Остони кӯи ту пиру ҷавонро муттакост,
Қиблаи арбоби шайху шоб мебинам туро.
11.11.2023. Самити кишварҳои мусалмонӣ ва лигаи давлатҳои араб бори дигар собит сохт, ки такя задан бар аъроб дар дилхоҳ моҷаро камолияти нодонист. Ин рӯзи наҳс, бори дигар собит сохт, ки тамомии фанату мухлисони аъроб ва моҷароҷӯёни дохилимиллии мо бо шумули наҳзати ислому дигар ҳизбу ҳаракатҳои махуф, номаъқулро 100 бор кардаанд, ки фикр доранд, пуштибони Ислом давлатҳои арбиянд. Баракс, Туркия, Эрон, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ба вежа Тоҷикистон, дар ин дидор собит сохтанд, ки муттакои ислом моем, на аъроб!
Бо 1 ҳарф, ин саммит, ки бояд муште бар даҳони Исроил мешуд, бо иллати «ҳимояти давлатҳои арабӣ аз манофеи Тел Авив» ҳатто сангари иқтисодиву нафтӣ бар алайҳи Исроилро, ки Алҷазоир пешниҳод намуд, қабул накард. Зеро сетелитҳои Амрико – Арабистони Саудӣ, Аморати Араб, Баҳрайн ва Марокаш-4 кишвари арабӣ онро радд карданд!!! Таваҷҷӯҳ кун, хонанда, ягон давлати дигар не, ки маҳз кишварҳои сарватмандтарини арабӣ ин эмбаргоро қабул накарданд ва дастҳои Исроилро ба сӯи Навори Ғазза бештар кушоданд! Зеро дигар касе нест, пеши роҳи торумори Фаластинро бигирад.
Дидори сарварони созмони кишварҳои мусалмонӣ ва лигаи давлатҳои арабӣ дар таърихи 11.11.2023 дар Ар Риёз, пойтахти Арабистони Саъудӣ, бо унвонии “Саммити муштараки изтирории Арабию исломӣ” баргузор гардид. Мавзуъ 1 буд:
– Навори Ғазза ва роҳи ҳалли мушкил.
Табиист, давлатҳо зидди Исроил баромад карданд. Вале танҳо дар сухан. Муҳаммад бини Салмон Ал Сауд, Созмони Миллали Муттаҳидро, ҳамонгуна, ки СССР дар шумораи 41(786), аз 19.10.2023 навишта буд, ба бесалоҳиятӣ ва беобрӯӣ муттаҳам карда, гуфт, дар қатлу кушти фаластиниҳо дар Ғазза коре аз дасташ намеояд:
– Мо бо буҳрони инсонӣ рӯбарӯ шудем, ки аз бетаъсирии Шӯрои Амнияти СММ ва ҷамъияти башарӣ гувоҳӣ медиҳад. СММ наметавонад Исроилро аз ин ҷиноят манъ фармояд, ки ин аз стандартҳои дугунаи сиёсати байнулмилалӣ гувоҳӣ медиҳад!
Иброҳим Раисӣ президенти Эрон, ки бори аввал, маҳз ба хотири ҳамин буҳрон озими Риёз шудааст, гуфт, роҳи ягонаи пешгирӣ аз ин моҷаро танҳо мусаллаҳсозии фаластиниҳост:
«Муқовимати мусаллаҳона ягона илоҷ аз тааррузи Исроил аст!!!»-қайд кард Раисӣ.
Ҷои зикр аст, ки баъди ин иддао Раисиро куштанд!!!
Раҷаб Тайип Эрдуғон-президенти Туркия гуфт, роҳи раҳоӣ аз варта, бунёди Давлати Фаластин бар асоси марзҳои соли 1967 бо Исроил асту бас:
«Барои бунёди ин давлат мо (давлатҳои мусалмонӣ) ҳам қудрат дорем, ҳам имконият»-афзуд Эрдуғон.
Вале Лигаи Давлатҳои Арабӣ, ки ба он 18 кишвар ва ҳама арабӣ шомиланд, пешниҳоди Алҷазорирро дар мавриди эълони сангари иқтисодӣ ба Исроил қабул накард. Муҳимтарин нуктаи ин дидор ана ҳамин буду бас.
Хотиррас мешавем, дар олам 22 давлати арабист, ки ҳаргиз бо 1 Исроил пирӯз нашудаанд. Зеро ҳаргиз иттифоқ набуданд.
Инҳо Алҷазоир, Баҳрайн, Ҷибут, Миср, Урдун, Ироқ, Қатар, Кувейт, Ливан, Либиё, Мавритания, Марокаш, Умон, Аморати Аараб, Фаластин, Арабистони Саудӣ, Судон, Сурия, Сомали, Тунис ва 2 Яман (демократӣ ва арабӣ) мебошанд.
Аз ин миён 11 адади онҳо Лигаи арабиро таъсис додаанд. Дар соли 1973, вақте Исроил бар зидди давлатҳои араб ҷангеро бо номи Рӯзи Қиёмат (явм ул қиёма) ё худ «Судный День» сар карда, дар тӯли 21 рӯз, 3 ҳафта, дабдалаашонро баровард, ин кишварҳо тавонистанд, ақаллан сарҷамъ шуда, зидди Аврупо, Амрико ва Исроил эмбаргои нафтӣ эълон кунанд. Коре, ки имрӯз шайхҳои серпули араб кардан нахостанд! Воқеан ҳам ун блокадаи иқтисодии нафтӣ дар соли 1973 ба шарики асосии нафту газрасон шудани СССР, ҳоло Россия, ба Аврупо оварда расонид. Имрӯз агар арабҳо блокада эълон мекарданд, дар шароите, ки Аврупо бе гази русӣ мондааст, Исроилу Аврупо сари зону меафтоданд, пеши олами ислом. Рӯзи Қиёмат (амалиёти соли 1973) паси сар шуд, вале Рӯзи Ҳисоби шайхони араб, ки манфиати ҳамдини худро фурӯхтаанд, кай фаро мерасад? Суол риторикист, албатта…
Рӯиҳамрафта, то соате, ки ин тасмим гирифта шуду арабҳо манофеъи ҳамёни худро болотар аз ҷони мусламонони фаластинӣ гузоштанд, аллакай дар Навори Ғазза 10.800 нафар бо шумули 4500 кӯдак ва 3000 зан кушта гардид. Гӯиё маҳз рафтори ҳамин аъробро дидаву шоир 700 сол пеш гуфтааст:
Бединам агар толиби ризвон бошам
Минбаъд агар дар пайи имон бошам
Шуд душмани чони ман мусалмонии ман,
Кофар бошам агар мусалмон бошам!!!
Хотиррас мешавем, дар ин саммит Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат ва суханронӣ карданд. Эмомалӣ Раҳмон ягона нафаранд, дар қораи олами ислом, ки ба ҷанги таҳмилии гражданӣ дар кишвараш хотима бахшида, давлатро ба сулҳу оромӣ овардаанд ва зимнан ба гуфтаҳои ӯ бояд таваҷчӯҳ кунанд ва арҷ гузоранд. СССР тасмим гирифт, баромади Ҷаноби Олиро дар ин саҳифа корад, то хонандаи ҳушманд дарк кунад, ки роҳи раҳоӣ аз вартаи Ғазза дар куҷост.
Суханронии Президенти ҶТ дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ
11.11.2023. Соат ба вақти Ар Риёз 18:11 дақиқа.
Бисмиллоҳи раҳмони раҳим. Муҳтарам Раис, Волоҳазрат Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд, Валиаҳд ва Раиси Шӯрои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ. Муҳтарам сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо!
Мо ташаббуси Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Арабистони Саудӣ – Аълоҳазрат Шоҳ Салмон ибни Абдулазиз Оли Саудро ба ҳайси Раиси кунунии Саммити исломӣ оид ба даъвати ҳамоиши изтирории имрӯза ҷиҳати баррасии вазъ дар навори Ғазза саривақтӣ ва муҳим медонем. Вазъи буҳронӣ дар ин бахши Фаластин кишварҳои мо ва ҷомеаи ҷаҳониро сахт нигарон сохтааст. Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор додани иншооти ғайринизомии минтақаи мазкурро, ки боиси кушта шудани ҳазорон нафар аҳолии осоишта ва дар ин миён занону кӯдакон, ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди мардум ва хароб гардидани инфрасохтори ҳаётан муҳим дар он гардидааст, шадидан маҳкум мекунад. Ҳолати имрӯза бори дигар он ҳақиқатро собит месозад, ки қазияи Фаластин роҳи ҳалли низомӣ надорад. Кишвари мо ҳанӯз аз оғози даргириҳои охир аз ҷонибҳо даъват ба амал овард, ки ба амалҳои зӯроварӣ ва хушунатомез хотима дода, барои ба эътидол овардани вазъ сари мизи музокира нишинанд. Аз нигоҳи мо, ҳалли воқеии қазияи Фаластин, таъмини сулҳи одилона, пойдор ва дарозмуддат танҳо аз роҳи иҷрои қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташкили Давлати мустақили Фаластин имконпазир мебошад.
Тоҷикистон аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахти он шаҳри Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар асоси марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ мекунад. Ин роҳест, ки тавассути он мардуми Фаластин метавонанд ҳаққи аслии миллии худро ҳамчун субъекти мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси усулҳои эътирофшудаи муносибатҳои байнидавлатӣ амалӣ намоянд.
Муҳтарам иштирокдорони Ҳамоиш! Мову шумо медонем, ки Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 29 ноябри соли 1947 дар бораи дар сарзамини Фаластин таъсис додани ду давлати мустақил қатънома (№181) қабул карда буд. Аммо то имрӯз орзуву омоли мардуми Фаластин дар мавриди таъсис додани давлати худ амалӣ нагардидааст. Бо дарназардошти ин ҳолат, кишварҳои мо ва ҷомеаи ҷаҳониро лозим меояд, ки ҷиҳати татбиқи қатъномаҳои дахлдори Маҷмааи Умумӣ ва Шӯрои Амнияти Созмони Милал саъй намоянд. Дар ин замина, таъмини ҳимояи байналмилалии мардуми Фаластин ва дастгирии талошҳо барои аз нав оғоз кардани раванди муколамаи бисёрҷонибаи сиёсӣ барои ноил шудан ба ҳалли қазия муҳим дониста мешавад. Ҳоло зиёда аз ду миллион аҳолӣ дар навори Ғазза дар шароити муҳосираи комил аз камбуди озуқаворӣ, барқ, доруворӣ ва дигар маводи ниёзи аввалӣ азият мекашанд. Онҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ амалҳои қатъиро интизоранд, то ба фоҷиа ва ранҷу азияташон хотима бахшида шавад.
Дар ҳоле ки даргириву хунрезӣ дар ин минтақаи Ховари Миёна ба нуқтаи авҷи худ расидааст, ҳанӯз иқдомоти ҷиддиву таъсирбахши ҷонибҳои дахлдор ва манфиатдор ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият ба мушоҳида намерасад. Гузашта аз ин, ҷонибҳои алоҳида мавқеи духӯра ва хомӯширо ихтиёр карда, фалокати башариеро, ки имрӯзҳо дар навори Ғазза идома дорад, нодида мегиранд. Созмони ҳамкории исломиро зарур аст, ки ҷиҳати хотимаи ҳарчи зудтари муноқишаву даргириҳо дар ин минтақа дар ҳамкорӣ бо созмонҳои дигари байналмилалӣ ва ҷонибҳои манфиатдор иқдом намояд. Дар марҳалаи кунунӣ кишварҳои аъзои Созмонро лозим аст, ки дар асоси нақшаи мақсадноки башардӯстона ҷиҳати расонидани кумакҳои лозима ва таъхирнопазир ба мардуми Фаластин тадбирҳои амалӣ андешанд. Буҳронҳо ва хатару таҳдидҳои ҷиддие, ки имрӯзҳо дар паҳнои ҷаҳони ислом ҷараён доранд, моро ба ваҳдату ҳамраъйӣ, муттаҳидиву сарҷамъии беш аз пеш водор месозанд. Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки омилҳои мазкур суботи минтақаҳои мухталифи олами исломро ҷиддан халалдор карда, оқибатҳои иқтисодиву иҷтимоии манфии дарозмуддатро ба бор овардаанд. Миллионҳо нафар баҳри дарёфти ҳаёти осоишта ва хубтар иҷборан гуреза ва муҳоҷир шудаанд. Чунин вазъи ҳассос моро водор менамояд, ки пайгирона роҳҳои муассири таъмини рушду пешрафти иқтисодию иҷтимоии уммати мусулмонро, ки ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро дорад, пайдо намоем. Қаблан ман дар суханрониҳои худ аз минбарҳои мухталифи Созмон борҳо зарурати таъсиси фонди махсуси сармоягузорӣ ва рушдро барои дастгирии молиявию иҷтимоии кишварҳои ҷаҳони ислом зикр карда будам. Бори дигар таъкид карданиам, ки дар ин раванд кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешрафтаи ҷаҳони ислом, ки имкониятҳои фарохи молиявию сармоягузорӣ доранд, метавонанд нақши муассир дошта бошанд.
Тоҷикистон, ки дар таърихи муосири худ ҷанги харобиовари таҳмилии дохилиро паси сар намудааст, ҷонибдори иқдомоти сулҳофарӣ ва ҳаллу фасли мусолиматомези ҳамагуна мушкилоту мухолифатҳои ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин замина, мо бори дигар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид даъват мекунем, ки иҷрои уҳдадориҳои ҳуқуқӣ оид ба ҳимояи тартиботи байналмилалиро дар робита бо Фаластин таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.
Дар фарҷом мехоҳам изҳори умед намоям, ки натиҷаҳои ҳамоиши имрӯза ба роҳандозии раванди музокирот ва ҳаллу фасли қазияи Фаластин мусоидат хоҳад кард. Тоҷикистон ҳамеша омода аст дар ин раванд ба андозаи имкон саҳми хешро гузорад. Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!
СССР №45, аз 16.11.2023.
PS: Ин матлабро, ки 3 сол пеш нашр шудааст, устод Умари Шерхон, оварду гуфт: -бознашр кунед! Зеро агар 3 сол пеш ба гуфтаҳои Сарвари давлати мо арабҳо гӯш меандохтанд, имрӯз қазияи Эрон, ҷанги Эрону Амрикову Исроил сар намезад. Таҳлилҳои СССР саривақтист. Мо Метавонем!!!
