ДАР ЯК САТР

18.10.2023. Бо дастури Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, корвони кумаки башардӯстона иборат аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, ҷилди хобу курпаҳои гарм ва дигар ашё иборат аз 130 боркашон ба Ҳироти Афғонистон рафт.

20.10.2023. Роҳи мошингарди қитъаи Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт расман ифтитоҳ ёфт.

Тоҷикистон 24 дидбонгоҳи нави сарҳадӣ бо Афғонистон, Қирғизистон ва Чин, дар Хоруғ, Фархор, Лахш, Шамсиддин Шоҳин, Рӯшон, Ишкошим ва Мурғоб ифтитоҳ намуд, ки барои тақвияти иқтидори марзбонии кишвар мусоидат мекунанд.

Дар 20 рӯзи аввали маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 66% нақшаи даъват иҷро шуд.

Ба ҶСК “НБО Сангтӯда-1” пас аз таваққуфи панҷмоҳаи иҷборӣ, барои фаолият,  истеҳсол, интиқол ва тақсими барқ иҷоза дода шуд.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube