БОХТАР ВА АҶОБАТИ ОН

Бо даъвати дӯстам озими шаҳри ҷавониам Бохтар (пештара Қӯрғонтеппа) шудам ва чанд рӯзамро ба тамошои он бахшидам. Шаҳр дар натиҷаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат симояшро ба куллӣ тағйир дода, биноҳои баландошёна, роҳҳову кӯчаҳои васеи мумфарш, фаввораҳо ва гулгаштҳо ба он ҳусни тоза бахшидаанд. Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, симои баланду зебои Қалъа, манораи Нишони давлатӣ ба ҳусни шаҳр таровати рухбахш ворид кардаанд. Хусусан, оби равону пурталотуми дарёи байни шаҳр дилпазир буд. Вале…

 Асп ба ҷои шутур…

Вале якчанд аҷоиботро дидам, ки ба ҳусни ин шаҳри маркази вилояти Хатлон таъсири манфӣ расонда, аз тамошои он кас худро нороҳат ҳис мекунад.

Дар пояи манораи Нишони давлатӣ, рӯ ба рӯйи бинои Ҳукумати вилоят бо амри кадом мутасаддие 2 шутури қоқи хароб насб карда шудааст, ки дидори онҳо нафрати касро бедор мекунад. Аз таърих медонем, ки шутур тимсоли араб  буда, «шукуҳу шаҳомати ин ҳайвон» дар асари безаволи Фирдавсии бузургвор таҷассум гардидааст. Хуб мешуд, ки ба ҷойи онҳо асп – тимсоли Рахши Рустами Дастон ва аспҳои машҳури хатлонӣ гузошта шавад, ки кас аз тамошои онҳо ҳаловат барад ва ба қувваи тавонои ин ҳайвони муқаддас боварӣ пайдо кунад.

Мағозаи китобу газет нест!

Шаҳри зебои Қӯрғонтеппа солҳои пеш бо китобхонаҳои зиёдаш машҳур буд. Якеи он дар чорсӯи васеи назди бинои Ҳукумати вилоят қарор дошт. Аз тамоми гӯшаву канори водӣ ҷавонон барои ба даст овардани китоб ба ин шаҳри зебо ташриф меоварданд. Дар тамоми муҳлати буду бошам дар ягон кунҷи шаҳр мағозаи китобфурӯширо пайдо накардам. Аз ҳама ташвишовараш он буд, ки дар чунин 1 шаҳри бузург 1 дӯкони рӯзномафурӯширо надидам. Фақат дар кунҷи шимолии бозори «Фаровон» дар иҳотаи молу матоъ ва хӯрокворию маводи зироатию мошинҳои бешумор 1 ҷавоне ба фурӯши рӯзномаю маҷалла машғул буд, ки кофтану ёфтани он амрест муҳол.

Ғасби роҳи пиёдагард

Аз 2 тарафи бозори «Фаровон» тамбаву ҷамъшавии нақлиёти мусофиркаширо ба дарозии қариб 1 километр дидан мумкин аст, ки роҳҳои мошингарду пиёдагардро ғасб карда, ба равуойи нақлиёту пиёдагардҳо халал мерасонанд. Бар болои ин садоҳои баланду гӯшхарошу арросзании ронандаҳо на танҳо роҳгузарон, балки истиқоматкунандагони биноҳои истиқоматиро нороҳат мекунанд. Ин пиёдараҳаҳоро майдасавдогарони маҳсулоти зироатӣ ва фурӯшандаҳои молу матоъ бо пуррагӣ аз худ карда, ба гашту гузори мардум монеъа мешуданд.

Раёсати маориф дар байни издиҳом…

Чунин ҳуҷуми ронандаҳо ва майдасавдогаронро дар назди бинои Раёсати маорифи вилоят дидан мумкин аст, ки кормандони ин идора бо 1 азоб аз байни маҳсулоти қатор чидашуда гузашта, ба корхонаашон медароянд. Пурсида мешавад, ки наход роҳбарияти шаҳр ин вазъи носолими ба ҳусни пойтахти вилоят латма занандаро набинанд ва чораи дахлдор наандешанд? Беҳтар мебуд, ки барои ин майдасавдогарон ҷою макони беҳтар муҳайё мекарданд ва мошинҳоро аз сари роҳ мегирифтанд. Кас ҳайрон мешавад, ки кормандони мақомоти милисаи вилоят ва шаҳр, ки аз ин манзараи ҳузновар 2 қадам дуртар ҷой гирифтаанд, ба куҷо менигаранд?

 КЖКП «зинда» аст?

Ҳини гардиш дар чанд кӯчаи шаҳри азизам ғараму кӯҳи партовро дидам, ки ба фикрам моҳҳои дароз хобида, ба атроф бӯйи баде паҳн мекарданд. Ҳеҷ ба ақли кас намедарояд, ки кормандони хоҷагии коммуналии шахр ин ҳолати ногуворро надида бошанд. Ин манзараҳои дилбеҳузуркунандаро, ки ба ҳусни шаҳр латма мезананд, кас тамошо карда, аз дил мегузаронад: вой бар ҳоли мо.

Зариф Ғулом,

адиб, сокини ш. Ваҳдат, меҳмони Бохтар

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube