Мушкили мағозаҳои хӯрокворӣ дар Душанбе

(ё одоби муоширатро кай меомӯзем?)

Ба тваҷҷуҳи Агентии стандартсизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ

Имрӯз вақте ба баъзе мағозаҳои хӯроквории шаҳри Душанбе ворид мешавем, аввалин чизе, ки ба чашм мерасад  чангу хоки болои молу маҳсулот аст. Гӯё баъзе нуқтаҳои савдо моҳҳо тоза карда нашуда бошанд. Барои харидор аслан маълум нест, ки чунин беэътиноӣ аз ҷониби соҳибони мағоза аст ё аз набудани назорати ҷиддии масъулин.

 Сачоқчаҳои намнок имрӯз ба як воситаи ҳатмӣ табдил ёфтаанд. Бисёр одамон маҷбур мешаванд пеш аз даст расондан ба маҳсулот ё баъди харид дастонашонро пок кунанд. Вале дар аксари мағозаҳо он низ нест. Магар тозагӣ дар мағозаҳои хӯрокворӣ бояд ҳамин гуна бошад? Охир мардум барои маҳсулоти босифат ва муҳити тоза маблағ пардохт мекунанд-ку…

Дуконҳои чиркин

Аз ҳама нигаронкунанда болоравии беасоси нархи молу маҳсулот аст. Нархи баъзе маҳсулот ҳар рӯз дигар мешавад, аммо сифати хизматрасонӣ бошад, ҳамон сатҳи паст боқӣ мондааст. Агар назорат воқеан ҷиддӣ мебуд, на ҳар кас ба хоҳиши худ нархро боло мебурд ва низ маҳсулоти чанголуду бесифат ба фурӯш гузошта намешуд.

Мутаассифона, дар баъзе мағозаҳо ҳатто фарҳанги одии хизматрасонӣ риоя карда намешавад. Баъзе савдогарон на сарулибоси корӣ доранд, на тарзи дурусти муошират. Фарзи мисол, бозорҳои пойтахт дароӣ, фикр мекунӣ дар Арабистон ё Афғонистони толибон қарор дорӣ. Фикр мекунед, сайёҳе омадаву ин ба ном тоҷиронро дида, дар бораи Тоҷикистон чӣ ҳукм мекунад? Чаро Тоҷикстандарт то имрӯз сару лисбои ягонаи фурушандагонро таъмин наменамояд?

Ба ҷойи эҳтиром ба мизоҷ, баъзан бо суханҳои дурушт ва рафтори номуносиб муносибат мекунанд. Ин ҳолат барои пойтахте, ки ҳамарӯза аз пешрафту ободӣ ҳарф мезанем, аслан зебанда нест. Тозагӣ, одоби муошират ва масъулият бояд дар ҳар як нуқтаи савдо ҳатмӣ бошад. Мардуми Душанбе сазовори мағозаҳои тоза, нархҳои одилона, бозори замонавӣ ва муносибати фарҳангӣ ҳастанд. Умед мекунем масъулин ба ин мушкилот танҳо аз дур нигоҳ накарда, воқеан чораҳои ҷиддӣ меандешанд.

 Харидор набошед, ба чизҳо даст назанед!

Пойтахт имрӯз пур аз дӯконҳову мағозаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ шудааст. Аз як тараф ин хуб аст, зеро мардум имкони интихоби бештар доранд. Аммо агар аз нигоҳи харидорон назар кунем, мушкилоти зиёде вуҷуд дорад, ки ҳар рӯз боиси норозигии сокинон мегардад.

Ҳар субҳ пеш аз ба боғча бурдани духтарчаам маҷбур мешавам бо хоҳишҳои кӯдаконааш ба мағоза дароям. Ӯ фикр мекунад, ки модараш ҳар моҳ миллионҳо пул кор мекунад: ҳатман чупачупс, соки мевагӣ, банан ва ягон ширинӣ мехоҳад. Агар нахарам, бо қаҳр мегӯяд:

«Пагоҳ ба боғча намеравам».

Модар чӣ кор ҳам кунад? Маҷбур мешавад хоҳиши фарзандашро иҷро намояд.

Аммо мушкил аз ҳамин ҷо оғоз мешавад. Қариб дар ҳар мағозае, ки медароем, ҳатман 1 ҳолати нохуш мебинем. Ё савдогар табъаш хира аст, ё бо харидоре ҷанҷол дорад. Кӯдаки хурдсол ин ҳама муносибати дуруштро мебинад ва аз хурдӣ чунин фазоро қабул мекунад. Баъзе фурӯшандаҳо чунон бо асабоният мегӯянд:

«Ба чизҳо даст назанед, чиркин мекунед»

Гӯё харидор барои харид не, барои озор додан омадааст.

Саволе ба миён меояд: агар харидор ба мол даст назанад, пас чӣ гуна молро  харидорӣ мекунад? Магар мағоза бе харидор вуҷуд дошта метавонад?

 То кай маҳсулоти муҳлатгузашта фурӯхта мешавад?

Бовар кунед, аксари маҳсулот дар баъзе мағозаҳо зери чангу хок мондааст. Болои баъзе қуттиҳо чунон ғубор нишастааст, ки ҳангоми даст расонидан даст мечаспад. Ин ҳолат на танҳо беэҳтиромӣ ба харидор, балки беаҳамиятӣ ба тозагӣ ва саломатии мардум аст.

Фурӯшанда бояд дарк кунад, ки харидор сабаби зинда мондани мағоза аст. Муносибати хуб, чеҳраи кушода ва муҳити тоза муштариро нигоҳ медорад. Бо дод задану муносибати дағал на танҳо обрӯи мағоза паст мешавад, балки кӯдакон низ аз чунин муҳит таъсири бад мегиранд. Шаҳри мо бояд на танҳо пур аз мағоза, балки пур аз фарҳанги муомила, тозагӣ ва эҳтиром ба мардум бошад. Мутаассифона, ин мушкил воқеан дар бисёр мағозаҳо дида мешавад. Харидор вақте маблағашро медиҳад, ҳақ дорад маҳсулоти босифат ва бехатар бихарад. Аммо имрӯз дар баъзе дӯконҳо маҳсулоти муҳлатгузашта, нигоҳдории нодуруст ва ҳатто молҳои бе сертификат ба фурӯш бароварда мешаванд. Ин на танҳо беэҳтиромӣ ба харидор, балки хатари ҷиддӣ ба саломатии мардум аст.

 Сабаби асосии идома ёфтани чунин мушкил чанд омил дорад:

1) набудани назорати ҷиддӣ аз ҷониби масъулон;

2) баъзе соҳибкороне, ки танҳо фоидаи зудро фикр мекунанд;

3) бетарафии баъзе харидорон, ки муҳлати маҳсулотро намесанҷанд;

4) кам будани ҷарима ва чораҳои сахт нисбат ба қонуншиканон.

 Шаҳр танҳо бо сохтани мағозаҳои зиёд обод намешавад

То замоне ки санҷишҳо мунтазаму шаффоф нашаванд ва худи мардум ҳам талабгори сифати хуб набошанд, мушкили мазкур пурра ҳал намешавад. Ҳар харидор бояд пеш аз харид ҳатман рӯзу моҳи маҳсулотро бинад ва дар ҳолати ошкор шудани қонуншиканӣ шикоят кунад. Шаҳр танҳо бо сохтани мағозаҳои зиёд обод намешавад. Ободӣ он вақт аст, ки мардум бо эътимод вориди мағоза шуда, барои фарзандонашон бе тарс маҳсулот харанд. Ана барои ҳамин кор бояд Агентии Тоҷикстандарт пурра сахтгир шавад. Зеро:

Тараҳҳум бар паланги тездадон,

Ситамкорӣ бувад бар гӯсфандон!

Имрӯз мардум мехоҳанд бо эътимод харид кунанд. Ҳар падару модар орзу дорад, ки барои фарзандаш маҳсулоти тоза ва бехатар бигирад. Аз ҳамин хотир, ниҳодҳои масъул бояд фаъолияти мағозаҳоро пайваста санҷида, нисбат ба қонуншиканон чораҳои сахт андешанд.

Сахт гуфтем? Гапи ҳақ ҳамеша сахт мерасад, ислоҳ шавееееем! Ҳоло аксари дуконҳо баҳонаи мораториеи назорат накарданро баҳона оварда, ба ҳатулкорӣ роҳ медиҳанд. Моратеория бошад. Аммо на барои Тоҷикстандарт. Мо Метавонем!

Омирона Достиева, СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube