Дод аз дасти  1 XBET  ва контораҳои букмекерӣ

25.02.2026. Соат ба вақти Душанбе 16:45 дақиқа. Муродов Мирзоалӣ, хонандаи доимии газетаи мардумии СССР, аз деҳаи Бобосафоли н. Фархор меҳмони идора шуда, аз ҳоли зор ва оқибатҳои бади гаравиши ҷавонон ба хурофоту бегонапарастӣ, ҳамзамон, ба амалу шуғлҳои номатлуби ба монанди қиморбозӣ, фурӯш ва истеъмоли маводи нашъаовар шикоят намуд:

Шукри Худо хонаи обод, духтарони соҳиби хонаю дару набераҳои дӯстрӯяк дораму, мутаассифона, писари яккаю ягонаам, хатмкардаи ДДТТ ба номи С.  Раҳимови пойтахт, хизмати аскариро ҳам гузашта, боиси ташвиши ҷиддиамон гардидааст. Аз тарси он ки духтари инсоне ва фарзандони ояндаашро бадбахт накунад, хонадораш накардаем. Аслан, чандон ҷавони бад наменамояд. На ба сигор, на ба арақ майле надорад, вале чӣ шуду чӣ монд, ки ба дарди қиморбозӣ гирифтор шуда, аз пардохти қарзу қаволаи зиёд ба қавле, хонахаробу аз зиндагӣ дилсардамон кардааст.

Ӯ дар казинову қиморхонаҳои ниҳонӣ не, дар қиморхонаҳои расман амалкунандаву ҳамарӯза таблиғу ташвиқмешудаи 1 Xbet  ва контораҳои букмекерӣ қимор мезанаду моро хонахаробу рӯсиёҳ кардаст…

Корро бинед, ки боз инсонҳои фақат солеҳ ба доми ӯ афтода мемонанду дар баргардондани маблағашон таҳаммулпазиранд, набошад, намедонем дигар ҳоламон чӣ мешуд? Ману модар ва апаю хоҳарашро хеле зиқ кардааст. Аз фикри зиёд  худам ҳафтаи гузашта, дар Беморхонаи ба номи Синои пойтахт амалиёти ҷарроҳҳии дилро гузарондам. Аз тангдастию дилмондагӣ ба ҷарроҳӣ тамоман розӣ набудам. Хушбахтона бо исрори бародарам, ки пардохти 60 000 сомонӣ ҳақи ҷарроҳиро ба уҳда гирифт, ризоят додам.

Аз зиндагӣ сахт дилмондаю бармаҳал пир ва ноумед шудаам. Боз ҳам мутаассифона, чунин аҳвол на танҳо бар сари ману оилаи мост. Ҷавонони зиёде мубталои ин қиморхонаҳо шуда, миёни падару модаронро шикастаанду марги онҳоро метезонанд. Занҳои ҷавон бо кӯдакони хурдсол беваю ятим мемонанд.

Ҳайронам, ки ҳоло ку, замони солҳои 90 – ҷанги шаҳрвандӣ нест. Дар шаҳру ноҳияҳо ҳама мақомоти қудратӣ мавҷуданд. Пас, чӣ тавр мешавад, ки Марказҳои бозиҳои компютерии тарғибгари ҷангу куштор, фисқу фасод, қиморхонаҳо, қуллобхонаҳо таъсис ёфтаю бозорашон гарм аст? Аз ҷумла, дар ш. Душанбе қариб ки дар сари ҳар қадам рекламаҳои ҷалбкунандаи рангаю муҳташаму электорнии бозиҳои ҷавонони миллатро ба бадбахтиҳо мебурда, овезонанд. Наход касе ёфт нашавад, ки пеши роҳи ин ҳама бесарусомониҳоро гирад, аз тақдири миллат, ояндаи Ватан андеша кунад? Ба қавли Хусрави Деҳлавӣ:

Ноларо ҳарчанд мехоҳам, ки пинҳон даркашам,

Сина мегӯяд, ки ман танг омадам, фарёд кун!!!

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube