Духтари Эшон-балла ёфт шуд!

08.05.2026. Соат ба вақти Душанбе 12:40 дақиқа. Абдулло Акбаралӣ, сокини Ҷамоати Гулистони деҳаи Шерободи ш. Ваҳдат меҳмони идора шудаву гуфт:

– Момаи ман Бибӣ Солеҳа, фарзанди сеюми Эшонбала, таваллуди соли 1904 аст. Тақрибан солҳои 20-ум пеш аз инқилоб, модарам ҳамроҳи хонаводаашон аз шаҳри Фарғона ба шаҳри Ваҳдат он замон Кофарниҳон муҳоҷир шудаанд. Муддате дар Ваҳдат зиндагӣ карда, пас аз кофтукобу таъқибҳо, эшон духтаронашонро дар Ваҳдат монда, худаш бо писаронашон ба самти Кӯлоб рафтаанд.

 Ба гуфтаи модарам, падару бародарони модарам аввал аз дарёи Панҷ гузашта, ба Афғонистон паноҳ бурдаанд. Модарам ҳар замон қисса карда, оҳи сард кашида мегуфт, ки ҷудоӣ, муҳоҷират ва сарнавишти ноороми солҳои гузашта хонаводаи Эшон-баларо пароканда кард. Ба гуфтаи модарам он солҳо дар Афғонистон вазъ ноором будааст. Бинобар ин, бобову тағоҳоям тасмими ниҳоӣ гирифта, аз Афғонистон ба Арабистони Саудӣ рафтаанд. Аз байн чи қадар солҳо гузашт. Ёдам ҳаст солҳои 1990-1991 буд ба модарам хабар расид, ки дар шаҳри Қуқанд аз хешовандонашон зиндагӣ мекунанд. Модарам шунида, ашк аз чашмонаш ҷорӣ шудаву аз мо хоҳиш карданд, ки барои ҷустуҷӯи авлодонаш ба Фарғона равем. Ман ҳамроҳи оилаи худ ва модарам ба шаҳри Қуқанд рафтем.

Хушбахтона аз табори авлоди Эшон-бала ду нафар аз пайвандони модарро пайдо кардем. То дами марг модарам дар фироқи дидори бародарони гумшудаашону падарашон месӯхтанду умед доштанд, ки рӯзе аз дараш бародаронаш даромадаву хоҳарашонро ба оғӯш мегиранд. 

 Имрӯз ба идораи газета омадем ва хушбахтона маълум гардид, ки сардабири газетаи СССР аз авлоди модарии мо будаанд. Ин барои мо як воқеаи бисёр ҳаяҷоновар ва фаромӯшнашаванда буд. Солҳои зиёд мо аз авлоди модарам ягон касро на дида будем ва на мешинохтем. Танҳо номи баъзеҳо дар хотираҳо монда буду халос. Эшонбала аз ҷониби модарӣ бобои мо будаанд ва пайванди хешутабории мо маҳз аз ҳамон ҷо мерасад. Дар гузашта чандин маротиба кӯшиш кардем, ки авлод ва пайвандони худро пайдо кунем. Ба одамони зиёд муроҷиат намудем, аз калонсолон пурсон шудем, аммо он замон ягон нишону маълумоти дақиқ пайдо карда натавонистем. Бо гузашти солҳо умедҳо камранг мешуданд, вале орзуи пайдо кардани решаҳои аҷдодӣ ҳамеша дар дили мо зинда буд. Модарам як дафтарчаи махсуси ёддошт доштанд, ки дар он тамоми маълумоти авлоди Эшонбалла, номҳо, пайвандҳо ва хотираҳои гузаштагонро бо эҳтиёт навишта буданд. Он дафтарча барои мо мисли ганҷи бебаҳо буд, зеро тамоми таърихи авлод дар он сабт гардидаст. Мутаассифона, баъдтар дар хона сӯхтор сар зад ва ҳамаи он ёддоштҳо пурра сӯхта, хокистар шуданд. Аз байн рафтани он дафтарча барои мо талафоти бисёр сангин буд, зеро гӯё 1 қисми таъриху хотираи хонаводаамон аз даст рафт. Бо вуҷуди ҳамаи ин, имрӯз худро хушбахт эҳсос мекунем, ки баъди солҳои зиёд риштаи хешутаборӣ дубора пайдо гардид. Ин вохӯрӣ барои мо танҳо як ошноӣ нест, балки эҳёи хотираи гузаштагон, пайванди авлод ва идомаи решаҳои аҷдодист.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube