РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: ГРУЗИЯ РАВ!

Ҳафтаи пор ширкати сайёҳии Fly.tj дар якҷоягӣ бо созмони «Easybooking» ва ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» парвози нахустинро аз рӯи хатсайри Душанбе –Тифлис – Душанбе анҷом дод. Дар қатори 140 намояндаи воситаҳои ахбори омма ва блогерону намояндагони бархе аз ширкатҳои тиҷоративу сайёҳии кишвар ба мухбири газетаи СССР низ муяссар шуд бо ин парвоз ба Ҷумҳурии Гурҷистон сафар намуда, тули 1 ҳафта аз шаҳрҳои Тифлис, Гори, Кахети ва Батуми боздид намояд. 

 

Шукуҳи парвози нахустин, аммо…

22.05.2024. Соат бо вақти Душанбе 07:00 дақиқа. Ифтитоҳи ҳар хатсайри нави ҳавоӣ ҳатман аз рӯи таомули соҳаи авиатсия дар фурудгоҳҳо бо тантанаи хосу буридани торт ва тақсими туҳфаҳои хурд ба мусофирони аввалин шуруъ мегардад. Ин маротиб низ ширкати «Сомон эйр» бо баргузории 1 тантанаи хурди идона ва тақсими ширинӣ табъи мусофиронро болида намуда, ба Тифлис гусел кард. Ҳамагӣ бо шодӣ ва суҳбату латифагӯӣ вақти парвозро, ки 3 соати 20 дақиқаро ташкил медод, нафаҳмидем.

Ҳавопаймо ба фурудгоҳи шаҳри Тифлис нишасту хурсандии мо ҳадду канор надошт – пеши худ гуфтам акнун, ки ба ватани майи асл, чачаву хачапури ва хинкалӣ омадам, ҳатман шикамсерӣ мехӯраму менӯшаму кайфу сафо мекунам. Вале ин хаёлам мисле, ки хом баромад…

22.05.2024. Соат бо вақти Тифлис 11:40 дақиқа (байни Душанбе ва Тифлис фарқияти вақт 1 соатро ташкил менамояд, яъне мо 1 соат пештарем). Ба гузаргоҳи сарҳадии фурудгоҳи ш.Тифлис расидем, ки якояк шиносномаи мусофиронро ҷамъ намуда, ҳамаи моро ба 1 гӯшаи дигари толори интизорӣ фиристоданд. Танҳо чанд нафаре аз марз гузашт, ки шиносномаи шаҳрвандии русиро дошт, дигаронро аз марз гардонданд. Баъдан фаҳмидем, ки хадамоти махсуси Гурҷистон тасмим гирифтааст ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро санҷишу тафтиш намояд.

Мусофиронро аз рӯи шиноснома бо навбат ба 1 утоқи алоҳида даъват мекарданд, пас аз санҷиши шиноснома ва муқоисаи акс аз бойгонии мақомоти қудратӣ мегузаронданд, то, ки баногоҳ дар ҷӯстуҷӯи ҷиноӣ ё кофтукоби байналмилалӣ набошем, депорт нашуда бошем, қаблан дар ҳудуди Ҷумҳурии Гурҷистон ҷиноёте накарда бошему аз алимент ҳам қарздор набошем. Ва ҳатман киса ё ба қавле кармону кошелёки ҳар як мусофирро медиданд, ки чанд пул бо худ овардаасту дар корти бонкиаш чанд пайсаи дигар дорад. Муҳимтар аз он суғурта ва чиптаи парвози баръаксро медиданд, то мутмаин бошанд, ки мо барои кор наомадаем ва ҳатман ба Ватан бармегардем.

Муттаассуф, ин таъсири ҳамон террори мудҳиш дар Крокус Сити Холи Маскав ва чанд амали террористии дигар аст, ки шаҳрвандони мо дар Ҷумҳурии исломии Эрону Туркия анҷом доданду «шаҳдашро» акнун мо шаҳрвандони дигар дар сартосари дунё мечашем.

Ба дил гуфтам, он ба ном интеллигентҳои фейсбукии дилашон ба чашмони маъсуму чеҳраи зебои террористони Крокус Сити месӯхта, ки олами интернетро ба ҷумбиш оварда буданд, ин ҳолати моро медиданд, чӣ мегуфтанд?

«Сар кафад зери тоқӣ»

Вақте навбати санҷишу тафтиши банда расид, аз мақомдори баландпояе, ки дар утоқ менишаст ва забони русиро медонист (имрӯз дар Гурҷистон хеле кам бо забони русӣ суҳбат мекунанд, насли наврас умуман забони русиро намедонад) сабаби ин ҳама гирудорро пурсидам. Ӯ посухи аниқ надод, вале маълумам кард, ки мақомоти қудратии гурҷӣ аз ифтитоҳ шудани хатсайри ҳавоӣ байни Душанбе ва Тифлис каме нигаронанд, онҳо аз вуруди теъдоди зиёди муҳоҷирони корӣ пас аз эҷод шудани мушкил дар Россия ҳазар доранд ва ҳатман тарс аз он доранд, ки тоҷике дар ин кишвар даст ба террору ҷиноят назанад!!!

1 сабаби дигари чунин рафторро баъдан дар шаҳри Батуми фаҳмидем. Маълум шуд, ки шаҳрвандони тоҷик дар ш.Батуми зиёданду асосан дар сохтмон кор мекунанд. Дар байни онҳо нафароне низ ҳастанд, ки дар кофтукоби байналмилалӣ қарор доштаанду Интерпол онҳоро маҳз дар Гурҷистон пайдо намудааст. Яъне, охир боз ҳамон масали «сар кафад зери тоқӣ», худамон гунаҳкорем…

Ва агар ба шумо низ хонандагони азиз имкони сафар ба Ҷумҳурии Гурҷистон пеш омад, бидонед ва омода бошед, ки шояд зимни убури марз шуморо низ санҷишу тафтиш менамоянд, аз ин ҳаросидан лозим нест, танҳо бояд ҳақиқатро гуфт, хосса дар бораи маблағ.

22.05.2024. Соат бо вақти Тифлис 14:35 дақиқа. Аз фурудгоҳ ба берун баромада, нафаси тозаву озод кашидем. Ширкати сайёҳии гурҷие, ки масъули пешвозу гусели мо буд, ҳар 1 мусофири тоҷикро бо гулу ширинӣ пешвоз гирифту каме ҳам бошад рӯҳияи моро болида сохт.

 

Тифлиси наву кӯҳан

22.05.2024. Соат бо вақти Тифлис 17:03 дақиқа. Пас аз ҷобаҷо шудан дар меҳмонхонаву гузоштани бору бағоч ба сайругашти шаҳри Тифлис баромадем. Тифлис бо гулу гиёҳ ва дарахтони сарсабзаш шабеҳи Душанбеи мост. Тифлис асосан рӯи таллу теппаҳо бунёд ёфтаасту шаҳрро дарёи хеле зебои Кура убур мекунад. Теъдоди биноҳои қадимии давраи шоҳӣ ва даврони советӣ ҳанӯз хеле зиёданд, биноҳои навсохти муосирро низ дидан мумкин аст, ки ҳамаи он дар давраи роҳбарии собиқ президент Михаил Саакашвили бунёд ёфтаанд.

Сафари мо ба Гурҷистон дар арафаи рӯзи Истиқлолияти ин кишвар – 26 май рост омад ва пешопеши ин ҷашни миллӣ тамомии кӯчаву хиёбонҳои Тифлис бо парчами давлатӣ зиннат ёфта буданд. Шаҳри Тифлис дар асри V-ум бунёд ёфта, айни замон 1,2 млн аҳолӣ дорад. Ба ҳудуди Тифлис 13 микроноҳияву поселкаҳои типи шаҳрӣ ворид мешаванд.

Сокинон сари номи шаҳр зиёд баҳс мекунанд: шаҳри мазкур то соли 1936 номи Тифлисро дошт, аммо баъд ҳукумати шӯро номи Тифлисро ба Тбилиси иваз намуд ва то ҳоло мардум аз ин норизоянду таъкид медоранд, ки Тифлис гӯем, на Тбилиси. Раисии (мэр) шаҳри Тифлисро Каладзе Кахабер Карлович, дар гузашта футболист ва ҳоло сиёсатмадор аз соли 2017 бар дӯш дорад.

Гурҷистон, Грузия ё Сакартвело?

1 ҳолати дигари аҷиб бароям он шуд, ки гурҷиҳо кишвар ё давлати худро бо номи қадима – Сакартвело ном мегиранд. Сакартвело аз калимаи картли иборат буда, маънояш сокини минтақаи марказӣ аст. Мардум ва зиёиёни гурҷӣ чанд маротиба ба СММ муроҷиат карданд, ки номи Грузияро ба Сакартвело иваз намоянд, зеро тарҷумаи лотинии он – Ҷорҷия (Georgia) шабеҳи номи 1 штати Амрикост ва мардум ин штатро бо 1 кишвари том иштибоҳ мекунанд. Ҳатто баъзе кишварҳои назди Балтик, аз ҷумла Латвия ин пешниҳодро қабул карда, ба ҷои Грузия ҳоло Сакартвело менависад.

Шояд хуб бошад, ки мардуми Гурҷистон мехоҳанд ба номи аҷдодӣ ва қадимии худ баргарданд, лек СММ ҳанӯз посух надодааст.

 

Митингу роҳпаймоиҳои беохир

Агар шумо бегоҳ зимни сайругашт дар маркази шаҳри Тифлис – майдони Истиқлол бо ҷамъомади оммавии мардум, митинг ё роҳпаймоӣ дучор шудед, наҳаросед, танҳо ҳамроҳ нашуда, гузашта равед.

Тайи 2 соли ахир мардуми ин кишвар ҳар ҳафта ба эътироз мебароянд ва гоҳо худашон намедонанд, ки барои чӣ. Бархе ба тарафдории ҳукумати рус, бархе ба ҷонибдорӣ аз Аврупову Амрико. Ва аксарият бар зиди қабули қонун дар бораи иноагентҳо, зеро шумораи зиёди идораву созмону ВАО ва ҳатто донишгоҳҳо бо лоиҳаҳо ва грантҳои хориҷӣ кор мекунанду қабули ин қонун барояшон мушкил эҷод хоҳад кард.

Алалхусус чунин ҷамъомадҳо дар рафаи рӯзи 26 май – Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Гурҷистон афзуданду қариб ҳар шом роҳпаймоиро дар маркази Тифлис дидан мумкин буд.

Ватани май ва чача

Ба баромадан ба сайругашт аз пайи дастури вежаи редаксионӣ – май ва чачаи маҳаллии гурҷӣ шудам, зеро супориши бачаҳо, ки ба ҷои ман сахту ҷиддӣ дар идора кор мекарданд, бароям хеле муҳим буд. Бояд аввал худам мечашидаму баъд беҳтаринашро харида, ба редаксия мебурдам.

Майу чача дар ҳамаи кӯчаву хиёбону фурушгоҳу маркази савдо фаровонист. Мардуми маҳаллӣ май, чача, мураббо, нони мавиздорро бароварда, рӯи мизе дар назди хонаҳояшон мефурӯшанд. Инро ман пасон дар Гори, Кахети, Бакуриани ва Батуми дидам.

Албатта, ки майу чачаи хубро аз мардуми маҳаллӣ, ки дар ин санъат ба қавле устухон надоранд, харидан мумкин аст. Майи хуби гурҷӣ нархи хеле гарон дорад ва ман мутмаинам, ки чунин майро ба Душанбе намеоранд.

Мо дар мавзеи Кахети макони ангур ва майи Алазаниро дидем, ки воқеан ҳамто надошт. Ҳамсафарон 1 шишаи майи аслиро то 500 сомонӣ барои 1 шиша хариданд.

Чача – арақи хоси гурҷӣ низ бояд дар бочкаи баъди вино нигоҳ дошта шуда, ҳарораташ аз 53 дараҷа боло бошад. Чачаи дастӣ низ хеле гарон аст ва мо 1 зарфи 1,5 литриро арзон карда, бо нархи 25 лар харидорӣ намудем (100 доллари ИМА = 270 лари гурҷӣ аст).

Бо кӯмаки дӯстам, журналист Ираклий Чихладзе, ки соли 2006 зимни сафар дар Шветсия дар якҷоягӣ бо устод Сайёфи Мизроб ошно шуда, то ба ҳол робитаи дӯстӣ дорем, май ва чачаи хубро пайдо намуда, пас аз дегустатсия харидам. Барои бачаҳои редаксия! Супориш иҷро шуд!

(Супориши дигари редаксия – боздид аз хона – музейи доҳии пролетариат И.В.Сталин дар ш.Гори низ иҷро шуд, ниг. ба саҳ.13)

Батуми – мини Дубай ё шаҳри орзуҳо

26.05.2024. Соат бо вақти Батуми 19:21 дақиқа. Тавассути автобус пас аз 8 соат аз Тифлис ба Батуми, шаҳр – бандари дигари Гурҷистон, ки дар лаби баҳри Сиёҳ ҷойгир аст, расидем. Сафар бо автобус дар Гурҷистон хеле роҳат аст, бо харидани чипта, ки 40 лар нарх дорад, ман аз Батуми ба Тифлис баргаштам. Автобуси бароҳат, ҷойи нишаст мулоим, дар 6 соат 2 маротиба чою қаҳва пешниҳод гашта, барои хӯрокхӯрӣ низ имконият фароҳам аст.

Батуми пеш аз ҳама бо лаби баҳри зебо, садҳо маркази дилхушии чароғону тарабхонаҳои русиву украиниву гурҷиву арабиву туркӣ ва ҳатто яманӣ ва алалхусус казиноҳои боҳашамат ва бошукӯҳи худ фарқ мекард. Батуми Дубайи хурдро мемонду дар ҳақиқат барои бархе шаҳри орзуҳо буд.

Батуми пойтахти Республикаи автономии Аджария буда, пас аз Тифлис ва Кутаиси шаҳри сеюми калонтарини ин кишвар ба ҳисоб рафта, то соли 1936 номи Батумро дошт.

Дар Батуми сайёҳони зиёди сатру ҳиҷобпӯшро дидем, ки арабу турку эронӣ буданд, тарабхонаҳои туркӣ ва арабӣ низ хеле зиёданд, майу чача низ. Вале мардум мегӯянд, ки ватани аслии хачапури – нону панире, ки дар тафдон пухта мешавад, маҳз хосси Аджария, яъне ин минтақа аст.

Батуми ватани маҳсулоти обӣ низ ҳаст ва ҳамкорони мо то тавонистанд хуб моҳии баҳрӣ, харчанг ва ҳаштпо хӯрданд, ки нӯши ҷонашон бод.

Равед, пушаймон намешавед!

Дар он замоне, ки бархе кишварҳо бо ҷорӣ намудани виза – раводид равуоро барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкил кардаанд, ба вежа Туркия, ширкатҳои сайёҳии Fly.tj, «Easybooking» ва ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» кишвари дигаре – Гурҷистонро барои мо кушоданд. Муҳимтар аз ҳама бидуни раводид ва бо нархи дастрас, шуруъ аз 560 доллари ИМА метавон чиптаи рафту омад ва меҳмонхона бо субҳона дастрас кард.

Ин дар ҳолест, ки барои сафари туристӣ ба ҳамон Туркия, ҳудуди 100 доллар барои виза, бо кашмакаши зиёди «справка о несудимости», «қарзи андозу бонкӣ», «справка аз ҷои кор ва маош» таҳия мекунӣ, гӯё ба сайёҳат неву ба кумитаи андоз ҳисобот медода бошӣ. Зимнан, зинда бод Гурҷистон!

Марҳамат, Гурҷистон, Грузия, Сакартвелло ва баҳри Сиёҳ шуморо интизоранд! Гамарджоба!

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР,

Душанбе – Тифлис-Батуми-Душанбе

 

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube