13 шумораи СССР
Рӯзи якшанбеи 7.12.2025 дар маъракаи оши никоҳи фарзандони яке аз дӯстон қарор дорем. Ҳамсинфам Исмоил ба хешу табори худ каминаро бисёр таърифу ситоиш намуда, ҳамчун муаллими математика муаррифӣ кард. Ҳол он ки инженери одии советӣ ҳастаму халос. Фақат баъзан мушоҳида, фикру андешаҳоро бо фоизу рақамҳо мефаҳмонам. Протсент далелест, ки дар хотир мемонад.
Баъди тановули оши палав ба Исмоил, ки вақти намози шомро ёдовар мешуд, гуфтам: – Ҳоҷӣ бобо, медонед, баъди 13 намози ҷумъа баҳори тақвимӣ фаро мерасад. Мо бошем 13 шумораи газетаи СССР –ро ба даст мегирем! Ӯ табассум карда,чун дӯсти овони мактабхонӣ ҳамдигарро ба оғӯш гирифтем.
Ба хона омада, ин ҷадвалро тартиб додам (лутфан нигаред).
| № | Объекти таҳлил | Рӯйдод давоми 13 ҳафтаи тақвимӣ |
Финиш (марра) то Наврӯз |
|||||||||||||
|
Старт оғози зимистон |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | |||
| 1 | Календар | 1.12(Дш) | 8.12 | 15.12 | 22.12 | 29.12 | 5.01 | 12.01 | 19.01 | 26.01 | 2.02 | 9.02. | 16.02 | 23.02 | 2.03 | 19рӯз |
| 2 | Нашрияи СССР | 4.12(Пш) | 11.12 | 18.12 | 25.12 | 1.01 | 8.01 | 15.01 | 22.01 | 29.01 | 5.02 | 12.02 | 19.02 | 26.02 | 5.03 | 16рӯз |
| 3 | Намози ҷумъа | 5.12(Ҷм) | 12.12 | 19.12 | 26.12 | 2.01 | 9.01 | 16.01 | 23.01 | 30.01 | 6.02 | 13.02 | 20.02 | 27.02 | 6.03 | 15рӯз |
Баъзан ба дӯстонам гузаштани рӯзу моҳро ба фоиз мефаҳмондам. Мисол: таърихи рӯз-10.04.2025 сипарӣ шуд-33% (сеяки моҳ) 10.02.2025=36%, 10.05.2025=32% Зимистони тақвимии соли 2025-2026 декабр+январ+феврал=31+31+28=90 рӯз ё 13 ҳафтаи календар.
Маҳдудияти барқ ҳам ба ҳамин давра рост меояд, яъне тақрибан 100 рӯзи душворӣ (критический)барои ШБТ.
Ин 100 ё 120 рӯзи лимит 1/3 (сеяки) 1 солро ташкил медиҳад. Худоро шукр, анқариб 70%-и сол мо проблемаи барқ надорем!
Хонандагони азизи СССР, дарки факту рақамҳои сиёсӣ бо ифодаи % (дарсад) таҳлилгарро гоҳе ғамгину мутаассир мекунад. Масалан, тақсимоти Осиёи Миёна дар соли 1924 аз нуқтаи назари анализи арифметикӣ чунин маънои аламоварро дорад: Дар 95 % қаламрави собиқ империяи Сомониён ҳамсоягон соҳибдавлат шуданду ворисони И.Сомонӣ бошад молики кӯчактарин сарзамин бо 93 % кӯҳсор шуданд.
Дар арафаи соли нави 2026 як орзуи деринаи худро баён мекунам: Бо мақсади додани қувваи оҳану бетон ва тобиши бриллиант ба дӯстии ҷовидонаи халқҳои Тоҷику Ӯзбек бисёр хуб мешуд, агар мақбараи таърихии Исмоили Сомонӣ (асри 10) мероси якҷояи шаҳрҳои Бухорову Душанбе эълон карда шавад.
Маннон Махсумов,
ш. Истаравшан
