Сӯҳроби Ял 87 сола шуд…

ҲОШИМ ГАДОЕВ ВА “ӮЗБЕКФИЛМ”

Дар садаи бист, дар миқёси Иттиҳоди Шуравӣ ҳунарманди  забардасти тоҷик Ҳошим Гадоевро, дар ибтидо ҳамчун актёри кино шинохта буданд. Маъруфияти бозигар аз соли 1972, аз бози ба прокат баромадани филми ҳунарии “Рустам ва Суҳроб” (режиссёр Борис Кимёгаров) расонаӣ гашт. Суҳроби Ҳошим Гадоев ба зудӣ дар қалби миллионҳо ҳаводорони кинои ватанию хориҷӣ маскан гузид. Маъруфияту маҳбубияти ҳунарманд аз як бар сад дакка хӯрд. Ҳолонкӣ вай то ба он маврид дар ”Тоҷикфилм”, дар филмҳои ҳунарии “12 соати ҳаёт” (Комил, 1964), “Гуреза” (Сафар, 1969) ва дар киностудияи “Ӯзбекфилм” (Абдулатиф, “Ситораи Улуғбек”,1964) рух намуда буд.

Солҳои баъдӣ Ҳошим Гадоев ба ҷуз ҳунарнамоӣ дар театру кинои тоҷик, ҳамчунон дар киностудияҳои ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ нақшҳои ҷолиб офарид. Дар зарфи 30 сол (1964 – 1994) ба қавли онҷониб, дар 12 филми ҳунарии синамогарони хориҷӣ бозӣ кардааст. Ба мисол дар киностудияҳои “Ӯзбекфилм”, “Озарбойҷонфилм” ва “Белорусфилм”. Аммо ин раҳ аз бозигарии ӯ дар “Ӯзбекфилм” хоҳем гуфт. Зеро Ҳошим Гадоев маҳз дар ҳамин киностудия дар 9 филм нақш офаридааст: “Ситораи Улуғбек” (“Звезда Улуғбека”, Абдулатиф, 1964), “Дар раъду барқ таваллудшуда” (“Родившаяся в грозу”, 1965), “Дар пайроҳаи сарҳад” (“У границы”, Туркон, 1975), “Ба Ватан хизмат мекунам” (“Служу отечеству”, Бобо Паштунӣ, 1980), “Бедоршавӣ” (“Пробуждение”, 2 – серия, Қудрат, 1985), “Задухӯрдӣ се шоҳаншоҳ” (“Битва трёх королей”, 5 -серия, 1990…), “Суғдиён” (“Согдийцы”, 2 – серия, 1993), “Тӯрони бузург” (“Великий Туран”, Гурек, 1994) ва “Сарҳад” (“Рубеж” 1974, “Ӯзбекфилм”).

ОШНОӢ

Ҳошим Гадоев (10,5.1937, ш. Кӯлоб),  режиссёри театр. Артисти халқии РСС Тоҷикистон (1979). Артисти халқии СССР (1988), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ (1972), барандаи Мукофотии давлатии СССР (1987), дорандаи Ҷоизаи ба номи Анаҳито (1995).

Аъзои Иттифоқи кинематографистони СССР (1972). (Мукофоти Абуабдулло Рӯдакӣ барои нақши Суҳроб (“ Рустам ва Суҳроб”, 1972), Мукофоти давлатии СССР барои таҳия (ҳам нақши асосӣ) – и намоиши “Эдип”, 1988).

Аз соли 1964 дар филмҳои ҳунарии “Тоҷикфилм” нақш меофарад.

***

РАҲ

Ҳунарнамоии ҳунарпешаи мумтоз Ҳошим Гадоев дар олами синамо, берун аз кишвар, сар аз филми ҳунарии “Ситораи Улуғбек” (1964) нақши писари Улуғбек Абдулатиф оғоз шудааст. Таҳиягарони филм (сенарияи М. Шайхзода, коргардон – таҳиягар Л. Файзиев, оператор А. Панн) филми ҷолибе бардоштаанд. Нақши асосӣ – Улуғбекро яке аз ҳунарпешаҳои собиқадори Театри давлатии академии драмавии ба номи Ҳамза, Артисти халқии СССР Шукур Бурҳонов бозидааст. Ҳошим Гадоев “падараш” – ро ҳунарпешаи бузург унвон медиҳад.

Ба иқрори забардаст вай тамоми умр нақшҳои асосии худро  тавассути кастинг (озмун) ба даст овардааст. Дар рафти чунин озмунҳо Ҳошим Гадоев бо ҳунармандони маъруфи Иттифоқи Советӣ ва ғайра ғолибият ба даст оварда буд. Чуноне зикр рафт яке аз имтиҳонҳои ҷиддӣ, кастингҳои нахустини вай дар “Ӯзбекфилм”, дар филми ҳунарии “Ситораи Улуғбек” ба вуқуъ пайваст. Таҳиягарон барои иҷрои нақши Абдулатиф (писари Улуғбек) чанд моҳ актёри мувофиқ ҷустанд ва ниҳоят актёри тоҷик Ҳошим Гадоевро ба Тошканд хонданд. Бо иқрори ҳунарманд, вақте ба толор ворид гашт, шунид, ки мегуфтанд, о, охир ӯ ба урус монанд аст. Ҳошим Гадоев ба раҳи омадааш пас гашта, ба ҳуҷраи гримёркунӣ даромад ва худро пардоз дода, либос пӯшид. Чун такроран ба толор ворид шуд, шунид, ана акнун ба ӯзбек монанд гашт…

МУАММО

Баробари аз имтиҳони аввал гузаштан, Ҳошим Гадоев дар ғавғои навбатӣ дармонд. Ҳамаи ҳуҷҷату матолиби зарурӣ марбут ба филмро масъулон ба КМ ҲК Ӯзбекистон, ба котиби якум Шароф Рашидов бурданд. Роҳбари аввал пурсон шуд:

– Ин ҳунарпеша кист?

– Тоҷик, аз Тоҷикистон…

– Чӣ муаммост?

– Ӯ набояд ин нақшро бозад, вай аз дигар миллат аст. Барои ҳамин баҳс дорем. Назди шумо омадем, ки ба баҳс хотима гузоред…

Шароф Рашидови мутафаккир ба муаррифӣ ва аксҳои ҳунарпешаи бомаҳорати тоҷик Ҳошим Гадоев зеҳн монда, боварӣ ҳосил кард, ки ӯ воқеан тоҷик асту аз Тоҷикистон, чун шахси фарҳангӣ, дурандешу оқил, хулосаи нек баровард:

– Вот он и будет играть!…

Аслан “падар” – и Ҳошим ҳунарпешаи маъруф Шукур Бурҳонов зид набуд, ки ин нақшро ҳунарманди асил биофарад. Пири кор он лаҳза гуфта буд: “Аз он хушҳолам, ки маҳз шумо дар ин филм нақши Абдулатифро меофаред…”

Ҳошим Гадоев навиштаи ҳунарманди мумтози Ӯзбекистонро хуб аз бар намуда ва лаҳзаи мувофиқ бо ифтихор зикр мекунад, ман китоби устодро ба соядасташ дорам: “Дорогому Хашим – хану! В знак любви и признания большого таланта. От учителя и старшего товарища Шукура Бурханова…”

Филми “Ситораи Улуғбек” дар сафи филмҳои маъруфтарини Ӯзбекистон мақоми арзандаро касб кард. Ҳамчунон филми мазкур дар саросари ҷамоҳири Иттиҳоди Шуравӣ ва хориҷа ҳаводорони зиёдеро дарёфт.

Пас аз он режисёр Л. Файзиев ҳунарпешаи тоҷик Ҳошим Гадоевро барои иҷрои нақши Низомиддин дар филми ҳунарии “Наташа хонум” хонд. Устоди ҳунар нақши манфӣ – муллои ҷавонро, ки зидди ҳунарпеша шудани зани ҷавонаш шуда буд, басо хотирмон бозидааст.

Чанде пас Латиф Файзиев Ҳошимро ба филми дигари худ “Ба Ватан хизмат мекунам”, даъват карда ба ӯ иҷрои яке аз нақшҳои марказии филм – сардори балвогарони афғонӣ Бобо Паштуниро бовар намуд.

ЗАФАР

Услуб, бозигарӣ, типажи ҳунарпешаи мумтоз Ҳошим Гадоев мақбули синамогарон буд ва ӯ инро ба хубӣ дарк мекард. Соли 1985 коргардон дар филми ҳунарии 2 – сериягии хеш “Бедоршавӣ” дар нақши асосӣ – қаҳрамони халқи ӯзбек, инқилобчӣ Қудрат Ҳошим Гадоевро мақбул донист. Боиси зикр аст, ки дар ин филми таърихӣ ҳунарпешаҳои маъруфи советӣ Инокентий Смоктуновский ва Кирил Лавров нақш офаридаанд.

Ҳамон овон журналистон аз Артисти халқии СССР Кирил Лавров пурсида буданд: – Фикри шумо оид ба ҳунари актёрии Ҳошим Гадоев? Кирил Лавров чунин посух дод: – Ман чунин ҳунарпешаро бори аввал мебинам. Ҳошим актёри ҳайратоварест. Бо ӯ нақш офаридан роҳат аст. Фирк мекунам, ки ин актёр ояндаи дурахшон дорад.

Инак аз он пешгӯии ҳунарманди маъруфи СССР қариб 40 сол сипарӣ гашт. Ва ӯ дар баҳо нисбати артисти маъруфи тоҷик хато накарда будааст.

Нақши дигари ҳунарманд дар “Ӯзбекфилм”, филми режиссёр Эдуард Хачатуров буд. Нақши Туркан  дар филми ҳунарии 3 – сериягии “Дар пайраҳаи сарҳад” (“У границы”) низ бо кинопроба ба Ҳошим Гадоев насиб гардид.

Қабл аз оғози банаворгирии филм ва ҳини  нақшофарӣ лаҳазаҳои  аҷоибу ҳайратовар зиёд буданд. Баъди ба шаҳри Тошканд ҳозир шудан ӯ дарёфт, ки барои кулли нақшофарони филми мазкур сарулибос дӯхта будаанд, ба ҷуз Ҳошим Гадоев. Чун вай ба ҳодисаҳои ногаҳонӣ – “сюрпризҳо” омӯхт буд, худро гум накард. Озодона ба ҷиҳозхонаи киностудия даромада, аз яке попушӣ аз дигарӣ галстук ва аз савумӣ пироҳан дархост. Ва нақши худро дар баробари актёри собиқадори Ӯзбекистон, Артисти халқии СССР Набӣ Раҳимов мароқовару хотирмон бозид. Коргардон ва дастандаркорони филм ба ҳунари варзидаи Ҳошим Гадоев қоил монданд.

 

Умар АЛӢ

10.5.2022

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube