ДАР ЯК САТР

  – Бо дастури Сарвари давлат Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба ш.Москва сафар намуда, бо вазири корҳои дохилии Россия Колоколсев Владимир масъалаи дастгир намудани Дилшод Саидмуродов (Дилшоди СБ) муттаҳами аслӣ дар куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк”-ро баррасӣ хоҳад кард.

   – 1 сентябр, Рӯзи Дониш ва «Дарси сулҳ» имсол бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар Данғара хоҳад гузашт.

   – Тибқи иттилои Агентии омори кишвар, то 01.07.2023 теъдоди аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти сабти таваллудшудагон, фавтидагон ва муҳоҷират 10 млн 163,4 ҳазор нафарро ташкил дод.

 – Алиризо Ҳақиқиён, сафири нави Фавқуллода ва Ваколатдори Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ш.Душанбе омад, ки қаблан дастёри вазир дар умури АвруОсиёии вазорати умури хориҷа, мушовири амниятии вазири умури хориҷа, кордори Эрон дар Ироқ, сафири Эрон дар Арманистону Покистон буд.

 SOS: КҲФ ҳушдор медиҳад, ки то охири ҳафтаи равон дар кишвар боридани борон, раъду барқ ва хавфи сар задани зуҳуроти сел боқӣ мемонад.

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube