Ӯ дӯсти ман аст ва ҳамаи дӯстони ӯ дӯстони мананд. Ногуфта намонад, ки ҳамаи душманони Сайёф душмани ман низ ҳастанд.
Ҷасур, боғурур…
Ман ифтихор мекунам, ки чунин дӯсти донишманд, нотарс, боғурур, гуфти худаш, аз “бачаҳои пеши – пеши Кӯлоб” дорам. Ҳар кӣ бо ман дӯст аст, хеш аст, ёр аст, бародар аст, Сайёфро дӯст медорад. Раҳматии падарам, раҳматии амакам Сайёфро дӯст медоштанд. Имрӯз фарзандонам Сайёфро дӯст медоранд. Ҳар кадом ифтихор мекунанд аз ин рафиқи падарашон. Мо дар якҷоягӣ муштем ва метавонем ҳар душманеро дар ҷояш шинонем:
Гар рост шавем, дар назар чун аламем,
В-ар ҷамъ шавем, бар даҳанҳо муштем!!!
Донишманд ва суханшинос
Сабаби дӯстии мо 1 чиз аст, сухан ва шеър. Ман бисёр шеърдӯсту шеършиносу суханпарварам. Барномаҳое, ки имрӯз дар ТВ Сафина роҷеъ бар Шоҳномаи безаволи Фирдавсӣ мебарам, гувоҳи ин гуфтаҳост. Вале Сайёф 2 баробари ман зӯртар аст. Ӯ 10 баробари ман бисёртар шеъру ғазал медонад.
Вақте СССР-ро созмон дод, рӯзноманигори маъруфе гуфт:
-СССР ақаллан 100 шумора барорад, баъд гап занад!!!
Имрӯз СССР таги ҳазор шумора рафта истодааст. Ҳамин газетае, ки дар даст дорӣ, хонанда, №913 аст. МО МЕТАВОНЕМ!
Ҳар шумора сармақола менависад!
Дар ҳар шумора сармақола аз Сайёф аст. Он саҳифаи 2-ро бо сураташ зеб медиҳад. Бештари мардум СССР-ро барои саҳ 2 мехонанд. Аз соли 2008, сар аз моҳи рамазон, ки газета нашр шуд, менависаду менависад. Воқеан ҳам дар Тоҷикистон аниқ, вале шояд дар дунё, кам сардабире ҳаст, ки ҳар шумора САРМАҚОЛА нависад. Хонанда бояд донад, ки мақола аз САРмақола фарқи ҷиддӣ дорад ва навиштанаш саҳлу осон нест! Инро журналистони профессионал хуб медонанд…
Ман низ чанд шумора паёпай дар оғози кор, ба СССР, навиштам. Баъд 2 шумора нанавиштам. Натонистам охир! Сайёф маро дидаву бо табассуми зебояш гуфт:
–Хурҷинат холӣ шуд-чӣ!?
Муҳаррирро бе “раҳмуш”
Баъди ин гапи аҷиби тарбиявӣ сар кардам навиштанро ва 100 мақолаи таҳлилӣ навиштам (таваҷҷуҳ кунед, сармақола не, таҳлилӣ, ки низ кори осон нест). Аз ин байн 33 мақолаам маҳсули СССР ва худи сардабир аст. Ҳама навиштаҳоямро Сайёф таҳрир мекунад, густохона таҳрир мекунад. Матлабҳоеро, ки мехонад таҳрир кардаву хубтару зӯртару нишонрастар мекунад.
Боре мақолаи 1 олимро наздаш овардам. Хостам “через” кардаву чоп намояд. Аммо ӯ гирифта, суп-сурхаш карду пешам партофту гуфт:
-Намешавад!
Ба ҳадде сахтгир аст, ки матлабҳои академику профессорҳо, агар писандаш наомад, чоп намекунад ва дар рӯяшон хатои ишонро мегӯяд. Аммо матлаби 1 деҳқонро, коргари оддиро, ки шираву шарбат дорад, таҳрир ва чоп менамояд. Метавонад!
Сардабир
Дар журналистикаи амалӣ Сайёф ба масале устухон надорад. Мақолае навиштам барои гуштини миллӣ, номаш мондам “Гуштини миллӣ – модари гуштинҳои дунё”, Сайёф гирифту номаш монд:
“Гуштини миллӣ – падари гуштинҳои дунё.
Ҳам зебо ва ҳам нишонрас баромад.
Мақолаи дигаре дар соли нав навиштам бо номи “Исои Масеҳ меояд”. Фикр кардам номи зӯр ёфтаам. Вале Сайёф гирифту номаш ниҳод: “Иисус воскресе…”. Бовар кунед чунин сухани зеборо нашунида будам. Хеле муҳташам кард ин ном мақолаи бандаро (гап байни худамон ҳоло низ 100 дарсад бар боварам, ки ин матлабро низ таҳрир ва бақувват мекунад!)…
Кадри Питер
Сайёф аслан кадри Питер аст. Питериҳо ҷумлагӣ боғуруру сарбаланданд. Дар ҳар сурат, афродеро, ки ман медонам, чунинанд. Ин ифтихорро ман дар чанд нафар устодам низ мушоҳида кардаам:
Рустам Ҷӯраев –р, Ардашер Каримов -р, Мирзо Ғоиб -р. Инҳо чунон донишманд буданд, ки ногуфтанӣ. Ифтихорашон ифтихори питерӣ буд. Ғурурашон зебашон медод! Сайёфро низ ин ғурур зеб медиҳад.
Чизе, ки Сайёф дораду ман на
Ман ҳасад мебарам ба Сайёф, ки мисли ӯ русиро намедонам. Русидонии ӯ, мактубҳои ба русӣ эҷодкардааш, улгуи журналистикаи Тоҷик бояд бошад. Мактуб ба Медведеву Пашков намунае аз онҳост. Касе надонад, Медведев собиқ президенти Русия буду Пашков 1 журналисти номӣ, вале шовинисти рус. Ҳар 2 матлабаш нишонрас баромад ва даҳони муддаиён баста гардид. Ёбеду хонед. Дар китоби наваш ҷойгир кардааст 1 мактубашро. Мо Метавонем!
Варзишкор
Футболбоз аст. Футболи касбиро мепарварад. Дастаи хурдсолони Равшани Кӯлобро сарпарастӣ мекунад. 200 кӯдаку навраси “душвортарбият”-ро ба тарбияи хеш гирифтааст. Ба онҳо сарулибоси варзишӣ мегирад ва 1 олам корҳои дигар. Варзишгоҳ сохтааст ва дар он ҷо мусобиқаҳо доир мекунад, сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат ва Шаҳрдори ш. Душанберо дар амал пиёда мекунад.
Солҳои гаронии қимати гӯшт дар шаҳри Душанбе, Сайёф дар газетаи СССР аксия ташкил кард. Ҳар кас купони СССР-ро аз газета бурида мебурд, арзон гӯшташ медоданд. Ёд дорам, 1 журналист гуфт, ин вазифаи рӯзноманигор нест. Вале аён буд, ки ӯ дар ҳаёташ чунин корро карда наметавонад. Барои ин дилу гурда даркор.
Шахсан ман чунин корҳоро карда наметавонам ва мардона иқрор мешавам, ки Сайёф зӯр аст дар ин ҷода. Тан додан ба ҷавонмардон аз ҷавонмардист. Мо Метавонем!
Ҳамсояи ман
Мегӯянд ҳамсояро Худо медиҳад. Дар 1-ум Совети пойтахт мо ҳамсоя будем. Ҳамеша ҳамдигарро медидем. Аҷобатро бинед, ки кӯчида ба деҳаи Арбобхотун (Авғоно) омадем. Сайёф ҳам 15 сол пас омад. Ин ҷо низ ҳамсоя шудем. Ман гуфтам, куҷо мегурезӣ, аз ман?! Яъне мо Худододем.
25 апрел Сайёф ба 60 медарояд. Ҳеҷ боварам намеояд. Дина соли 1991 дар Майдони Сурхи ш. Кӯлоб ҷавони 25-солае бо ғуруру ифтихори Куйбешӣ (кӯчаи эшон ба номи Куйбеш аст ва бо ҷавонмардонаш хеле номӣ) дар паҳлуи ману Файзи Ашӯру Тоҳир Шермад ва Аҳмади Мусавӣ митингҳоро тамошо мекардему аз дунё ва ояндаи худ бехабар…
Шукр, ки шасти Сайёфро дидему ояндаи пурнишоти Тоҷикистони азизро бо роҳбарии Пешвои миллат. Хеле сипосманду арҷгузори замони худ ҳастем.
Зинда бошӣ, Сайфиддино, саломатӣ сарбаландӣ бароят мехоҳем. 120-атро бинам! Мо Метавонем!
Саъдии Маҳдӣ,
Директори Академияи ВАО
