Аз Даҳаи фарҳанг то Лавҳаи фахрӣ

Сохти шуравӣ новобаста аз камбудиву каҷравию хатоҳо 1 қатор анъанаҳои неку фоидабахши тарбиявӣ дошт, ки чанде аз онҳоро ба хонандагони гиромиқадри рӯзномаи дар ҳақиқат мардумии «СССР» ба ёд оварданиям.

  1. Дар пешорӯйи майдонҳои назди заводу фабрика, колхозу совхозҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ рост кардани «Тахтаҳои фахрӣ», ки дар онҳо суратҳои пешқадамони истеҳсолот овехта мешуданд ва ин амал дар тарбияи меҳнатдӯстии ҷавонон саҳми бузург дошт. Дар хотир дорам, ки чунин Тахтаи пешқадамони истеҳсолоти фабрикаю заводҳои пойтахт дар назди Хонаи матбуот насб шуда, ҳама вақт дар пешорӯйи он ҷавонони иштиёқмандро дидан мумкин буд. Якеи он аз дастовардҳои падараш, дигарӣ аз ҳунармандии бародараш ва сеюмӣ аз қобилияту кордонии ҳамсараш фахр мекард.
  2. Анъанаи бузургу писандидаи мардуми шуравӣ гузаронидани Даҳаи адабиёту санъати республикаҳо ба шумор мерафт. Тавассути ин чорабинии таърихӣ мардуми Давлати абарқудрат аз пешравиҳои иқтисодиёту маданияти ҳамдигар огоҳ мегардиданд. Дар муддати 10 рӯз намояндагони хоҷагии халқ, пешқадамони истеҳсолот, олимон, адибон, ҳунармандон, санъаткорон ба меҳмонии дӯстони ҳамтақдир рафта, комёбиву дастовардаи худро ба намоиш мегузоштанд. Чунин сафарҳои байниҳамдигарии республикаҳо бешак дӯстиву рафоқату ҳамкории тарафайнро равнақ мебахшид.

Мутаассифона бо соҳиб шудани Истиқлолияти давлатӣ қариб, ки ин анъанаи нек ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта расид.

Аз ин хотир пешниҳод мекунам, ки Тахтаҳои фахрии ҳар корхонаву хоҷагӣ аз нав ба роҳ монда шавад, то ки мардум бо чашми сар бинад дар ҳақиқат корхона ба истеҳсолот машғул аст ва коргарон баҳри пешрафти иқтисодиёти мамлакат арақи ҷабин рехта истодаанд.

Инчунин пешниҳод мекунам, ки Даҳаи адабиёту санъат байни вилоятҳо гузаронда шавад, то ки мардуми ҳар вилоят аз пешравии иқтисодиву фарҳангии ҳамдигар огоҳ гардад. Чунин тадбирҳо гумон мекунам, ки пеш аз ҳама ба ҳисси ватанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ ва хештаншиносии насли наврас такони бузург бахшида, баҳри шукуфоии Ватани азизамон мусоидат менамоянд.

Зариф Ғулом,

адиб

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube