ДАР ЯК САТР

Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари баъзе аз воситаҳои ахбори оммаи ба ном мустақилро дар мавриди дастгир намудани шаҳрвандон дар алоқамандӣ бо кӯшиши анҷом додани амалҳои террористӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз беасос хонд.

Шуруъ аз 20.04.2024 Ҷумҳурии Туркия ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми раводидро ҷорӣ намуд: минбаъд нархи визаи яккаратаи Туркия 60 доллар ва раводиди бисёркарата 190 долларро ташкил медиҳад (акнун зиёиёни дилсӯзи террористони хушрӯчаи чашмони маъсумакдор… завқ баред).

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар гуфт, ки дар 23 соли охир даромадҳои пулии аҳолии Тоҷикистон аз 1 млрд сомонӣ ба 131 млрд сомонӣ расид. Яъне, мо 130 карат бойтар шудем, мардум!

Тасмим шуд, ки дар таърихи 20.04.2024 бахшида ба Рӯзи пойтахт Ниммарафони XIV байналмилалӣ доир гардад.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» тасмим гирифт дар ояндаи наздик хатсайри Душанбе – Сеул – Душанберо кушояд.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube