1 СОЛИ БЕ ШУҲРАТӢ

Расо 1 сол қабл, 23.06.2023 Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси Раёсати ҶСК «Ориёнбонк» аз назди хонааш дар кӯчаи Закариёи Розӣ дуздида шуд. Пасон дар итиллои расмӣ гуфта шуд, ки шаҳрванд Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович, муовини аввали раиси ҶСК “Ориёнбонк” аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ иборат аз 4 нафар, бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, ба дохили воситаи нақлиёти тамғаи “ХюндайСоната”, рақами қайди давлатиаш 01-97 М 01, қаблан 129 ХА 01, рангаш сиёҳ, пурра сиёҳшиша (наповал) маҷбуран савор карда, аз ҷойи ҳодиса бо хатсайри хиёбони РӯдакӣМайдони сарҳадчиёнмаҳаллаи Хуҷамбиёи Боло ҳаракат намуда, аз назди бозори Кӯшониён ба ҳудуди маҳаллаҳои Лучоб, Чағатай гузашта, ғайб задааст.

Ин ҷинояти гӯшношунид, ки агар гӯем на танҳо Тоҷикистон, балки оламро такон дод, бо гузашти 1 сол ҳанӯз ҳам фаромуш нашудааст.

 

Прокуратура хабар медиҳад

Прокуратураи генералии кишвар дар пайи ин дуздӣ хабар дод, ки Шуҳрат Исматуллоевро 1 гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ рабуда, дар яке деҳаҳои ноҳияи Варзоб бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизот таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд. Ба қавли ин ниҳод, ҷасади бонкирро ба дарёи Зарафшон партофтаанд. Он замон Генпрокуратураи кишвар навишт, ки дар умум 13 аъзои гуруҳи ҷиноятӣ, ки дар қазияи рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” даст доштанд, дастгир шуданд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки қаблан Рустам Ашӯров, 1 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар рабудани Шуҳрат Исматуллоев гумонбар мешуд, дар фурудгоҳи Кишинёви Молдова 1 марзбон ва 1 афсари амниятро кушта, чанд нафарро захмӣ кард ва дар ҷараёни амалиёти безараргардонӣ захмӣ шуда, ба беморхона интиқол ёфт. Чанде пас ӯ даргузашт. Пас аз ин ҳодиса ба ӯ лақаби «Молдавский стрелок»-ро доданд.

Акбар Аҳмадов (хакер) низ яке аз гумонбарони рабудану куштори Шуҳрат Исматуллоев ба шумор рафта, шомили ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ буд. Роҳбарии ин гуруҳи ҷиноиро Дилшод Саидмуродов ё “Дилшоди СБ” ва «Дилшод-Красавчик» ба уҳда дошта, рӯзи 24.06.2023 бо завҷаи худ ба Маскав фирор кард.

Ҷасади Шуҳрат Исматуллоев баъд аз 51 рӯзи ҷустуҷӯҳои шадид, дар таърихи 13.08.2023 аз дарёи Зарафшон, дар мавзеи Саразми Панҷакент пайдо шуд. Ҷасади вайроншударо, ки шинохташ басе душвор будӣ, моҳигирон тасодуфан ёфтанд ва танҳо пас аз ташкхиси ДНК муайян карданд…

 

Шарики тиҷоратӣ ё…

Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди олии Тоҷикистон ҷузъиёти рабудан ва куштори бераҳмонаи Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали Раиси Раёсати «Ориёнбонк»-ро шарҳ дод. Мавсуф дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш рӯзи 15.02.2024 гуфт, ки дар доираи парвандаи Шуҳрат Исматуллоев 14 нафар дар курсии айбдоркунӣ нишастаанд ва парванда сирри махфӣ надорад.

Тавре Шермуҳаммад Шоҳиён гуфт, аз рӯи маълумоти мақомоти тафтишоти пешакӣ, қатли Шуҳрат Исматуллоев ба сохтмони бинои баландошёна бо Қамаруззамон (Қамар) Азизов, бародарбузурги додарон Азизов, ансамбли «Анис» рабт дорад.

Қамаруззамон Азизов соли 2017 ҶДММ “Иқбол 2017”-ро ба қайд гирифта, 4-уми августи соли 2019 иҷозаи сохтмони бинои баландошёна дар кӯчаи Пушкин 46-и шаҳри Душанберо ба даст гирифтааст. Барои сохтани ин бино Шуҳрат Исматуллоев ҳамчун шарики тиҷоратӣ марҳила ба марҳила 2 миллиону 662 ҳазор доллар (26 миллиону 649 ҳазор сомонӣ) сармоягузорӣ кардааст.

Шуҳрат Исматуллоев 9-уми январи соли 2022 бо бастани шартнома миёни намояндааш Шуҳрат Акбаров ва писари Қамаруззамон Азизов – Азизов В. дар бораи ройгон гузоштани ҳисса дар ҶДММ “Иқбол 2017”, 70 дарсади сармояи оинномавии ширкати мазкурро соҳиб шудааст. Баъди анҷоми сохтмони бино ва ба фурӯш гузоштани мағозаву манзилҳои истиқоматӣ 54 млн сомонӣ бояд ба Шуҳрат Исматуллоев дода мешуд.

 

Биткоин буд ё набуд?

Қамаруззамон Азизов дар 1 вохӯрӣ ба Дилшод Саидмурод (Дилшоди СБ) маълумот медиҳад, ки гӯё Исматуооев ба арзиши зиёда аз 2 миллиард доллар криптовалюта ё худ биткоин дорад. Қамаруззамон Азизов ва Дилшод Саидмуродов гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ созмон дода, ба тарзу усули кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амал карда, Исматуллоевро рабуда, бо истифодаи зӯроварӣ ва шиканҷа маблағҳояшро тасарруф карда, ӯро ба қатл мерасонанд. Барои амалӣ кардани ин ҷиноят Қамаруззамон Азизов ба Дилшод Саидмурод 1 миллиону 500 ҳазор доллар ваъда медиҳад.

 

Шуруъи ҷиноят

Ҳамин тавр, моҳи декабри соли 2021 Дилшод Саидмуродов ҳамроҳ бо Ахмедов барои таъмини гӯрӯҳи муташаккил бо таҷҳизоти зарурӣ ба шаҳри Маскави Русия рафта, 5 ҷуфт либоси махсуси низомӣ, силоҳи пневматикии тамғаҳои калашников ва макаров, дрон, мавҷпахшкунак, электрошокер, дурбин, лазер, чӯбдаст, ниқоб ва 6 адад рақамҳои қайди давлатии қалбакиро ба маблағи 123 ҳазор рубл (18 ҳазору 500 сомонӣ) харидорӣ карда, ба воситаи ширкатҳои интиқолдиҳандаи молу маҳсулот, ба Тоҷикистон ворид менамояд. Барои изи ҷинояти худро нагузоштан, Бойтуров ба номи оворагардону лӯлитаборони вилояти Хатлон симкортҳои мобилӣ харидорӣ карда, минбаъд танҳо аз ин рақамҳо истифода кардаанд.

 Шоми 23-юми июни соли 2023 бошад, соати 20:05 дақиқа дар кӯчаи А.Ғуломови шаҳри Душанбе Саидмуродов бо аъзои дигари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Ашуров Рустам Каримович, Хуҷаев Шоҳрух Хуҷаматович, Ахмедов Акбар Акрамович шаҳрванд Исматуллоевро зӯран ба автомашина савор намуда, ба деҳаи Шодоб 1, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб мебаранд.

Баъд аз ин, либосҳояшро кашида, ба курсии қаблан тайёрнамуда шинонида, ба дасту пои Исматуллоев завлона мезананд. Сипас, бо шиканҷа додан, рамзҳои махсуси ҳамёнҳои криптовалюта доштаи телефони бонкдори тоҷикро гирифта, тафтиш мекунанд, аммо дар он маблағ пайдо намекунанд. Аз ин рӯ, такрор ба такрор барои муайян кардани ҳамёнҳои дигар ва маблағи нақдиаш, бо истифода аз лазер ва автофен бадани бонкдорро сӯзонида, бо қувваи барқи электрошоккер ӯро шиканҷа мекунанд.

Пас аз пайдо накардани маблағ, бо супориши Қамаруззамон Азизов ин гурӯҳ узвҳои ҳаётан муҳими Шуҳрат Исматуллоевро сӯзонида, ӯро ба қатл мерасонанд. Рустам Ашӯров, Бахтовар Сафаров ва Шоҳрух Хоҷаев ҷасади Шуҳрат Исматуллоевро ба бағоҷи мошин бор карда, онро дар километри 118-уми шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ ба дарё мепартоянд.

 

Аз 1 то 27 ва ҳабси абад

18.03.2024. Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 нафарро, ки дар дуздӣ ва куштори бонкдори номӣ даст доштанд, аз 1 то 27 сол равонаи зиндон кард. 5 нафар аз роҳбарони ин амалиёти ҷиноӣ барои якумр ба зиндон равона гардиданд.

Аз ҷумла:

Азизов Қамаруззамон;
Саидмуродов Дилшод;
Ахмедов Акбар;
Шоҳрух Хӯҷаев;
Сафаров Бахтовар

 

Дигарон:

– Суҳроб Сафаров ва Умед Ҳамидов барои одамрабоӣ бо ғарази шахсӣ (моддаи 130, қисми 3 банди а) ва роҳзанӣ бо мақсади ба даст овардани молу мулк (моддаи 249 қисми 4 банди б) 26 сол равонаи зиндон шуданд.
– Фирдавс Тоштемиров барои одамрабоӣ (моддаи 130, қисми 3 банди а) ва роҳзанӣ бо мақсади ба даст оврадани молу мулк (моддаи 249 қисми 4 банди а ва б) 27 сол равонаи зиндон шуд.
– Ашуров Негмат барои қаллобӣ (моддаи 247 қисми 4 банди б) ва хабар надодан дар бораи ҷинояти вазнин (347 қисми 2) 4 сол зиндон ва 136 ҳазор сомонӣ (2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо-1 нишондиҳанда 72 сомонӣ) ҷарима шудааст.
– Шуҳрат Ачилдиев ва Самир Шарипзода барои хабар надодан дар бораи ҷиноят (моддаи 347 қисми 1) 2 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.
– Билол Махсудов ва Парвиз Шарипов ҳам барои хабар надодан дар бораи ҷиноят (моддаи 347 қсими 1) 1 сол зиндон шуданд.
– Ҷамшед Раҳимов барои суистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 314 қисми 3) 7 сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Маълум нест, ки Раҳимов чӣ мансаб дошт ва дар ин ҷиноят чӣ нақш дорад?

 

Хотима

Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон дар яке аз нишастҳои матбуотӣ гуфта буд, ки дар умум, барои содир кардани ин ҷиноят 18 нафар гумонбар буда, 14 нафар дар курсии айбдорӣ нишастанд. 22 нафари дигар то ҳол дар ҷӯстуҷӯ буда, 1 кас дар боздоштгоҳ аз беморӣ фавтид ва 1 нафари дигар дар пайи даргирии мусаллаҳона дар Молдова кушта шуд.

Бознигарии Ҷамила Мақсуд,

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube