Ҷойе, ки ҷавонмард аст, он ҷой набард аст!

(Мактуби саркушода ба сардабир аз номи хонандагон ва аъзои Ихвон ал СССР)

Салом СССР ва Сайёфи гиромӣ! Аввалан соли нави мелодиро ба кулли ҳамватанон муборак мегӯям.

«Ман ба хулосае омадан дорам, ки журналистикаи тоҷик дигар ҷойи ман нест… Рӯзҳои наздик тасмими ниҳоӣ мегирам…». Ин суханҳо аз они Шумо нест, ман бовар надорам, дар ҳеҷ гуна ҳолат Шумо чунин суханҳоро бо забон намеоваред ва ё ба андешаи ман ин суханҳо «сюрприз», ҳамчун ҳазли соли навӣ аз ҷониби Шумо барои имтиҳон кардани кулли хонандагону ҳаводорони СССР мебошад.

Хирадманде гуфтааст: «Он ки моро аз пой дар меоварад, танҳо худи мо ҳастем». Танҳо хаста шудаеду дилтанг ва афсурдахотир. Шумо тарсу нестед! Чаро ин ҳазл ва гуфтаи ноҷоро ба забон овардаед? Иродаи матини Шумо куҷо шуд?

Хирадманди дигаре фармудааст: «Ҳар мард бояд доро бошад, ё ба дороӣ, ё ба тавоноӣ, ё ба зебоӣ, ё ба доноӣ, ё ба некӣ то нерӯманд гардаду арҷманд». Шукри Худованди бузургу тавоно, ниҳоду рӯзгори Шумо аз ин хислатҳои ҳамида орӣ нест, балки ҳамаи ин хислатҳоро Шумо доро ҳастеду арҷманд, ки на ҳама инро доранд. Зиндагӣ ин худаш мубориза асту набард. Тавре шоире гуфтааст:

Мекунам девонагӣ то бар сарам ғавғо шавад,

Сикка бар зар мезанам, то соҳибаш пайдо шавад.

Дар роҳи хизмат ба халқу Ватан, бедор кардану мустаҳкам кардани ҳисси худшиносӣ Шумо тули ин солҳо далеронаву нотарсона бо иродаи мустаҳкаму якрӯёна бо мухолифони ватану миллат набард карда ғавғо кардед. Натарсидед! Наҳаросидед! Ё имруз аз ғавғои якчанд сакалтуи ҳарзагуй иродаатон шикаста гардида, тарсидед? Он суханҳои навмедона шоистаи Шумо нест! Ҷавонмард аз набард наметарсад (С. Ятимов).

Шуҷоату далериву нотарсиро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ва касби пешакардаатон аз Пешвои муаззами миллат, журналисти амрикоӣ Такер Карлсон ва аз журналисти ҷавонмарг Муродуллоҳи Шерализода омӯхтед ку!

Бо рафтани равоншод Акбари Саттор рӯзномаи «Чархи гардун» ва як қатор дигар нашрияҳои мардумӣ аз фаъолият бозмонд ва бо нашри аввалин шумораи СССР то ба имрӯз мардум барои худ минбар дарёфт карду Шумо бо рафтани худ, мардуми мӯҳтоҷи суханро аз минбар маҳрум кардан мехоҳед, ки ин амал шоистаи Шумо нест. Мардумро ноумеду дар нимароҳ напартоед.

Бо навиштани сармақолаҳои СССР ва дигар матлабҳои ба нашр расонда, аз ҷониби Шумо камбудию ноқисиҳои ҷомеа ошкор ва мавриди танқид қарор гирифта шуда ва дар аксар ҳолатҳо роҳи ҳалли ин мушкилот воқеъбинона нишон дода мешаванд, ки бо ин кору амал рисолати журналистии худро иҷро кардан доред.

Қонуни фалсафии ба ҳам зиддҳо дар ҷомеаву табиат мавҷуд аст, ки бе он намешавад. Дар ҳама касбу ҳунарҳо ин қонуни бо ҳам зиддҳо амал дорад, ки инро Шумо хубтар медонед.

Сарвари муаззами миллат фармудаанд: «Ҳар яки мо дар кадом вазифае, ки хизмат кунем, дар навбати аввал, бояд иродаи мустаҳкам дошта бошем ва ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистони соҳибихтиёр, ба Ватан, миллат ва давлати худ содиқ бошему фарзандвор хизмат намоем».

Мӯҳлати хизмати Шумо бошад ба анҷом нарасидаасту он то абад идома бояд дода шавад.

Шиори рӯзномаи СССР Мо метавонем! Шиори ҳазорҳо хонандагону ҳаводорони рӯзномаи СССР гардидааст.

Пешвои муаззами миллат ба тамоми сокинони Ҷумҳурии азизамон хитоб кард: «Тоҷикистон ба пеш!» ё ин хитобаи ватандӯстонаи Сарвари кишварро фаромуш кардед?

Рӯҳафтодаю иродашикаста ва дилмонда нагардед! Мо бо Шумоем!  Ва мо дар ҳамдастӣ метавонем!

С. Ҳайдаров,

н. Темурмалик

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube