ТАРБУЗИ ЗАРД – ҲАСТ!

Макнуна Пирова, яке аз хонандагони доимии газетаи мардумӣ дар шумораи гузашта бо редаксия тамос гирифта, аз таблиғи аз ҳад зиёди тарбузи зард дар ТВ, вале набуди он дар бозорҳои ш.Душанбе ибрози андеша кард. Инак, дар пайи муроҷиати хонанда мо ба ҷойи кишти ин навъи тарбузи навбаромад, ки ноҳияи Ҷайҳун маҳсуб мешавад, сафар намудем. Бо мо бош, хонанда, ки Мо Метавонем!

 

200 тонна тарбузи зард содирот шуд

12.07.2024. Соат ба вақти Ҷайҳун 08:30 дақиқа. Нахуст мо хостем аз наздик бо кишоварзон дар бораи парвариш, содирот, ва нашъунамои тарбузи навбаромад маълумот бигирем ва ба МИҲД ноҳияи Ҷайҳун, ба муовини аввали раиси ноҳия оид ба соҳаи кишоварзӣ Зикрулло Ҳайдарзода муроҷиат намудем.

Тавре мавсуф қайд намуд, соли сеюм аст, ки дар ноҳияи Ҷайҳун кишт ва парвариши тарбузи зард ба роҳ монда шуда, дар баробари тарбузи маъмулӣ харидорони ин навъ ҳам кам нестанд. Чун ин маҳсулоти полезӣ намуди нав дорад яқин аст, ки барои боре лаззату таъми онро чашидан одамон онро харидорӣ менамоянд.

Ноҳияи Ҷайҳун яке аз ноҳияҳои аграрии мамлакат ҳисобида шуда, дар ихтиёраш 17,780 га замин дорад. Имсол дар қисматҳои обии заминҳои ноҳия дар 17, 70 га кишт гузаронда шудааст, ки аз инҳо 16,054 га полезиро ташкил медиҳад. Маҳсулоти ҷамъовардаи деҳқонон ба НТМ ва вилоятҳои ҷумҳурӣ содирот гардида, дар таъмини бозорҳо низ деҳқонони ҷайҳунӣ саҳм доранд. Дар ноҳия ба ғайр аз парваришу кишти тарбузи зард боз 5 намуди дигари тарбуз парвариш меёбад. Деҳқонони Ҷайҳун аз ҳар 1 га замин 450 то 500 сентнерӣ тарбузи зард руёниданд. Имсол содироти тарбузи зард ба Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия ба роҳ монда шуда, ҳаҷми маҳсулоти содиргардида 200 тоннаро ташкил дод, – гуфт Зикрулло Ҳайдарзода.

 

Содирот – талаби №1

Бояд гуфт, ки тухми ин навъи тарбуз аслан тибқи барномаи махсуси ташкилоти ЮСАИД – Агентии ҳамкории Амрико дастрас мегардад ва на ҳар хоҷагии деҳқонӣ имкони харидани онро дорад. Онҳое, ки тарбузи зардро парвариш кардаанд, асосан ба содироти он машғуланд, аз ин сабаб ин навъи тарбуз дар бозорҳо камчин аст.

Таъм ҳамону ранг дигар

Аз масъулон хоҳиш намудем, ки моро ба ҷойи кишти ин навъи тарбуз раҳнамоӣ намоянд. Ва ҳамин тавр ҳам карданд.

Дар ҷамоати деҳоти Истиқлол ба назди деҳқонони асили тарбузкор рафта, аз наздик бо чашми сар парвариши ин навъро мушоҳида намудем. Агар ростӣ қоил шавам ман бори аввал аст, ки ин навъи тарбузро дидаму кандаму чашидаму лаззаташро эҳсос кардам. Мазаву таъмаш аз ҳамин тарбузҳои маъмулӣ фарқ надоштааст. Аммо мардона бояд иқрор шуд, ки ҳамон тарбузҳои бобоии худамон дигаранд. Чун тухми ин навъ нав ба Тоҷикистон ворид шудааст, дар назари одамон ғалатӣ менамояд. Тавре мегӯянд, мо, ки дар ҳама ҷодаҳо, худкушу бегонапарварем, ба ин тарбузи булаҷаби ғалатии «хориҷӣ» низ таваҷҷӯҳамон афзудааст. Вагарна тарбузи суп-сурхаки худамон ҳатто болаззаттар аст!

Ба хонандагони рӯзномаи мардумии СССР маълумот медиҳам, ки таъм ҳамон тарбуз, лек танҳо ранг дигар будааст.

Тавре раиси ҷамоати Истиқлол Абдурашид Ҳасанов итиллоъ дод, деҳқонони ҷамоат тасмим доранд солҳои баъдӣ майдони кишту парвариши тарбузи зардро вусъат бахшида, дар таъмини бозорҳои дохилӣ бо ин навъи тарбуз ҳиссагузор бошанд.

– Мисле, ки дар вилояти Суғд сабзии зард парвариши хуб дорад, мо ҳам мехоҳем тарбузи зард ба бозорҳои кишвар бештар содирот гардад, таъкид дошт Абдурашид Ҳасанов.

Дар солҳои баъдӣ мебинем, ки ваъдаи деҳқонони номдор то куҷо ба ҳақиқат табдил меёбад. Пайгири мавзуъ мемонем!

Мо метавонем!

Нури Бохтарӣ, СССР,

вилояти Хатлон

 

Дар ин маврид:

Хатлон: содироти 13000 тонна полезӣ ба хориҷ

Тавре Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон итиллоъ медиҳад, аз моҳи январ то 24 июни соли 2024 ҳудуди 8030,7 тонна пиёз, 423,7 тонна лаблабӯ, 379 тонна карам, 572,7 тонна зардолу, 975 тонна тухми офтобпараст, 7,6 тонна писта, 18,6 тонна чормағзи заминӣ, 120 тонна ангур, 2000,5 тонна олу, 46,6 тонна кадуча, 8,6 тонна сирпиёз, 402,5 тонна тарбуз, 36,8 тонна себ, 6 тонна харбуза, 9 тонна шафтолу, дар маҷмуъ 13037,3 тонна маҳсулоти кишоварзӣ аз вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар содирот шудааст.

Кишоварзони вилоят ҳамасола ба кишварҳои хориҷи наздику дур беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот мекунанд. Имсол танҳо аз н.Ҷ.Балхӣ ба хориҷи кишвар беш аз 330 тонна тарбузи зард ва сиёҳи бедона содирот карда шудааст.

 

 

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube