«БАРОДАРАМ…» ПАРДА ҚОСИМОВ АЗ ДУНЁ ГУЗАШТ

Чошти рӯзи 21-уми июни соли 2024 сарояндаи маъруфи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Парда Қосимов дар 77-солагӣ, дар хонааш – ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз дунё гузашт.

 АНДАР ШИНОХТ

Парда Қосимов, сарояндаи нотакрор дар самои ҳунари тоҷик зиёда аз 50 сол майдондорӣ кард. Пас аз хатми Омӯзишгоҳи маданӣ – маърифатии ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) бо роҳхат ба ноҳияи дурдаст-сарҳадии вилояти собиқ Қӯрғонтеппа, Панҷ ба кор фиристода шуд. Ва ӯ 33 сол ҳофизе аз ноҳияи Панҷ шуд.

Дар давраи советӣ аз навоҳии ҳудуди собиқ вилояти Қӯрғонтеппа камтарин сарояндаҳо дар саросари кишвар маҳбубият меёфтанд. Мардум – ҳаводорони санъат танҳо зӯртарин – ҳунармандтарин ҳофизро мепарастанд. Парда Қосимов хушбахтона аз зӯртарин сарояндагони тоҷик маҳсуб меёфт.

Ӯ ба куллӣ аз сарояндаҳои дигар фарқ мекунад. Чун ӯ ҳофизи дидадаро, шӯх, хушлаҳн, дилёб, «артист», услуби махсуси сароиш, имову ишора, чашмакзаниҳо, садои баланди ширину марғуладор, неруи тавонои бе фонограма сурудан, донишманд, навозандаи моҳир вархӯрдан имрӯз бас душвор аст.

Ба ҷуз ин ҳама Парда Қосимов торро «чапана» менавохт, ки бо чунин тарз доштану навохтани сози мусиқӣ на ба ҳар кас даст медиҳад (сарояндаи номвар Сангалӣ Мирзоев низ аккордеонро чапана менавозад).

АЗ «БӮСТОН»

Қабл аз он ки дар бораи устоди ҳунари сарояндагӣ Парда Қосимов ҳарфе биафзоем, аз озмуни «Бӯстон» бояд ёд кард. Сар аз соли 1974 дар кишвар озмуни телевизионии ҳаваскорони санъат бо номи «Бӯстон» роҳандозӣ гашт, ки онро Вазорати маданият, Хонаи эҷодиёти халқ ва Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии РСС Тоҷикистон ба шарафи ҷашнҳои таърихӣ баргузор мекарданд. Дар он сарояндагон, раққосон, латифагӯён, мазҳакагӯёни халқӣ ҳунар ва маҳорати худро нишон медоданд. Ин мусобиқа тавассути телевизиони тоҷик пахш мегардид.

Дар маҷмуъ се озмуни «Бӯстон» гузашта. «Бӯстон»-и 1 соли 1974 ба муносибати 50-солагии ташкилёбии СССР буд. Ба воситаи ин озмун ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов, Қурбоналӣ Раҳмонов, Бобоҷон Азизов, Шамсиддин Муҳиддинов ва дигарон бори аввал дар доираи васеи мухлисон шинохта шуданд.

«Бӯстон» -2 ба шарафи 60-солагии СССР (соли 1981) қариб як сол давом кард. дар он 50 дастаи санъаткорон ҳунари худро нишон доданд. «Бӯстон»-3 дар доираи Фестивали умумииттифоқии эҷодиёти халқ солҳои 1986-1987 ба муносибати Револютсияи Октябр доир шуд. Дар он гурӯҳҳои ҳунарии 56 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Фестивал – Озмуни «Бӯстон» ба ғанӣ гардидани барномаҳои гурӯҳҳои ҳунарӣ, такмили кори хонаҳои маданият, маҷмааҳои фарҳангӣ дар музофот мусоидат намуд. Маҳз дар рафти ҳамин озмун ҳофизони ҷавону умедбахши зиёде ба саҳнаи калони ҳунар раҳнамун шуданд. Аз ҷумла сарояндаи нотакрор Парда Қосимовро…

 

«БАРОДАРИ БА ҶОНУ ДИЛ БАРОБАРАМ»

Он замон озмунҳои «Бӯстон»-1 (1974), «Бӯстон»-2 (1981) ва «Бӯстон»-3 (1986-1987) – ро беқаророна интизорӣ мекашидем.  Хушбахтона озмунро ба воситаи телевизиони Тоҷикистон намоиш медоданд. Ва ана дар чунин яке аз сабқатҳо ҳофизи ҷавон Парда Қосимов аз ноҳияи Панҷ, бо садои гирову нолаи ҷигарсӯз суруди «Бародарам»-ро чунон таъсирбахш суруд, ки аъзои ҳакамон мафтуни иҷрои ҳунарманд гашта, ба ӯ 10 хол баҳо гузоштанд. Парда Қосимов бо иҷрои ҳамин Суруд ба доираи баланди ҳунармандони кишвар ворид гашт ва ин авлавиятро дигар то охири умр аз даст раҳо накард.

Аксар, насли наврас ва ҷавон тарзи сароиши Парда Қосимов ва аз шеъру муаллифи он бехабаранд. Аз ин рӯ, огаҳ бошед, ки пораи мазкур аз достони лирикии «Мавҷҳои Днепр»-и Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат буда, он «Мавҷи бародарӣ» унвон дошта, аз 6 банд иборат аст:

Ба дида нақши рӯи ту,

ба гӯш гуфтугӯи ту,

Ҳанӯз аз димоғи ман

нарафтааст бӯи ту,

Ба ҷои дур меравад

дилам ҳамеша сӯи ту,

Шудам калону омадам

кунун ба ҷустуҷӯи ту,

Бародарам,

Бародари ба ҷону дил баробарам!

Замини Украинаро

зи сару бар қадам задам,

Ба ҳар диёр дар задам,

ба ҳар мазор дам задам,

Зи лавҳаҳои мармарин

ба ҳирс ҷуста номи ту,

Бикофтам, наёфтам

нишони ноаёни ту.

Бародарам,

Бародари ба ҷону дил баробарам!…

Соли 1963

 

АЗ МУАРРИФӢ

Парда Қосимов 13-уми октябри соли 1947, дар деҳаи Тугараки ноҳияи Восеъи собиқ вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст.

Омӯзишгоҳи маданӣ-маърифатии ноҳияи Ленин (ҳозира коллеҷи мусиқии ба номи Партов Буйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ)-ро соли 1965 хатм намуда, бо роҳхат ба ноҳияи Панҷи собиқ вилояти Қӯрғонтеппа (ҳозира вилояти Хатлон) омада ҳамчун роҳбарии бадеии ансамбли тарона ва рақси «Шодӣ» ба фаъолият пардохта, то соли 1998 таи 33 сол ифои вазифа намуд.

Сар аз соли 1998 дар ансамбли «Лола»-и Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба симати овозхон фаъолият кард. Парда Қосимов овози хубу ширадор, маҳорати баланди сарояндагиро молик буд. Барномаи ҳунарии ӯ аз сурудҳо (ғазалҳо)-и шоирони классики тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил ва шоирони муосири тоҷик устод Муъмин Қаноат, Эмом-Алӣ, инчунин аз суруду оҳангҳои шӯху дилнавоз ва рақсии халқи тоҷик ва халқҳои дигари Машриқзамин мураттаб гардидааст.

Ба ғазалҳои Ҷ. Балхӣ – «Эй ошиқон», «Ман масту ту девона», Ҳофизи Шерозӣ – «Партави ҳусн», «Муждаи васл», «Юсуфи гумгашта», пораҳо аз достонҳои «Мавҷҳои Днепр» («Бародарам»), «Гаҳвораи Сино», «Сурӯши Сталинград»-и Муъмин Қаноат, сурудҳои машҳури маъруфи «Қӯшчинор», «Қошуқ метарошам» ва ғайраро Парда Қосимов оҳанг баста, онҳоро бо маҳорат ва лаҳни нотакрору дилнишин месуруд.

Мавсуф ғолиби Фестивали байналмилалии эҷодиёти халқ дар Испания мебошад. Ба кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Яман, Афғонистон, Эрон, Япония ва ғайра сафари ҳунарӣ кардааст.

Бо ордени «Нишони фахрӣ» мукофотонда шудааст. Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1980), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2001)…

 

«ТОҶИКИСТОН… АЗ МАНӢ»

Пас аз имзои сулҳу оштии миллӣ дар Москва, дар соли 1997 ва бомаром паст гаштани алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ сарояндаи мумтоз Парда Қосимов, пас аз саргардониҳои зиёд соли 1998 ҳамчун сароянда бо Ансамбли давлатии «Лола» пайваст. Дар ин дастаи ҳунарӣ ба эҷоди сурудҳои нав ба нав пардохт.

Ӯ акнун гули сари сабади тамоми чорабиниҳои давлатӣ, радиову телевизион ва маъракаҳои гуногун гардида буд. Парда Қосимов дар давраи советӣ бо иҷрои суруди «Бародарам»-и устод Муъмин Қаноат қаробат пайдо кард ва аз шоири ватансаро ба чандин шеър оҳанг баставу месуруд.

Сар аз соли 1997 ба ин сӯ овозхони маҳбуб бо шоир Эмом-Алӣ (Мирзоев Эмомалӣ) ошно шуд. Маҷмуаи нахустини шеърҳои Эмом-Алӣ бо унвони «Парвози дарё» соли 1997 зери назари устод Муҳаммад Ғоиб аз дасти чоп баромад.

Китоби дувумаш «Рақси дарахт» (1999, «Шарқи озод») нашр гардид. Сарояндаи номвар Парда Қосимов аз ин ду маҷмуа чанд шеърро беҳ дониста, ба онҳо оҳанг баста дар маҳфилу маъракаҳо хуш месуруд. Аз ин силсила шеъри «Тоҷикистон» (аз китоби «Рақси дарахт», саҳ. 56-57) самимитару гуворотар ва хушоҳанг баромада, дар як муддати кӯтоҳ шлягер шуд. Он сурудро баробари сароянда ҳозирини маҳфилу маъракаҳои гуногун месуруданд:

Тоҷикистон бо ҳама дарду давоят аз манӣ,

Бо гузашти дуру бо имрӯзҳоят аз манӣ.

Ибтидо шуд аз ҳамон рӯзе, ки ному ҳастият,

Бо ҳамон субҳи накӯи пурзиёят аз манӣ…

 

ТОҶИКУ ТОҶИКИСТОНӢ

Ростӣ то ба моҳи декабри соли 2006, то ба лаҳзаи хондани энсиклопедияи «Кӯлоб» намедонистам, ки Парда Қосимов дар ноҳияи Восеъи вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст. Зеро ба ин тарафи масъала таваҷҷуҳ надоштам. Мешумурдам, ки тоҷик асту бас. Ҳофизи маҳбубро ҳама панҷӣ (мансуб ба ноҳияи Панҷ) медонистанд ва он ҳам беасос набуд, зеро Парда Қосимов пас аз хатми Омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин 33 сол дар ин ноҳияи сарҳадии кишвар умр ба сар бурдааст…

Боре дар хонаи писархолаам Толиби Раҷаб аз сарояндаи маҳбуб Парда Қосимов пурсон шудам, ки шуморо як қисми одамон панҷӣ меҳисобанд, дигарон баракс мегӯянд, ки дар ноҳияи Восеъи вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст. Номатон Парда асту лаҳни гуфторатон ғармӣ…

Муғаннӣ қарақасти ханда бардошту гуфт:

«Эй, додари ҷу, мън тоҷику тоҷикистонистум!…».

Фурсате пас устод афзуд, ки воқеан тоҷик аст. Нисфи умраш дар сарҳади ҷанубии СССР – ноҳияи сермиллати Панҷи Тоҷикистон сипарӣ гаштааст. Аз ин рӯ, забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва «забони ғармӣ»-ро «оригинал» – дар асл медонад (ба қавли устод).

Дар фуроварди суҳбат хулоса бурд: «Акаи Парда Қосимови Шумо сирф тоҷик асту аз Тоҷикистони калон!…».

 

Умар АЛӢ 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube