БАРОИ «ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ» БИНОИ НАВ МЕКОБЕМ!

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар мақолаи «Ёрии таъҷилӣ ва проблемаҳои он»-ро, ки дар газетаи «СССР» нашршуда буд, дар ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳр бо иштироки муовини якум, муовинони раис, мудирони шуъба ва бахшҳо, инчунин тамоми роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳр ва раисони маҳаллаҳо мавриди баррасӣ қарор дод.

Қайд кардан зарур аст, ки вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои мушаххас ва саривақтӣ андешида шуда, дар муҳлати кӯтоҳтарин 2 адад автомашинаи ёрии таъҷилӣ ба маблағи 58 ҳазор сомонӣ пурра аз таъмири ҷорӣ баромада, айни ҳол 6 адад нақлиёт барои ёрии беморон дар гардиш қарор дошта, ба сокинони шаҳр кӯмаки аввалияи тиббӣ мерасонанд. Илова бар ин Маркази зикршуда бо сӯзишворӣ, доруворӣ ва кадрҳои баландихтисос таъмин мебошад.

Боиси қайд аст, ки дар тавозуни Маркази ёрии таъҷилӣ 12 адад нақлиёти хизматрасон, аз ин шумора 4 адад нави ҳозиразамон, 3 адад таъмирталаб ва 5 адад умуман корношоям мавҷуд буда, 2 адади дигар аз таъмири ҷорӣ рӯзҳои наздик бароварда мешавад. Инчунин, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост барои гирифтани 4 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ пешниҳод карда шуд.

Вобаста ба зангҳои дурӯғини баъзе шаҳрвандон, ки ба кори Маркази Ёрии таъҷилии тиббии шаҳр халал мерасонанд, корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, гурӯҳҳои таблиғотӣ ҳамарӯза бо сокинони маҳаллаҳо оиди ин масъала суҳбату вохӯриҳо баргузор менамоянд. Дар ҳақиқат худи бинои Маркази Ёрии таъҷилӣ аз солҳои шӯравӣ боқӣ монда, ҷиҳати ба ҷойи дигар кӯчонидан ва шароити мусоид фароҳам овардан, аз ҷониби мутахассисони соҳа корбарӣ ва дар самти мазкур хулосаҳои дахлдор бароварда шуда истодааст.

Нисбати бо кадрҳои тахассуси дараҷаи олӣ, якум ва дуюм таъмин гардидани Марказ, бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино ҳамкорӣ намуда, барои бартараф намудани норасоии кадрӣ, тадбирҳои судманд андешида мешавад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ш.Бохтар барои беҳтар намудани шароити корӣ, таъмири автомашинаҳои таъмирталаб ва сохтмони бинои замонавии Маркази Ёрии таъҷилии тиббӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдоштаи соҳа аз рӯи имкониятҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Файзулло Баротзода,

Раиси ш.Бохтар

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube