СУЛҲПАРАСТОН

1 ҳарфи сӯфиёна бигӯям иҷозат аст?

Эй нури дида, Сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ…

 

27.06.2024. Алихон Шарипов, 1 бознишаста дар ш. Кӯлоб, ғавғои ахирии табаддулоти давлатиро аз ҷониби соҳибкурсиёни собиқ шунида, бо афсӯсу надомат гуфт:

– Ман, дар ҷайбам 1 танга надорам! Бо ҳама хизмате, ки бар Ватан дар ҷабҳаи ҷангу меҳнат кардаам, 460 сомонӣ нафақа мегирам. Вале шукри тинҷиву амонӣ ва сулҳу ваҳдат мекунам. Ин сарватмандонро чӣ балое расида, ки бо тамомии кушку қасру нӯшу неъмату давлату сарват боз дар фикри ҷангу пархош ва хархашаву табаддулотанд???

Савол риторикист ва посухи давомдор талаб мекунад…

Воқеан ҳам, чаро афроде, ки сари қудрату савори маркаби мансабанд, ба мо аз Сулҳу Ваҳдат мегӯянду ҳамин ки аз кор рафтанд, андешаашон тағйир мекунад? Шахсан ман шубҳа дорам, ки имрӯз сарбардоштаҳо аз охиринҳо бошанд. Мутаассуф, аксарият (!!!), ки аз кор рафтанд, дар андешаи ниқору қасос бар ҳукумати марказӣ мешаванд. Намешаванд? Мешавед!!! Ещё как мешавед!

Ин хитоб бар собиқҳо нест. Бар имрӯзиён низ хитоба дорам. Зеро аксарият курсии мансабро Ватан мехонед, на Тоҷикистон, на Давлат, на Миллатро.

Барои шумо, мутаассуф, люмпен-патриотҳо ватану миллат ин курсиву роҳати фардӣ ва ояндаи бе ғубори фарзандонатон асту бас. Ва ҳамин, ки рафтед, тамом, адо, капут. Ватану миллату давлату ормонҳои миллӣ ба хоки сияҳ баробар мешаванд. Борҳо гуфтаву боз мегӯям, Ҳукумати Марказӣ ва Шуъбаи кадрҳо курсихоҳонро дар амал санҷад, на дар сухан. Чигуна? Мисоли одӣ:

– Ҳар чиновник, фарзандашро довталабона ба хизмат бурда супорад. Новобаста аз он, ки дар донишгоҳи бонуфузе мехонад (магар писари вазиреро дидаед, ки нахонад?!).

– Зану духтарони худро дар ва бо либоси миллӣ, ки имрӯз таблиғу ташвиқаш дорем (наконец-то!!!), ҳар шом ба кӯчаву порку гулгаштҳо барорад, то дигарон бинанд, ки амалан Ҳукумат дар андешаи миллисозии фарҳанги либоса гаштааст.

– Атфоли ишон ба ҳашарҳо бароянд ва бо мардум кор кунанд.

– Занҳои ҳар мансабдор аз кунҷи хона баромада, сатракашро канора гузошта, ҲАТМАН дар корҳои ҷамъиятӣ, фаҳмондадиҳӣ, ҷамъомаду маҷлисҳои фарҳангӣ ҳузури қадам ёбанд.

– Зани ҳама раисони шаҳру навоҳӣ дар чорабиниҳои фарҳангӣ ба таври ҳамешагӣ иштирок кунанд.

– Сарватмандоне, ки маҳз дар даврони Истиқлоли Давлати дунявӣ соҳибиззату пулдор шудаанд, занҳои ба таъбири Шарифи Мисайзод «аз Очаҳояшон мерос мондаро», мисли занҳои базеби 2 ва 3 -ашон ба хориҷаи дуру наздик ба тамошо бубаранд, то онҳо омада, мубаллиғи сохтори дунявият дар байни бонувони маҳаллӣ гарданд.  Ин ҷо ташреҳ лозим:

 

Ремарки 1

Сарватманду давлатмардони мо занҳои «Мероси Очагӣ»-ро танҳо ба ҳаҷ мебаранд, то «одам шуда», зидди зани дувумашон нагарданд. Даст ба дил гузошта гӯед, ки СМ ҳаққ аст: пеши виждонатон ақаллан рост гӯед, вагарна бо факт исбот мекунем, ки чунин ҳаст! Ва ана ҳамин занҳо пасон сатр ба бар карда, мубаллиғи либоси хориҷӣ мегарданд (мисле, ки занҳои 2 ва 3 таблиғгари либоси нимаурёни фарҳанги бараҳнагии урупоиянд). Касе факт мехоҳад, марҳабо, ҳамин шаб ба поркҳои марказӣ раваду бинад, ки занҳои сарватмандон бо либоси арабӣ онгуна пойтахтро мепечанд, ки ҳисобаш гум. Ин ҷо ҳам 1 рейдча гузаронед, ҳамааш маълум мегардад. Слабо?

Боз мегӯям, банда зидди сатри аврати миллии тоҷикӣ нестам, яъне тарафдори поҷома ва рӯмолу докаву куртаи атласу чакану адрасу гулбасту шоҳиям; ман зидди кафанпечиҳои туркӣ-арабӣ мебошам, ки бо ислом ҳич рабте надорад!…

 

– Ротатсияи 5-сола ҳатман баргардонда шавад! Ҳатто вакилон иваз гарданд. Яъне касе 5 сол кор кард, 1-2 сол дар «банка» нишинад, корҳои ҷамъиятӣ кунад, бо халқ омезад ва сипас боз ба курсии мансаб баргардад. На инҷурӣ, ки имрӯз ин ҷо раис, пагоҳ оҷилан дар дигар ҷо вазир ва баръакс. Қазияи боздошти ҳамин вакили охирӣ бори дигар гувоҳ аст, ки дар 1 курсӣ дур ба дароз нишастан хатарҳо дорад!

– Ҳама соҳибмансабон ФЕЙС ва Телеграмми худро кушоянд, то дилхоҳ кас, бигзор ҳатто бо имзои мустаор ва Фейк бо онҳо дар тамос шавад: ҳоло вузарои мо барои асабӣ нашудан бо имзои худ ба шабакаҳои иҷтимоӣ намедароянд. О, дароед, бинед, ки дар бораатон чӣ фикр дорад, мардум?! Ва ё асаби нозуки шумо наҳитфар аз асаби давлату миллат аст? Вақте ватану миллат таҳқир мешавад, бояд шумо-соҳибмансабон бештар асабӣ шавед…

Бе шакку тардид имрӯз халқи одӣ, аз бархе масъулину сарватмандон дида, бештар моили Сулҳанд ва Сарвари давлаташонро, ки ба онҳо Ваҳдати миллӣ овардааст, бе ягон ғараз дӯст медоранд.

 

Ремарки 2

Вақте дар марзи қирғиз 2 сол пеш ҷанг сар зад, танҳо аз 1 шаҳри Кӯлоб 2000 нафар ихтиёран ҳозир шуд, то ба дифои сарҳади Тоҷикистон дар вилояти Суғд равад (чуноне, ки аз Мастчоҳу Истаравшану Ғарму Хоруғ низ даъвои ватандорӣ мекарданд он рӯзҳо!). Соате толибон Кобулро гирифтанду вазъ ноҳамвор гардид, зиёда аз 12000 марди шуҷоъи ҷангдида дар ҳамин шаҳри Кӯлоб ҳозир шуд, то ба марз рафта, бо душмани эҳтимолӣ, ки хатар эҷод мекард, панҷа нарм кунанд… Вале миёни ин мардум писари 1 мансабдор набуд!!! Пас куҷост он даъватҳои миллӣ-патриотии мо???

 

Шуравӣ камбуд дошт, ки барҳам рехт, вале корҳои назаррасе ҳам дошт, ки бояд аз он омухт. Фарзи мисол, бо мардум танҳо онҳое роҷеъ ба қаҳрамониву шуҷоат суҳбат мекраданд, ки худ шуҷоъ ва далер буданд ва амалан дар ҶБВ, набарди Афғонистон ширкат доштанд. Ҳоло чӣ? Ҳоло афроде «ради галочки» ба суҳбати халқ мераванду даъвои ватанпарастӣ мекунанд, ки худашон 1 сӯ, писару наберагонашон бӯи боруту маззаи кафлеси сарбозиро начашидаанд.

 

Ташреҳ-ремарки 3

 Дар Армияи Советӣ ҳар нафаре 1 сол хизмат мекард, ба паси равғанинаш ҳатман 12 зарбаи кафлес-черпак мехӯрду танҳо баъди ин сарбози воқеӣ, яъне «черпак» унвон мегирифт. Ин таҳқир на, ифтихор буд!!!

 

Халқ, раъият, мардум, миллат ягон мушкил имрӯз надорад. То ҷое бар ман иттифоқ уфтодааст, ки бо Тоҷикони сарбуланд чӣ дар дохил ва чӣ хориҷи кишвар суҳбат кунам, ҳама тарафдори Сулҳ ва Ваҳдати миллиянд. Ба вежа хориҷиён. Зеро онҳо бо чашми сар азобу уқубати ғурбати нафари беватанро кашидаанд.

То соли 1997 куллияи Тоҷики фирорӣ ватан надошт. Зеро бовар ба ватан набуд. Вале 27 июн расид ва Шартномае, ки миёни Ҳукумати Марказӣ ва оппозитсия баста гардид, ба дилҳо умед овард. Ҳамакнун ин ғарибон бовар карданд, ки ақаллан мурдаашонро дар хориҷ намесӯзанд, ба ватан, ба диёр, ба қишлоқашон бармегардонанду замини поки Ватан ҷасади нопоки ишонро ба оғӯши гарм мегирад. Гуфти Бобои Ғулом «паъаттарин тоҷик», ки имрӯз дар Аврупо нишаставу ба Ватан санги маломат мезанад, дар дил бовар ва итминон дорад, ки мурдаашро ҳатман ба Тоҷикистон меоранд…

Бархе аз афроде, ки усулан дар ҷанги гражданӣ ширкат надоштаву аловмон буданд, имрӯз низ чун бурдаи нони равғанинро аз даст раҳо кардаанд, фирорӣ шудаву сӯи Ҳукумат санг мезананд, ки он «30%-аҳо» куҷо шуданд? Дар сумбула ё худ символи Рӯзи Ваҳдат 2 даст аст ку?

Бале 2 даст аст: 1 дасти ҷанг ва дигарӣ дасти сулҳ. Дасти сулҳи миллати тоҷик дасти пурхуни оппозитсияро мефишорад. Дуввум ин ки «30%-аҳо» ҳамин ҷоанд! Зиндаҳошон давлати пирӣ меронанду мурдаҳо ақаллан дар Ватан мадфун ва наздикон ҳар Иди Қурбону Рамазон сари гӯрашон шуда, 1 каф дуо мехонанд. Магар аз ин дида сарвате барои 1 мусалмон вуҷуд дорад, ки мурдағариб нагаштаст? Агар 27 июн намебуд, оё мурдаҳои инҳо оромгоҳу руҳашон ором меёфт? Ҳаргиз на…

Зимнан ба қадри ин Рӯзи Бузург расед мардум! Зеро Тоҷик ягона халқ дар ақсои олам аст, ки бо ФАНДи муллоҳои наҳзатӣ якдигарро кушт ва бо ПАНДи Сарвари давлаташ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сулҳ баст. Мо ягона давлатем, ки рӯзи Ғалаба бар ҷаҳлро чун Рӯзи Сулҳ ҷашн мегирем. Ин иди мо дар олам аналог надорад. Касе бовар намекунад, мисол орад. Мо нашр мекунем. Намегӯем Сулҳ дар дигар давлатҳо баста нашудааст. Мо мегӯем, Тоҷикистон ягона давлатест, ки аз Сулҳ чун аз Рӯзи Ваҳдат ва Рӯзи Ғалаба истиқбол мекунад.

 

27-солагии 27-уми июн муборак, ҳамватан.

Мо Метавонем!!!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube