Зиндагӣ чунин сохта шудааст, ки ҳар касе ба саҳнаи он ворид мешавад, ҳатман, рӯзе аз он берун шудану рафтан дорад, ки 1 амри табиист ва касеро аз ин ҷои гурез нест.
Дар соли 2025 чандин чеҳраҳои намоёни илму фарҳанг, собиқадорони Ҷанги бузурги Ватанӣ ва мақомдорони баландпоя ҷони худро аз даст доданд:
Дар соҳаи варзиш
- Олег Хабӣ, собиқадори футболи тоҷик дар синни 85-солагӣ даргузашт. Марҳум дар Маскав муддати тӯлонӣ бемор буд. Аз соли 1962 то соли 1972 дар бошгоҳҳои “Энергетик”-и Душанбе ва “Помир”-и лигаи дуюм ва якуми класси “А”-и ИҶШС баромад карда, дар 261 вохӯрӣ 14 гол задааст. Пас аз анҷоми корномаи бозигарӣ, Хабӣ ба ҳайси мураббӣ дар “Помир”, “Ротор”-и Волгоград ва “Локомотив”-и Маскав фаъолият намудааст.
- Сергей Арслонов, собиқадори дигари футболи тоҷик дар синни 62-солагӣ дар шаҳри Тошканд даргузашт. Арслонов дар гузашта дар тими “Помир”-и Душанбе бозӣ мекард ва соли 1988 дар ҳайати даста ғолиби Лигаи якуми ИҶШС гардидааст.
3.Фаррух Ҳамдамов, Мураббии шоистаи тоҷик ва устоди варзиши СССР оид ба бокс, дар синнӣ 60-солагӣ, аз даст дод. Дар 290 набард 240 пирӯзӣ дорад. Ӯ тайи солҳои охир ба тамрину омодасозии муштзанҳои ҷавон машғул буд.
- Шариф Назаров-сармураббии Помир, ки бо ин даста медалҳои тилои Лигаи 1-ро гирифта, онро ба Лигаи Олӣ бароварда буд, 31 декабр оламро тарк кард.
- Муҳсин Муҳаммадиев 1 январи соли 2026 дар синни 59 солагӣ ин ҷаҳонро тарк намуд. Муҳсин ё худ “Муха” баъди Турсунов ва Вазген Манасян аз муваффақтарин бозигарони футболи тоҷик маҳсуб мерафт, ки дар клуби Спартак 2 карат чемпион ва дар Локомотив Маскаву Нижний Новгород низ бозидааст.
Собиқадорони ҶБВ
- Ҳотамбек Шокиров, охирин иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ноҳияи Мастчоҳ дар синни 99 даргузашт.
- Мухтор Заргаров, собиқадори ҷанг аз ш. Душанбе, дар синни 101-солагӣ аз олам даргузашт.
- Карим Рашид, собиқадори ҷангу меҳнат дар синни 113-солагӣ, аз олам даргузашт. Карим Рашид соли 1912 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шуда, соли 1942 ба ҷанг рафта, дар муҳорибаи шаддиди Сталинград иштирок ва дар ҳайати полки 204-уми артиллерии фронти якуми Украина ҷангида, то Берлин рафтааст.
- Олег Соболев, собиқадори ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар синни 17-солагӣ ба фронт рафта буд, низ оламро падруд гуфт. Қаҳрамони дифои Ленинград ва набардҳо барои озод кардани Прага, яке аз мухбирони куҳансоли ҷумҳурӣ, ки беш аз 50 сол дар Агентии телеграфи Тоҷикистон (ҳоло “Ховар”) кор кардааст.
Аҳли илму фарҳанг
- Гавҳар Мирҷумъаева, раққоса ва балетмейстери барҷастаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар синни 84-солагӣ даргузашт. Ба корномаи санъати ҳунарманди халқӣ рақсҳои фарҳангии гуногун дохил шуда, санъати миллиро дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ кардааст.
- Ҳабиб Саид, нависанда, рӯзноманигор ва блогнависи шинохтаи тоҷик муқими ФР. Ӯ бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ менавишт, китобҳои “Гуманоид субҳгоҳон пайдо мешавад” ва “Итолиёвӣ, хола ва Золушка”-ро навиштааст ва яке аз он камшумороне буд, ки дар солҳои охир ҳаёти худро ба омӯзиш ва таблиғи фарҳанги миллӣ, аз ҷумла мусиқии анъанавӣ, бахшидааст. Ҳабиб писари нависандаи машҳури тоҷик Лутфӣ Саид буд.
- 12. Ромиши Шералӣ, тарроҳи китоб, писари шоири маъруф Лоиқ Шералӣ дар синни 54 солагӣ дар паи бемории қалб, аз дунё даргузашт. Ӯ солҳои зиёд ба кор бо китобҳо, таҳрир ва тарроҳии нашрияҳо машғул буд.
- Светлана Ивановна Герасименко, астрофизики шинохтаи Шӯравию Тоҷикистон дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт. Вай яке аз кашшофони ситораи думдор Чурюмов-Герасименко буд. Герасименко соли 1973 бо даъвати Институти астрофизикаи Тоҷикистон ба Душанбе кӯчид. Вай ҳамчун корманди илмӣ дар институт кор мекард ва ситораҳои думдорро мушоҳида менамуду меомӯхт. Соли 2017 Герасименко ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Синоро ба даст овард.
- Азим Байзоев, донишманд, устоди ДМТ дар синни 65 солагӣ даргузашт. Байзоев муаллифи чанд китоби дарсӣ дар бораи омӯзиши хатти ниёгон ва чандин осори илмӣ дар бораи низоми таҳсил дар Тоҷикистон буд.
- Асланшо Раҳматуллоев, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон дунёро дар синни 70 падруд гуфт. Ӯ дар намоишномаҳои театрӣ ба монанди “Ҳамлет”, “Корвони бахт”, “Ҳодисаҳои ғайриоддӣ”, “Қолини кабуд”, “Подшоҳ Лир”, “Роҳзанон”, “Мардон гиря намекунанд”, “Ҳангоми хоби шаҳр” ва “Ғуруби аҷиби офтоб” нақш офаридааст. Раҳматуллоев инчунин дар беш аз 21 филм, аз ҷумла филмҳои байналмилалӣ, нақш бозидааст.
- Саидмурод Мардонов, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дӯсти газетаи мардумии СССР, ки асосан дар театрҳои Лоҳутӣ ва Оина фаъолият дошт, дар синни 85-солагӣ дунёро тарк кард. Ӯ дар беш аз 100 намоишномаи театрӣ ва 150 намоиши телевизионӣ нақш офаридааст.
- Тамара Абдушукурова, профессор ва собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон дар синни 85-солагӣ даргузашт. Вай аз соли 1990 то 1992 вазири фарҳанги Тоҷикистон буд. Вазорати фарҳанг марги Абдушукуроваро талафоти ҷуброннопазир барои санъат номид.
- Абдулқодири Раҳим, рӯзноманигор, шоир ва нависандаи хушноми тоҷик дар синни 64-солагӣ даргузашт. Ӯ дар нашрияҳои гуногун, аз ҷумла дар “Ҷумҳурият” аз соли 1993 ин ҷониб фаъолият дошт. Беҳтарин намунаҳои осораш дар маҷмӯаҳои ашъор ва нигоштаҳои мансури “Дурӯғи шабнам” (1993), “Чароғи ошноӣ” (1997), “Ҷилваи як нола” (1998), “Нусхаи парешонӣ” (2000), “Рӯшноӣ” (2003), “Фиреби меҳр” (2003), ‘Хилвати Оина” (2005), “Духтари афсонаҳо” (2006) гирд омадаанд.
- Кароматулло Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон ва барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар синни 83-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ яке аз сермаҳсултарин нависандагони адабиёти муосири тоҷик буд. Осори ӯ дар байни олимон ва хонандагони тоҷик хеле маъмул боқӣ мемонад.
Роҳбарон
- Темурҷон Абдулваҳобзода, директори “Тоҷикстандарт” дар паи беморӣ даргузашт. Абдулваҳобзода аз соли 2020 роҳбарии “Тоҷикстандарт”-ро ба уҳда дошт.
21.Сафаралӣ Наҷмиддин, собиқ вазири молияи Тоҷикистон.
Ӯ дар ин вазифа 13 сол, аз соли 2000 то 2013 кор карда, бо ордени Шараф дараҷаи якум сарфароз гардонида шудааст.
- 22. Шарифзода Бадриддин, судяи суди вилояти Суғд, зимни садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе -Чаноқ даргузашт. Марҳум фарди ботаҷриба дар низоми додгоҳии Тоҷикистон буда, тақрибан 30 сол дар ин соҳа дар мақомҳои гуногун фаъолият дошт.
- Иззатулло Шарифзода, генерал-полковник, собиқ сардори идораи зиндонҳои Тоҷикистон маъруф бо лақаби “Зорро”, дар синни 72 солагӣ даргузашт. Марҳум муддати 8 сол, аз соли 1997 то 2005 ба ҳайси сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе низ фаъолият дошт. Баъдан то соли 2018 роҳбари идораи зиндонҳои Тоҷикистон таъин гардид.
- Турсунбой Раҳматов, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон.
Соли 1992 ба ҳайси шаҳрдори Хуҷанд кор кардааст. Соли 2001 ӯ роҳбари Вазорати кишоварзии Тоҷикистон шуд. Аз соли 2004 то 2008 ба ҳайси раиси ноҳияи Мастчоҳ кор мекард.
Руҳашон шод боду ёдашон ба хайр!
