Спитамен: Чашма чаро хушкид?

Наход дар ноҳия 1 экскватор набошад, ки чашмаро тоза карда, мардумро бо об таъмин созанд?

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳақ обро сарчашмаи асосии ҳаёт номидаанд. Бо ташаббуси Сарвари давлатамон   дар ҷаҳон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» эълон гардидааст. Аммо аз бепарвоии масъулин дар деҳаи Сафедтеппа чашмаҳо хушкиданду моҳиҳои он фавтиданд. Боғҳо низ хушкида истодаанду ҳосили деҳқонон талаф меёбад. Аз ин ҳоли ногувор ҳама деҳқонону боғдорони минтақа хавотирӣ доранд.

– Дар 25 соли охир бори аввал чунин ҳолат рух медиҳад. Шояд сабаби ин вазъ омадани сел бошад, ки регу сангрезаи зиёдро ба кӯл рехт, – мегӯяд боғбони минтақа Рустам Каримов.

Кӯле, ки аз оби чашма пур мегашт, хурд бошад ҳам, манфиати зиёд дошт. Бо беш аз 100 метр дарозӣ, 20 метр паҳноӣ ва 3,5 метр чуқурияш ҳазорҳо моҳиро дарбар мегирифт. Аз оби он даҳҳо гектар замин ва боғот обшор мегашт. Сокини деҳаи Сафедтеппаи Ҷамоати деҳоти Истиқлол Рустам Каримов ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бобати мусоидат дар тоза намудани чашма муроҷиат намуд. Ҳарчанд бо ташаббуси мақомоти маҳаллӣ дар ин мавзеъ бо иштироки аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сокинони маҳалла ҳашар ташкил карда шуд, масъала ҳалли худро наёфт. Ба ақидаи собиқадори соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ Абдулатиф Султонов ба хушк шудани кӯли пур аз об, пеш аз ҳама омадани сел ва баста шудани чашмаҳо, кам гаштани оби зеризаминӣ дар ин мавзеъ ва боғро решакан кардани мардум сабаб гаштааст. Роҳи ягонаи раҳоӣ аз ин вазъ ва барқарор намудани оби кӯл кушодани чашмаҳост. Масъаларо дуруст дарк карда, бобати бо техника таъмин ва тоза намудани кӯл чора андешидан вазифаи масъулини соҳа аст. Аммо ин кор амалӣ нашуда истодааст. Сокинони деҳа умедворанд, ки мушкилоташон ҳалли мусбии худро дармеёбад. Дар навбати худ онҳо омодаанд, техникаро бо сӯзишворӣ таъмин намоянд.

Шариф Нуриддин,

собиқадори соҳаи матбуот,

тел: 928766157

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube