Бо таклифи омӯзгори Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, мухлиси ашадӣ ва муаллифи доимии рӯзномаи мардумии СССР Маннон Махсумов банда ин маводро манзури хонандагон омода сохтам. Дар газетаи СССР №27 аз 03.07.2025 саҳифаи 7 рӯйхати нахустин вакилони Шӯрои олии СССР нашр гардида буд. Рақами 27 Мирзоаҳмад Холматов аз деҳаи Лолазори (пешӣ Қизилӣ) ноҳияи Деваштич мебошад. Оиди зиндагиномаи ин марди чашмикордону ободкор маълумотҳоро аз фарзанди кенҷагиаш Эгамбердӣ ва набераҳояш гирифтам, ки манзури хонандаи ин сутур мегардонам.
Мирзоаҳмад Холматов соли 1902 дар деҳаи зебоманзари Лолазори ноҳияи Ғончӣ ба дунё омадааст. Падараш Холмат деҳқони хокпош буда, зиндагии фақирона дошт. Мирзоаҳмад аз синни 10- солагӣ бо падараш дар заминҳои бойҳо кор мекард. Инқилоби Бухоро ба рӯи Мирзоаҳмади 18-сола дари илму маърифатро боз намуд. Ӯ дар мактаби «Маҳви бесаводӣ» таҳсил намуда, соҳиби хату савод гардид.
М.Холматов иштирокчии фаъоли барпокунии сохти колхозӣ буд. Баъди ташкили колхози «Якуми май» деҳқонон ӯро якдилона бригадир интихоб карданд. Азбаски Мирзоаҳмад деҳқонбача буд ва забони заминро хуб медонист, ҳосили фаровон ба даст оварду сатҳи зиндагии аъзоёнаш рӯз аз рӯз хубтару беҳтар шуд.
Соли 1935 деҳқонон ӯро раиси колхози «Якуми май» интихоб карданд. М.Холматов барои ба боварии мардум арзанда гардидан тамоми роҳҳои нафъоварро ҷустуҷӯ кард. Дар замини колхоз пахта кишт карда, ҳосили фаровон ба даст овард. Колхози «Якуми май» яке аз хоҷагиҳои бой дар миқёси Ҷумҳурии РСС Тоҷикистон шинохта шуд. Мардум ба М.Холматов тан доданд ва санаи 12.12.1937 ӯро депутати Шӯрои Олии СССР (даъвати 1) интихоб карданд.
Давлат ба кадрҳои роҳбарикунанда ниёз дошт. Қобилияти кордонии М.Холматовро ба ҳисоб гирифта, солҳои 1939 -1946 раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони шаҳри Ӯротеппа таъин карданд. Ӯ аз уҳдаи ин вазифаи пурмаҳсул баромад. Барои сафарбарнамоии аскарон бар зидди ҷангӣ фашистони разил, ва таъмини ҷанговарон бо маводҳои хӯрокаю пушока саҳми босазо гузошт. Меҳнатҳои шоёнашро қадршиносӣ карданд ва барои иштирок дар Паради Ғалаба, ки санаи 24.06.1945 дар шаҳри Маскав баргузор гардид, ба ӯ даъватнома фиристониданд. Ӯ писари 9-солааш Файзиматро бо худ ҳамроҳ бурд ва дар китфаш гирифта аз Паради Ғалаба гузашт.
10.02.1946 Мирзоаҳмадро чун роҳбари пухтакору мардумпарвар бори дуюм депутати Шӯрои Олии СССР (даъвати 2) интихоб карданд. Солҳои 1946 -1948 ба вазифаи муовини раиси ҷамъияти матлуботи вилояти Ӯротеппа оид ба маҳсулоттайёркунӣ таъин гардид. Мағозаҳоро бо маҳсулотҳои зарурии ниёзи мардум таъмин кард. Байни мардуми вилоят соҳиби обрӯю эҳтиром гардид.
Пас аз барҳамхурии вилояти Ӯротеппа ба деҳааш Лолазор омада, раисии колхози «Якуми май»-ро ба зимма гирифт ва 21 соли умри бобаракати худро дар ин хоҷагӣ гузаронид. Барои бунёди мактаби деҳа, бунгоҳи тиббӣ ва дигар иншооти деҳа аз ҳисоби колхоз ҳиссагузорӣ кард. Колхоз яке аз хоҷагиҳои миллионер дар миқёси ҷумҳурӣ шинохта шуд. Барои меҳнатҳои шоёнаш ӯро бо ордени «Нишони фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945» ва Ифтихорномаҳою Сипосномаҳо қадршиносӣ кардаанд. Мардуми ноҳияи Деваштич то ҳол бо ӯ ифтихор мекунанд, зеро ягона иштирокчии Паради Ғалаба аз миқёси ноҳия мебошад.
Оиладор, соҳиби 9 фарзанд: Файзимату Анзурат, Роҳилаю Муниса, Муҳаббату Мӯътабар, Худойбердию Ҳалима ва Эгамбердӣ меваҳои умри Мирзоаҳмад Холматов ва ҳамсари меҳрубонаш, қаҳрамонмодар Робияхонум Холбоева мебошанд. Мутаасифона ҳоло танҳо фарзанди кенҷагиаш дар қайди ҳаёт бо наберу убера ва чаберагони Мирзоаҳмад Холматов ҳастанд.
Соли 1969 М.Холматов ба нафақаи ҷумҳуриявӣ баромад. Афсӯс, ҳамагӣ се сол роҳати даврони пирӣ ронд. Соли 1972 дар синни 70-солагӣ марги беамон қаҳрамони моро ба доми худ кашид, вале номи ӯ дар дилу дидаи мардуми шаҳри Истаравшан, ноҳияи Деваштич ва ноҳияи Шаҳристон абадӣ зиндаю ҷовид монд.
Фарзанди нек боғи падар
Фарзанди калониаш Файзимат Мирзоаҳмадов пас аз хатми Академияи хоҷагии қишлоқи ба номи Тимирязев ҳамчун агроном-олим дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Ӯротеппа ва Ғончӣ кор карда, баҳри ривоҷу равнақи корҳои кишоварзон саҳми босазо гузоштааст. Ӯ якчанд сол муовини раиси комиҷроияи ноҳияи Ғончӣ, раиси ҷамоати деҳоти Яхтан ва раиси хоҷагии ҷамоатии Фрунзе (хоҷагии қаблии «Якуми май», ки падараш кор карда буд) фаъолият кардааст.
Меҳнатҳояшро бо ордени «Нишони фахрӣ», медалҳои «Хизмати шоён», «Ветерани меҳнат» ва дорандаи ду нишони «Ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ» мебошад. Дар синни 60-солагӣ вафот кард…
Мақсадулло Ҷамолов,
н. Деваштич
