Ҳар нафаре даҳшати сели Кӯлобро агар 1 бор дида бошад, мефаҳмад, ки чаро ман, Омиронаи Сайёф ин матлабро менависам. Равед ва бо чашми сар ун даҳшатро бинед ва ба қадри маҳбуби дилҳои пойтахт расед. Мо дидем. Мо Метавонем…
Наздик ба дил
Чанде пеш хонандагони рӯзномаи СССР аз мо хоҳиш карданд, ки вобаста ба фаъолияти хайрхоҳонаи духтари саховатманд Сумайя Раҷабова маълумоти бештар омода намуда, бо ӯ суҳбат анҷом диҳем. Инак, мо тасмим гирифтем дар бораи Мисс Маҳбуби дилҳо – Сумая Раҷабова матлабе таҳия намоем. Ӯ нахустин нафарест, ки дар рӯзҳои душвори офати табиӣ ба мардуми селзадаи шаҳри Кӯлоб дасти кӯмак дароз карда, тамомии сарвати ёфтаашро бахшид. Ин амали инсонпарваронаи ӯ боиси таҳсину эҳтироми бисёр нафарон гардид. Сумая Раҷабова бар ин назар аст, ки маъруфият танҳо барои зебоӣ не, балки барои анҷоми корҳои хайр ва дастгирии мардум бояд истифода шавад. Ба гуфтаи ӯ, эҳсоси дарди мардум ва бетараф набудан нисбат ба мушкилоти ҷомеа вазифаи ҳар як инсони боирода мебошад.
Дар ин суҳбат мо кӯшиш мекунем паҳлуҳои дигари зиндагӣ, орзуҳо ва фаъолияти ҷамъиятии ӯро низ барои хонандагони рӯзномаи СССР бозгӯ намоем.
– Саҳми инсондӯстонаи барандаи озмуни “Мисс Душанбе” таҳти унвони «Мисс маҳбуби дилҳо» Сумая Раҷабова дар кумак ба селзадагони шаҳри Кӯлоб ё сафари хайриявии як гулдухтари тоҷик чигуна сурат гирифт?
Ташаккур барои суоли бамавридатон. Ростӣ, аз давраи кӯдакӣ орзу доштам, ки мисли 1 фиристода, намояндаи созмонҳои башардӯст бошам ва ба одамони ниёзманд дасти кӯмак дароз кунам. Ҳамеша мехостам имконияте дошта бошам, то дар лаҳзаҳои душвор паҳлӯи мардум бошам.
Рӯзҳое, ки финали озмуни “Мисс маҳбуби дилҳо” баргузор мешуд, боронҳои шадид сар шуданд. Ҳеҷ яке аз иштирокчиён гумон намекард, ки ин боришот чунин оқибатҳои вазнин ба бор меорад. Вақте наворҳо ва ҳолати сокинони селзадаи шаҳри Кӯлобро дидам, дилам ором нагирифт. Дар ҳамон лаҳза тасмими қатъӣ гирифтам, ки ҳатман ба онҳо кӯмак мерасонам. Намегӯям, касе ба ман ниёз дошту дорад. Балки ман ниёз ба дуои мардуми хеш дорам…
Аввал назди модарам рафтам. Модари ман журналисти шинохта, собиқ ровии ТВ Тоҷикистон, бону Марҳабо Муродист ва бубояд гуфт, ман аз табори шоири халқӣ Алимуҳаммад Мубродиям. Зимнан ҳар қадаме, ки дар зиндагӣ мегузорам, бо маслиҳату дуои модар аст. Ба модарам гуфтам, ки мехоҳам ба мардуми осебдидаи Кӯлоб кумак кунам. Ин тасмим осон набуд, чун ҳар кори хайр пеш аз ҳама андеша ва масъулият мехоҳад. Бо дастгирии модарам, дӯстонам ва хоҳару бародарони хурдсолам ба шаҳри Кӯлоб сафар кардем.
– Вақте ба Кӯлоб рафта мардуми селзадро дидед чи ҳисиёт доштед?
Вақте бо чашмони худ ҳолати мардумро дидам, рӯҳияам сахт шикаст. Хонаҳои вайрон, кӯдакони хурдсол дар ҳавои сард ва чеҳраҳои пур аз ғамро дидан бисёр душвор буд. Ҳар 1 нафар дар дил дарду алами худро дошт. Мо аз вазъи зиндагии онҳо наворбардорӣ мекардем, то мардум бештар аз ҳолати онҳо огоҳ шаванд. Аммо ин мардум ҳаргиз рӯҳшикаста набуданд, ки хоси мардуми Кӯлоб аст…
Ҳадафи ман ба Кӯлоб рафтан на ҳамчун чеҳраи озмун, балки ҳамчун як духтари оддии тоҷик ва фарзанди ҳамин миллат буд, то дар паҳлуи миллати хеш бошам….
Вақте назди мардум мерафтам, ашк дар чашмонам ҳалқа мезад, вале кӯшиш мекардам худро қавӣ нигоҳ дорам, то онҳо бештар рӯҳафтода нашаванд. Ба онҳо мегуфтам, ки ин рӯзҳои сахт мегузаранд ва Тоҷикистон пур аз шахсони саховатманду дастбакор аст.
Имрӯз мехоҳам ба ҳамаи мардум муроҷиат кунам: барои кӯмак кардан ҳатман сарватманд будан шарт нест. Ҳатто 1 табассум метавонад дили нафареро гарм кунад. Муҳим муҳаббат, раҳму шафқат ва дастгирии якдигар аст. Мо бояд дар ҳар вазъият паҳлӯи ҳам бошем, зеро инсоният бо меҳрубонӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ зинда мемонад.
– Сумая Раҷабова кист?
Ман 1 духтари одии Тоҷикистон ҳастам. Мактаби миёнаро дар шаҳри Москав бо баҳои хубу аъло хатм кардаам ва айни ҳол донишҷӯи курси сеюми донишгоҳи «Peoples’ Friendship University of Russia» мебошам. Ҳамаи он корҳои хайре, ки имрӯз анҷом медиҳам, ҳанӯз пеш аз озмун дар қалби ман ҷой доштанд. Ман ҳамеша дӯст медорам ҷавононро ба корҳои хайриявӣ, дастгирии ниёзмандон ва корҳои ҷамъиятӣ ҷалб намоям. Ҳатто гурӯҳи хайриявӣ таъсис додаам, то кумакамон ба мардумони бештар расад.
Қайд кардан мехоҳам, ки мо гурӯҳҳои волонтёрӣ дорем ва пайваста кӯшиш мекунем ба мардум, махсусан ба ниёзмандон ва оилаҳое, ки ба дастгирӣ эҳтиёҷ доранд, кумак расонем. Барои ман аз ҳама муҳим он аст, ки ҷавон бояд танҳо барои худ зиндагӣ накунад, балки ба ҷомеа низ манфиат расонад. Вақте мебинам, ки бо 1 амали хурд метавон дили касеро шод кард, ин барои ман бузургтарин хушбахтӣ мебошад.
-Чанд забонро медонед?
Ман бештар ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ озодона суҳбат карда метавонам. Забони тоҷикӣ барои ман забони модарӣ ва мояи ифтихор аст. Забони русиро аз давраи мактабхонӣ дар шаҳри Москав аз худ кардам ва имрӯз озодона бо ин забон ҳарф мезанам. Ҳамчунин забони англисиро низ пайваста меомӯзам, зеро фикр мекунам донистани забонҳои хориҷӣ барои ҳар ҷавон имкониятҳои зиёд фароҳам меорад.
Дар баробари ин, ҳамеша кӯшиш мекунам рӯйи забони адабии тоҷикӣ бештар кор кунам, зеро барои ман хеле муҳим аст, ки ҷавонони тоҷик забони модарии худро бо эҳтиром ва ифтихор истифода баранд. Ҳарчанд 3 забонро хуб медонам, боз ҳам рӯйи худ кор мекунам, зеро такрор модари дониш аст. Дар баробари ин, ҳамеша кӯшиш мекунам забони ноби тоҷикӣ ва фарҳанги миллии худро низ ҳифз намоям. Барои ман бисёр муҳим аст, ки ҷавони тоҷик дар баробари донистани забонҳои хориҷӣ, забони модарии худро низ бо эҳтиром ва ифтихор истифода барад.
Метавонам бо дили пур бигӯям, ки мехоҳам унвони «Мисс маҳбуби дилҳо»-ро танҳо ҳамчун 1 унвон не, балки ҳамчун имконият барои анҷоми корҳои хайр истифода барам. Ман мехоҳам овози ҷавонони тоҷик шунида шавад, мехоҳам духтарони тоҷик ба худ бовар дошта бошанд ва бидонанд, ки онҳо метавонанд дар ҳама самтҳо муваффақ шаванд.
– Пеш аз озмуни Мисс Душанбе шумо бештар ба чӣ корҳо машғул будед?
Пеш аз иштирок дар озмуни «Мисс Душанбе» ман бештар ба таҳсил, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва корҳои ҷамъиятӣ машғул будам. Аз давраи мактабхонӣ ба суханварӣ, омода кардани наворҳои иҷтимоӣ ва иштирок дар корҳои хайриявӣ шавқи зиёд доштам. Ҳамеша кӯшиш мекардам дар баробари таҳсил барои ҷомеа низ манфиатовар бошам.
Ман инчунин бо гурӯҳҳои волонтёрӣ ҳамкорӣ мекардам ва дар чорабиниҳои хайриявӣ фаъолона иштирок менамудам. Барои ман муҳим буд, ки ҷавононро ба корҳои нек ва дастгирии мардум ҷалб намоям. Дар баробари ин, рӯйи забонҳои русӣ ва англисӣ бисёр кор мекардам. Ман фикр мекунам ҷавон бояд ҳамеша рӯйи худ кор кунад, дониш омӯзад ва ҷаҳонбинии худро васеъ намояд.
Ҳамзамон ҳамчун маркетолог дар маркази Оксфорд ва боғчаҳои «Муроду Ҳамадон Kids» фаъолият мекунам. Ин кор ба ман таҷрибаи зиёд дод ва дар муошират бо мардуму кӯдакон бисёр чизҳоро омӯхтам. Орзуи ман ин аст, ки ҷавонони тоҷик имкониятҳои зиёд барои таҳсил, омӯзиш ва рушди истеъдодҳои худ дошта бошанд.
Ҳар коре, ки анҷом медиҳам, танҳо барои Ватани азизи ман Тоҷикистон аст. Ман мехоҳам дар куҷое, ки бошам, номи Тоҷикистонро бо ифтихор муаррифӣ намоям.
-Шартҳои озмун чигуна буд?
Ҳамаи иштирокчиёни озмун кӯшиш мекарданд, ки ғолиби озмун шаванд. Вале муҳимтарин чиз ба назари ман боварӣ ба худ, фаъол будан ва доштани ҷаҳонбинии васеъ буд. Инсон бе иштибоҳ намешавад. Дар вақти озмун устодон пеш аз ҳама ба ҷаҳонбинӣ, одоб, суханварӣ ва тарзи рафтори духтарон аҳамият медоданд. Яке аз шартҳои асосии озмун суханварӣ буд. Зеро мо бояд тавонем миллат ва давлати худро муаррифӣ кунем. Ба фикри ман, духтари тоҷик бояд на танҳо зебо, балки бофарҳанг, босавод, боодоб ва меҳрубон бошад. Озмуни «Мисс Душанбе» маҳз ҳамин гуна симои гулдухтари тоҷикро нишон медод.
Дар даври аввал аз панҷсад нафар танҳо ҳаштод нафар ба даври дуюм роҳ ёфтанд. Бо гузашти ҳар марҳила шумораи иштирокчиён кам мешуд ва дар охир танҳо сӣ нафар ба финал баромаданд. Ман бо ифтихор гуфта метавонам, ки ҳар яки он сӣ нафар воқеан духтарони боистеъдод, зебо, серталош ва ҳамаҷониба зебо буданд.
Ростӣ, ман дар ҳаётам он қадар духтарони зебову бофарҳангро якҷо надида будам. Духтарону бонувони тоҷик на танҳо бо ҳусни худодод, балки бо дили пок, меҳрубонӣ ва хоксориашон низ фарқ мекунанд. Ҳамаи иштирокчиён ҳамдигарро дастгирӣ мекарданд ва барои ҳамин фикр мекунам ҳар яки онҳо сазовори унвони «Мисс» буданд.
-Шумо мактаби миёнаро дар шаҳри Москва хатм кардед?
Бале аз синфи 4 ум ман дар шаҳри Москва таҳсил мекардам. Барои ҳамсабақонам хеле ҷолиб буд, ки дар бораи Тоҷикистон маълумот гиранд. Онҳо ҳамеша мепурсиданд, ки миллати тоҷик чӣ гуна аст, анъанаҳои мо чӣ гунаанд ва Тоҷикистон чӣ гуна кишвар мебошад. Ман бо ифтихор дар бораи фарҳанг, таърих ва анъанаҳои миллати худ нақл мекардам. Барои ман бисёр муҳим буд, ки бо забони русӣ равону бурро ҳарф занам. Барои ҳамин рӯйи худ бисёр кор мекардам. Дар хона, кӯча ва ҳатто бо дӯстонам кӯшиш мекардам бештар бо забони русӣ суҳбат намоям, то ки озодона сухан гуфта тавонам.
Мардум дар симои ман на танҳо 1 донишҷӯ, балки тамоми миллати тоҷикро медиданд. Вақте мебинанд, ки ман бо забони русӣ озодона ва равон сухан мегӯям, ҳайрон мешуданд ва мегуфтанд: «Ту ҳатто аз баъзе русҳо ҳам беҳтар ҳарф мезанӣ». Ин суханҳо барои ман ифтихори бузург буданд, зеро ман ҳамеша кӯшиш мекардам номи Тоҷикистонро баланд бардорам.
Имрӯз ман шукрона мекунам, ки дар кишвари орому соҳибистиқлол зиндагӣ дорем. Пеш аз ҳама мехоҳам миннатдории худро ба Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, барои баргузории чунин озмуни сатҳи баланд расонам.
Ман бовар дорам, ки ҷавонони тоҷик метавонанд дар тамоми ҷаҳон Тоҷикистонро бо ифтихор намояндагӣ кунанд. Муҳим он аст, ки ба худ бовар дошта бошем, дониш омӯзем, меҳнат кунем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки мо фарзандони миллати бузурги тоҷик ҳастем. Ва танҳо дар ин маврид, Мо Метавонем!!!
Таснифи Омиронаи Сайёф,
СССР
