ДУШАНБЕ: КӢ МАРКАЗИ ШАҲРРО ТЕРМИНАЛ КАРДААСТ?

Шумораи гузашта мухбирони СССР дар бораи шароити будубош ва фароҳам овардани имконият барои воситаҳои нақлиёти кирокаши байнишаҳрӣ ва мусофирон дар терминали «Озод транс» навиштанд. Бо гузашти чанд соли фаъолият, мутаассифона имрӯз ҳам терминали «Озод транс», ки яке аз калонтарин таваққуфгоҳи нақлиётии байнишаҳрӣ ба шумор меравад, аз одитарин имконияти хизматрасонӣ маҳрум аст.

Дар ҳудуди терминал барои мусофирони раҳдур на толори интизорӣ ҳасту на гӯшае, ки чанд харак гузошта шуда бошад. Дар дохили бинои маъмурияти терминал 1 толори хурдест, ки аксар вақт кормандони терминал худашон он ҷоро банд кардаанд. Ронандаҳо аз он шиква доранд, ки бидуни имконият ва хизматрасонӣ 5 сомонӣ чекпулӣ ҷамъ мешавад, ки он ҳам расид надорад. Ва дар умум симо, ҳудуд ва хизматрасониӣ дар терминали «Озод транс» ба талаботи муосири нақлиётдорӣ ҷавобгӯ нест. Бо 1 ҳарф «Озод транс» зеби пойтахт нест…

«Садбарг» ё истгоҳи Ваҳдату Файзобод?

1 проблемаи дигар он аст, ки имрӯз ронандаҳои мусофиркаши самти шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод истгоҳи «Олами китоб», ки ҳамчунин бо номи маркази савдои «Садбарг» маъруф аст, куллан ба таваққуфгоҳи байнишаҳрӣ табдил додаанд. Микроавтобусҳои самти ш.Ваҳдат истгоҳи нақлиёти ҷамъиятиро банд карда, на танҳо барои автобусу троллейбус, балки мошинҳои хусусӣ низ монеа эҷод менамоянд.

40-50 метр дуртар аз истгоҳи стихиявии микроавтобусҳои самти Душанбе – Ваҳдат автомашинаҳои хусусии кирокаши самти Душанбе – Файзобод истгоҳи назди «Олами китоб»-ро банд карда, аз субҳ то шом ҷор мезананду одам ҷамъ мекунанд. Баъзан кирокашро дар 2 қатори роҳ ист намуда, садди роҳи ҳаракати автобусу троллейбус ва воситаҳои нақлиёти дигар мегарданд.

Ба ғайр аз ин таксиҳои хусусии 7-10 сомонӣ, ки аз рӯи хатсайрҳои гуногун дар ин марказ равуо мекунанд, дар кадом ҷойе хоҳанд ист намуда, манъи ҳаракати нақлиёт ва сар задани тамбашавӣ мегарданд.

 

«Норак-да биё бача!»

1 терминали дигари худсохт истгоҳи назди Вокзали роҳи оҳани шаҳри Душанбе мебошад, ки мардуми шаҳри Норак онро ба терминали байнишаҳрии худ табдил додаанд. Автомашинаҳои кирокаш аз субҳ то шом ин ҷоро ба қавле «охурча» карда, байни Душанбеву Норак рафтуомад мекунанд ва дар ҳамин ҷо низ роҳи микроавтобусу троллейбусу автобусҳои шаҳрӣ пайваста банд шуда, ҳамеша тамбашавӣ ҷо дорад. Нафаре дар ин терминал ҳам аз ҳар 1 мошин барои ҳар 1 рейс 1-2 сомонӣ маблағ ҷамъ мекунад…

 

«Озод транс» – нуқтаи аввалу охир

Муҳимтар аз ҳама нафаре дар чунин «терминалҳо»-и худсохту стихиявӣ аз ронандагони чӣ микроавтобусҳои самти шаҳри Ваҳдат, чӣ таксиҳои самти ноҳияи Файзобод 1-2 сомонӣ, ба ном чекпулӣ, ҷамъ мекунад. Пас ин бетартибӣ соҳиб доштааст??? Ин маблағ, ки шояд рӯзе 2-3000 сомониро ташкил намояд, ба кисаву кассаи кӣ меравад? Ва бидуни пардохти андоз…

Чаро ин микроавтобусҳо ва таксиҳои шахсӣ то маркази ш.Душанбе медароянд, ҳол он, ки тибқи дастури шаҳрдории Душанбе нуқтаи аввалу ниҳоӣ боз ҳам бояд терминали «Озод транс» бошад? Суолест матраҳ ба масъулини соҳаи роҳу нақлиёт ва БДА-и шаҳри Душанбе.

 

Мо пайгирӣ мавзуъем ва гузоришҳои худро аз ҳолати воқеии терминалҳои мусофиркашони байнишаҳрии пойтахт дар шумораҳои баъдӣ идома хоҳем дод. Мо Метавонем!

 

Ҷ.Мақсуд, СССР,

А.Собир, суратгир

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube