Бозорҳои Душанбе хароб мешаванд!!!

Тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе бозорҳои “Саховат”, “Ганҷина”, “Панҷшер” ва даҳҳо хонае, ки дар пушти ин бозорҳо ҷойгиранд, тахриб шуда, ба ҷои онҳо парки иноватсиноӣ ё идомаи Боғи ба номи Фирдавсӣ сохта мешавад. Замони аниқи тахриби ин бозорҳо маълум нест, вале тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар оянда бозорҳои “Саховат”, “Панҷшер” ва “Ганҷина” бояд ба дигар ҷой кӯчонида шаванд.

Тавре дар суҳбат бо мухбири СССР Умед Гуреззода, раиси н.Фирдавсии ш.Душанбе изҳор дошт, масъалаи тахриби ин бозорҳо 2 сол пеш, замоне ки мвсуф муовини раиси шаҳри Душанбе буд, дар яке аз ҷаласаҳи шаҳрдорӣ бо ширкати Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе баррасӣ шуда буд.

– Дар оянда агар имконҳои молиявӣ зиёд бошад, ба ҷои ин бозорҳо парки иноватсионӣ сохта мешавад. Дар сурати маҳдуд будани имкони молиявӣ ин минтақа давоми Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Фирдавсӣ мешавад.

Дар пушти ин бозорҳо 1 маҳаллаи калон аст. Пардохт кардани ҷуброн барои хезонидани онҳо маблағи калонро талаб мекунад. Ин хароҷотест, ки аз буҷет бидуни пардохти андозу дигар пардохтҳо медиҳем. Ҳоло харҷи бартараф кардани хонаҳо ҳисоб нашудааст. Ин дар оянда аст, вале бовар дорам барои хезондани мардум шояд 100 млн сомонӣ лозим шавад, – таъкид дошт Умед Гуреззода.

Умед Гуреззода афзуд, ки барои сохтмони 1 маркази савдои замонавии нав мисли Бозори “Меҳргон” барои соҳибкорон лоиҳа пешниҳод кардаанд ва дар сурати ба истифода додани ин марказ тахриби бозорҳо оғоз хоҳад шуд.

Ҷ.Мақсуд, СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube