ДАР ЯК САТР

Бо дастури Президенти ҶТ аз ҳисоби фонди захиравии Президент ба ҳар иштирокчии ҶБВ 40 ҳазор сомонӣ кумакпулии яквақта ҷудо гардид.

 Бо дастури Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе ба ҳар иштирокчии Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941 – 1945 маблағи 10.000 сомонӣ ҷудо карда шуд: айни замон дар ш.Душанбе 3 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

 06.05.2024. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳабибулло Назарзода директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ таъин гашт.

 Ғазалшоҳ Сафарзода аз вазифаи сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон озод ва ба ҷои ӯ Зиёдулло Абдулзода, ки то ин дам дар вазифаи муовини вазири маориф ва илми кишвар фаъолият дошт, таъин гардид.

 Дар мусобиқаи байналмилалӣ Dushanbe Grand Slam 2024 ҷудочиёни Тоҷик 7 медал – 1 тилло, 3 нуқра ва 3 медали биринҷиро соҳиб шуданд.

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube