АЗ ХАТОӢ ТО РАҲОӢ

Агар он турк майли мо надорад,

Хатоӣ бар хато парво надорад!!!

23.06.2024. Соат ба вақти Кӯлоб 19:00 дақиқа. Пас аз 33 соли Истиқлолият ва 70 соли шуравӣ, яъне 103 сол ба баъд, бо кӯмаку дастгирии Маҳмадзойир Соҳибов-сарпарасти кулл ва Зафар Ҳақназаров-президенти КФ Равшан, мухлисин тавонистанд, барои нахустин бор бозии дастаи дӯстдоштаашонро шомгоҳон ва шабҳангом бубинанд. Спонсорон барои Кӯлоб-Арена шоҳнурполо ё худ прожекторҳои замонавӣ ва монитори бузургтарин дар кишварро харидаву васл карданд, ки майдон мисли рӯз равшан будӣ. Хотиррас мешавем то ин соат варзишкорон маҷбуран зери шуъои офтоби 35-40 градуса бозӣ мекарданд, зеро имкони дар шаб бозидан набуд. Брависсимо, бозори Ҳоҷӣ Шариф.

Вале ин шодиву тарабро 1 довар ба боди фано дод. Абдулло Давлатов, ки тибқи гузориши КФ Равшан дар ҳама бозиҳое, ки довар аст, зидди ин клуб кор мекардааст (факту навор дорад клуб ва мухлисин), ин бор низ корро вайрон кард. Дар дақиқаи 90+7 ӯ аввал ба дарвозаи ҳариф – Истиқлоли Душанбе пеналти дода, сипас бо сабабҳои номаълум қарорашро тағйир кард.

Нуриддин Давронов-футболбози беҳамто ва директори варзишии Истиқлол ин моҷароро дида, ҳатто ангушти ҳайрат газид ва гуфт, «маҳз доварии ҳамингуна ғайрикасбиён аст, ки мардум гумон мекунад, Истиқлол бозиҳоро мехарад! Мо бе хизмати хирсонаи инҳо низ пешсафем. Агар пеналти медод, ҳисоб мусовӣ мешуд, ки ба мо ҳич зараре надошт!»

 

КФ Равшан баъди дуздии пеналти дар бозӣ бо Истиқлоли Душанбе, аз ҷониби довари марказӣ ва доварони ВАР расман изҳор мекунад:

  1. Дар ягон бозӣ, АГАР Абдулло Давлатовро довари марказӣ ва ё довари ВАР гузоранд, ба майдони бозӣ намебарояд ва:
  2. ВАР ё худ Видеодоварро дигар ба ЯГОН бозии расмияш даъват намекунад: касе ВАРро ба Кӯлоб-Арена меорад, аз ҳисоби худаш орад. Мо маблағи онро пардохт намекунем!!!

Доварии нангини Абдулло Давлатов ва судяҳои касбияташон пасти ВАР бори дигар исбот намуд, ки судяҳои мо ғайрипрофессионаланд ва корро ин бор мо дар долонҳои баландтарини футбол ҳаллу фасл мекунем. Баҳонаи масъулин, ки ҳамагӣ 8 довар доранду судя намерасад, дигар рол намебозанд. Аз ситами чунин доварон моро раҳо кунед!

Поёни иқтибос аз изҳороти расмии клуби Равшан. Мо Метавонем!

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube