Аз пирожкии Кӯлоб то зардолуи Исфара: брендҳое, ки метавонанд Тоҷикистонро муаррифӣ кунанд

Имрӯз, дар шароите ки ҷаҳони муосир бо суръати баланд рушд мекунад, ҳар як шаҳру ноҳия мекӯшад чеҳраи худро дошта бошад. Ин чеҳра на танҳо аз биноҳои зебо ё роҳҳои мумфарш, балки аз чизе иборат аст, ки дар зеҳни мардум зуд нақш мебандад. Ба ибораи дигар, ҳар минтақа метавонад “бренд”-и худро дошта бошад – нишонае, ки онро аз дигарон фарқ кунад.

Кӯлоб – пирожки

Номи Кӯлобро шунидан замон, барои бисёриҳо пеш аз ҳама пирашкиҳои гарм ва болаззат ба ёд меояд. Ин таоми одӣ ба 1 рамзи маҳаллӣ табдил ёфтааст, ки меҳмононро ҷалб мекунад. Пирашкиҳои Кӯлоб танҳо ғизои зудтайёр нестанд, балки 1 падидаи иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд. Хусусияти фарқкунандаи пирашкиҳои Кӯлоб андозаи калон, сергуштӣ, нармӣ ва таъми вежаи онҳост. Ин таом махсусан дар кӯчаҳо, назди бозорҳо ва мактабҳо серистеъмол аст. Пирашкӣ барои бисёриҳо як навъ ғизои дастрас ва серғизо мебошад. Ҳар рӯз садҳо нафар бо ҳамин тиҷорати хурд рӯзгори худро пеш мебаранд, ки ин ҷиҳати иқтисодии брендро нишон медиҳад. Пиражкӣ ё пирошкиро дар Кӯлоб то соати 8-и субҳ мепазанд. Сипас дари пирожкихонаҳо пурра баста мегардад!

Ховалинг – қурутоб

Қурутоб яке аз таомҳои қадимтарин ва маъруфи тоҷикон аст, ки дар Ховалинг бо сифати баланд ва услуби анъанавӣ омода мешавад. Барои тайёр кардани он нонро майда карда, бо оби омехтаи қурут тар, сипас равғани доғ ва пиёзи бирёншударо илова мекунанд.

Қурутоб на танҳо ғизо, балки як фарҳанги дастархондорӣ мебошад. Онро одатан дар табақи калон мегузоранд ва якҷоя мехӯранд, ки рамзи ваҳдат ва ҳамдилӣ аст. Қурутоб аз Ховалингу Шурообод имрӯз то маркази пойтахт кӯч баставу бренди миллӣ шудааст.

Хуҷанд – самбӯса

Хуҷанд бо самбӯсаҳои маъруфаш ҷойгоҳи махсус дорад. Ин таом солҳои зиёд аст, ки ҳам сокинон ва ҳам меҳмононро ба худф ҷалб менамояд. Самбӯсаҳои Хуҷанд бо усули анъанавии танӯрпазӣ омода мешаванд. Ин усул ба самбӯса маззаи махсус ва бӯи хуш мебахшад. Дар бозорҳои Хуҷанд самбӯса яке аз серхаридортарин маҳсулот мебошад. Ин таом ба  рамзи фарҳанги ғизоии минтақа табдил ёфтааст. Сайёҳон низ ҳангоми сафар ҳатман онро мечашанд.

Исфара – зардолу

Исфара яке аз марказҳои асосии парвариши зардолу дар Тоҷикистон мебошад. Зардолуи ин минтақа бо ширинӣ, бӯи хуш ва сифати баланд фарқ мекунад. Зардолу на танҳо тару тоза, балки дар шакли хушк низ истифода мешавад. Маҳз зардолуи хушк қисми зиёди содироти меваҳои кишварро ташкил медиҳад. Имрӯз исфарагиҳо дар Бразилия, Ветнам ва дигар кишварҳои дур низ фазендаҳои занголу доранд, ки бренди Исфара маҳсуб меравад.

Ҳисор – ангур

Қалъаи Ҳисор яке аз ёдгориҳои машҳури таърихии кишвар буда, ҳар сол садҳо ҳазор сайёҳро ҷалб мекунад. Ҳамзамон, ин минтақа бо ангури хушсифат низ маъруф аст. Ангури Ҳисор барои истеҳсоли шарбат, мавиз, мураббо ва дигар маҳсулот истифода мешавад. Ин 2 омил метавонанд рушди ҳамзамони сайёҳӣ ва кишоварзиро таъмин намоянд.

Бадахшон – асал ва меваҳои кӯҳӣ

Асали Бадахшон бо сифати баланд ва табиӣ буданаш машҳур аст. Занбӯри асал, ба вежа дар Дарвозу Ванҷу Рушон аз гулҳои кӯҳӣ ғизо мегирад, ки ба асал маззаи нодир мебахшад. Меваҳои кӯҳӣ низ дорои арзиши ғизоии баланд мебошанд. Ин маҳсулот аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, метавонанд дар бозорҳои хориҷӣ рақобатпазир бошанд.

Данғара – ғалла

Данғара бо тарбузҳои ширин ва маҳсулоти фаровони ғаладонагӣ маъруф аст. Ин минтақа метавонад ба як маркази муҳими истеҳсолӣ табдил ёбад. Гандуми Данғара дар солҳои ҶБВ на танҳо аҳолии РСС Тоҷикистон, балки фронтро низ таъмин мекард. Дур намеравем, дар ҷанги гражданӣ агар Данғара намешуд, аҳолии вилояти Кӯлоб, ки дар сангари иқтисодии Ҳукумати муваққатӣ қарор дошт, аз гуруснагӣ шояд маҳв мешуд…

Бохтар – гармхонагӣ

Дар Бохтар истифодаи гармхонаҳо ба таври васеъ роҳандозӣ шудааст. Ин имкон медиҳад, ки сабзавот дар тамоми фаслҳои сол истеҳсол карда шавад. Ин раванд нишонаи гузариш ба усулҳои муосири кишоварзӣ буда, метавонад амнияти озуқавориро таъмин намояд.

Турсунзода – ангур

Ангури Турсунзода бо таъми хос ва сифати баланд фарқ мекунад. Аз он метавон маҳсулоти гуногун, аз ҷумла шарбатҳои табиӣ истеҳсол кард. Турсунзода маркази асосии токпарварӣ дар Тоҷикистон мебошад. Навъҳои гуногуни ангур дар ин ҷо парвариш меёбанд ва аксаран меҳмонони сатҳи баланди Ҳукумат барои дидани ангур ба ин ҷо мераванд.

Рашт – картошка

Картошкаи Рашт бо сифати баланд ва ҳосили фаровонаш маъруф аст. Ин маҳсулот яке аз асосҳои таъмини бозори дохилӣ мебошад. Иқлими салқини минтақа барои парвариши он хеле мувофиқ мебошад.

Ин маҳсулот яке аз асосҳои таъмини бозори дохилӣ бо «нони дуввум» ба ҳисоб меравад.

PS: Албатта, дар 1 матлаби хурд тамомии брендҳои кишоварзии кишварро наметавон ҷамъ овард. Дигарон низ нависанд, паёмак фиристанд, ё ба ман занг зананд, ҳатман дар шумораҳои баъдӣ нашр мекунем. Мо Метавонем!

Нуриддин Қосимзода, СССР,

вилояти Хатлон

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube