мавсуф ва ибтикораш ҷиҳати дастгирии моддии журналистон дар замони хуруҷи коронавирус кифоя аст, ки ба воқеияти гуфтаи боло мутмаин гардем.

Дар суҳбат бо журналис­ти ҷавон, ки дар оғози матлаб зикр шуд, назарамро дар бобати рафтани Сайёф аз “Озодӣ” пурсид, гуфтам, ки дар ин маврид низ бародари мо дар қиёс ба дигарон антоним аст. Ба ибораи дигар, чӣ рафтани зебо…

Ҷанбаи дигари муҳим, ҳамон гунае, ки шодравон Акбари Саттор эътироф намуда, ҳасад бурда буд, саодати бардавоми хонаводагиаш аст. Борҳо дар хонадонаш будам, нону намакашро чашидам. Ифтихормандам, ки ба маросими хонаводагӣ дар баробари ашхоси наздик даъватӣ ва ба хурсандиашон шарикам. Усули демократии оиладорӣ дорад, эҳтироми тарафайн, самимият, суханпардозӣ ва лутфу зарофаташ дар муҳити хонаводагӣ низ баръалост.

Ӯро мебинаму боварам намеояд, ки қуллаи шастуми умри пурбаракатро сарбаландона фатҳ хоҳад кард.  Бо руҳияи ҷавонӣ, пурэнерҷӣ, зиндадилӣ, ба маънои том оптимистӣ. Ба ҳар сурат, бо риояи  расмиёт дар шаст ба шаст омадани Сайёфро самимона табрик мегӯям ва дар ҳама ҷанбаҳо беш аз пеш комёб буданро орзумандам.

Мо метавонем.

Далер АБДУЛЛО,

муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум”, номзади илмҳои сиёсӣ

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube