ВОСЕЪ: ЗАВОДИ ХОРУЗОР…

– Дуруд ба СССР! Аз пешрафту ободӣ ва шукуфоии кишвари азизамон меболам, алалхусус пойтахти мамлакат – шаҳри Душанберо имрӯз шинохтан мушкил шудааст, хеле зебо ва дилрабо! Аммо тавре ба назар мерасад, ки таваҷҷуҳи масъулин танҳо ба шаҳрҳои калон асту бас.

Дар давраи советӣ дар н.Восеъ даҳҳо корхонаи азим арзи вуҷуд доштанд, ки дар онҳо ҳазорҳо нафар кор карда, зиндагии оилаи хешро пеш мебурд. Мардум барои ёфтани ризқу рӯзӣ на Россия мерафту на Амрикову на Дубай, халқ ризқро аз назди хонааш меёфт. Яке аз корхонаҳои калонтарини н.Восеъ ин заводи пахта буду Селхозтехника, ки ҳоло вуҷуд надоранд. Дар дохили корхонаи селхозтехника хонаҳои истиқоматӣ бунёд карда, мардум зиндагӣ доранду дӯконҳои бешумори оҳангарӣ боз карда, оҳангарӣ мекунанд. Шояд ин аз 1 тараф хуб бошад, вале корхона чӣ? Он лозим нест? Агар он дубора ба фаъолият шуруъ кунад, магар даҳҳо нафар соҳиби кор намешаванд?

Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ бояд сари эҳёи чунин корхонаҳои коркарди ашёи хому саноатӣ тадбир андешад.

Ҷумъа Муродов,

н. Восеъ

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube