Халхин-Гол: Тулӯи ситораи Жуков

Эҳзори нарком

22 майи соли 1939 дар округи ҳарбии Беларусия машқҳои саҳроии ҷузъу томҳои Артиши Сурх доир гардиданд. Баъди анҷоми машқҳо, ҷонишини сардори округи ҳарбии Беларусия, комдив Георгий Жуков ногаҳон дастур мегирад, фавран ба Маскав, ба ҳузури Комиссари Халқии мудофиаи СССР Ворошилов ҳозир шавад.  Субҳи рӯзи дигар Жуков аллакай дар утоқи кории Ворошитлов ҳозир мешавад. Ворошилов ба иттиллоъи Жуков мерасонад, ки японҳо 11 май ба Ҷумҳурии Халқии Муғулистон ҳуҷум кардаанд ва вазъият барои мо комилан норавшан аст. Командири корпуси ҷудогонаи 57-ум (ки дар Муғулистон мустақар гардида буд), комдив Фикленко дар ҳолати яъсу ноумедӣ қарор дорад ва шумо бояд фавран озими Муғулистон шавед, вазъиятро баррасӣ кунед ва дар ҳолати зарурӣ фармодеҳии нерӯҳои моро дар онҷо ба зиммаи худ гиред. Ҳамин тариқ Жуков бо ҳамроҳии комбриг Денисов ва комиссар Чернишев ба Муғулистон омад.

Нақшаи «Хатига»

Соли 1938 дар Япония нақшаи ҷанг алайҳи СССР бо номи «Хатига» тариб дода шуд. Он шабу рӯз Япония ба як қудрати низомии пурзӯри минтақа табдил ёфта буд ва артиши японӣ Манҷурияро ба тассаруф дароварда, дар наздикиҳои сарҳади Иттиҳоди Шӯравӣ ва Муғулистони ба ӯ дӯст мустақар гардиданд. Дар сессисия саввуми Шӯрои Олии СССР, роҳбари ҳукумати шӯравӣ, Вячеслав Молотов иброз намуд, ки СССР сарҳади Ҷумҳурии Муғулистонро чун сарҳади худаш муҳофизат хоҳад кард. Варианти «Б»-и нақшаи «Хатига» ҳуҷум ба Муғулистон ва баромадан ба кӯли Байкалро пешбинӣ мекард. Аммо дар Токио ба хубӣ мефаҳмиданд, ки Япония ҳоло барои ҷанг бо СССР омода нест. Артиши японӣ дар Чин бо нерӯҳои Чан Кай Ши ва коммунистон дар набард буд ва роҳбарони япон аз қудрати ҷангии Артиши Сурх ҳам ба хуби огоҳӣ доштанд. Ҳанӯз 20 майи соли 1938 гурӯҳи  тайёраҳои бомбаандози ТБ-3 шабона аз болои шаҳрҳои Япония убур карданд. Гарчи тайёраҳо аломатҳои шиносоии чинӣ доштанд, аммо японҳо ба хубӣ дарк мекарданд, ки ин тайёраҳо моли СССР мебошанд.                                                                                                              Бо вуҷуди ин, тарафи японӣ ҷангро оғоз кард. Самти амалиёт Муғулистон интихоб карда шуд. Генералҳои японӣ умед доштанд, ки баъди ҳуҷуми онҳо мардуми муғул бар алайҳи шӯравиҳо қиём мекунанд ва кори онҳо осонтар мегардад. Ҷои амалиёт ҳам бисёр ҳирфаӣ интихоб карда шуд. Аз тарафи Манҷурия роҳи оҳан мегузашт ва японҳо метавонистанд зуд нерӯҳои ҳарбӣ ва лавозимотро ба майдони ҷанг расонанад ва аз тарафи Муғулистон бошад, то наздиктарин қароргоҳои Артиши Сурх наздики 400 км масофа вуҷуд дошт.

Шикасти «лочинҳои сталинӣ»

11 майи соли 1939 нерӯҳои японӣ ва манҷурҳо аз дарёи Халхин-Гол гузашта вориди хоки Муғулистон шуданд. Задухӯрдҳо миёни японҳо ва сарҳадбонони муғул шурӯ гардиданд ва баъди чанде нерӯҳои корпуси ҷудогонаи 57-уми Артиши Сурх низ бо японҳо вориди ҷанг шуданд. Командири корпуси 57-ум, комдив Фикленко мекӯшад японҳоро ақиб ронад, аммо ба нокомӣ дучор мегардад.   

Дар аввалин рӯзҳои ҷанг, нерӯҳои ҳавоии шӯравӣ шикаст мехӯранд ва 17 тайёраро аз даст медиҳанд. Дар Маскав шикасти нерӯҳои ҳавоиро касе интизор надошт ва аз даст додани 17 тайёра ҳамаро ҳайратзада мекунад. Нерӯҳои ҳавоӣ аз ифтихороти аввалин кишвари Шӯроҳо ба шумор мерафтанд ва ҳукумат дар рушди ин соҳа, аз ҳеҷ маблағу имконот дареғ намекард. Хусусан, ба рушди тайёраҳои ҷангӣ диққати аввалиндараҷа дода мешуд. Ҳавонавардони ҳарбӣ низ, аз элитаи ҳарбии СССР маҳсуб меёфтанд ва онҳоро «лочинҳои сталинӣ» ном ниҳода буданд. Аввалин қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ низ маҳз ҳавонавардони ҳарбӣ гардиданд. Ҳавонавардонро тамоми кишвар мешинохт ва номҳои Чкалов, Громов, Байдуков ва ғ. дар СССР вирди забони хурду калон гардида буданд. Ва дар чунин фазои рушди бо суръат, якбора шикасти нангин дар ҳаво аз японҳо. Албатта шикаст сабабҳои худро дошт. Яке аз сабабҳо бетарҷрибагии ҳавонавардон ва фармондеҳони нерӯҳои ҳавоӣ дар Муғулистон буд. Дар Муғулистон як полки тайёраҳои И-15 мустақар буд ва ин тайёраҳо дар баробари тайёраҳои японии И-96 наметавонистанд истодагарӣ кунанд.

Кор ба ҷое расид, ки Ворошилов фармон медиҳад, то дастури махсус аз истифодаи нерӯҳои ҳавоӣ дар амалиётҳои ҷангӣ худдорӣ кунанд. Ҳамин тариқ нерӯҳои замини Артиши Сурх дар Муғулистон бе ҳимояи ҳавоӣ мемонанд. 1 июни соли 1939 комисари корпуси 57-ум ба Маскав номаи маҳрамонае ба номи Ворошилов, Шапошников ва Мехлис ирсол мекунад, ки дар он омада бад: «Нерӯҳои ҳавоии душман 4 рӯз боз аз баландиҳои хурд, нерӯҳои заминии моро ҳадафи ҳамла қарор додааст ва ин нерӯҳо талафоти сангин медиҳанд. Миёни сарбозони мо, ақидае паҳн мегардад, ки нерӯҳои ҳавоиамон фирор кардаанд.Мо намефаҳмем, чаро намешавад тавассути чанд қиркунанда ҷулуи душмани аз худ рафтаро гирифт». Маҳз ин мактуби маҳрамона вазъиятро ба нафъи нерӯҳои Шӯравӣ тағйир дод.

Муррабиёни қаҳрамон

Дар Маскав қарор доданд ба Муғулистон гурӯҳи бо таҷрибаи ҳавонавардони муррабиро равона кунанд. Гурӯҳи ҳавонавардони муррабӣ, ки ҳамаашон аз таҷрибаи ҷанги Испания ва Чин бархурдор буданд, аз 48 нафар иборат ёфта, миёнаш 21 нафар унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро доро буданд. Ба гурӯҳи муррабиён, ҷонишини фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии СССР, комкор Яков Смушкевич сарварӣ мекард. Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Яков Смушкевич, яке аз беҳтарин ҳавонавардони шӯравӣ буда, дар Испания бо тахаллуси генерал Дуглас ҷангида буд. Геринг барои сари Смушкевич дар Испания 1 миллион рейхсмарка ваъда дода буд, аммо немисҳо натавонистанд бар ин лочини сталинӣ пирӯз гарданд. Гурӯҳи Смушкевич фавран даст ба кор шуд ва омӯзиши ҳавонавардон ба роҳ монд. Муррабиёни бо таҷриба, дар муддати кӯтоҳ ҳавонавардони шӯравириро ба тарзи бурдани ҷанги ҳавоӣ ошно намуданд. Ба ҷои тайёраҳои кӯҳнаи И-15 ро бо тайёраҳои нави И-16 ҷойгузин карданд ва баъди чанде нерӯҳои ҳавоии шӯравӣ дар задухӯрд бо японҳо пирӯз шудан гирифтанд. Дар зарфи муҳорибаҳои баъди ҳавонавардони шӯравӣ 660 тайёраи япониро зада афтоданд.

Командарм Штерн

Аммо то пирӯзи ҳанӯз фосила зиёд буд. 27 май нерӯҳои японӣ, хатти фронтро рахна карда, ба ақибгоҳи корпуси ҷудогонаи 57-ум баромаданд. 28 ва 29 май бошад, задухӯрди аз ҳама шадид миёни японҳо ва нерӯҳои шӯравиву муғул ба вуқӯъ мепайвандад. Фармондеҳии корпуси 57-ум дар ин задухӯрдҳо, бесалоҳиятии пурраи худро ба намоиш гузошта, танҳо истодагарии сарбозони қатории шӯравӣ корпусро аз шикаст наҷот дод. Дар ҳаводиси оянда бошад, комдив Георгий Жуков нақши калидӣ дошт. Жуков охири моҳи май ба Халхин-Гол омад ва 3 июн вазъиятро ба Ворошилов гузориш дод. Дар гузориши худ, маршали оянда амалкарди фармондеҳии корпуси 57-ум ва шахсан комдив Фикленкоро сахт зери танқид қарор дод. Баъди ин, Ворошилов аз Салин хост Фикленкоро аз фармондеҳии корпуси 57 ум барканор намуда, ба ҷояш Жуковро таъин намоянд.

Роҳбарияти СССР ва худи Сталин сахт алоқаманди пирӯзӣ дар Халхин-Гол буданд. Инро вазъияти байналмиллалии он шабу рӯзи дунё тақозо мекард. Олмон дар остонаи ҷанг бо Полша қарор дошт ва пирӯзии СССР бар японҳо мавқеъи СССР-ро дар арзаи байналмиллалӣ мустаҳкам мекард. Жуков бошад, баъди таъинаш ба симмати фармондеҳии корпус, дар ҳол ба тарроҳии амалиёти таҳоҷумӣ оғоз мекунад. Аммо тарроҳии амалиёт камбудиҳои зиёдеро ошкор намуд. Дар Артиши Сурх пеш аз ҳама фармондеҳони бо таҷриба намерасиданд ва ин кори амалиётро сахт мушкил мекард. Шахсе лозим буд, ки аз таҷрибаи бои ҷанги бархурдор бошад ва дар канори Жуков ба нерӯҳои шӯравӣ роҳбарӣ кунад. Ин шахс ба зудӣ пайдо шуд. Командарми дараҷаи 2 юм Григорий Штерн. Командарм Штерн яке аз ботаҷрибатарин командирони Артиши Сурх ба шумор мерафт ва як сол муқаддам (соли 1938дар ҷанги Испания низ фаъолона ширкат варзида, маҳз бо роҳбарии ӯ дар назди Гвадалахара корпуси итолиёии Мусолинӣ ба пуррагӣ торумор гардид. Дар Маскав қарор доданд, барои роҳбарии муваффақтар дар Чита, Гурӯҳи фронтӣ таъсис диҳанд ва Штерн фармондеҳӣ ин гурӯҳ таъин гардид. Командарм Штерн ба зудӣ, таъминоти нерӯҳоро бо лавозимоти ҷангӣ ва хӯроки гарм ба роҳ монда, ҳуҷуми ояндаро заминасозӣ мекунад. Дар лаҳзаҳои ҳассоси муҳориба Жуков нерӯҳои ҳавоиро истифода бурду садҳо бомбаандози шӯравӣ ба мавқеъи японҳо тохтанд. Танкҳо низ дар муҳориба барои баландии Баян-Цаян фаъолона ширкат варзиданд. Корпуси танкии комбриг Яковлев 70% танкҳояшро аз даст дод ва худи комбриг низ ба ҳалокат расид, аммо японҳо торумор гардида, ба соҳили дигари Халхин-Гол ақибнишинӣ карданд.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube