ДУШАНБЕ – МИЗБОНИ 2 САММИТИ МУҲИМИ МИНТАҚАВӢ

Рӯзҳои 14-15 сентябри соли 2023 шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони 2 чорабинии муҳими сатҳи баланд – Вохӯрии 5 – уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии «Наҷоти Арал» гардид.
Барои ширкат дар ин вохӯрии сатҳи баланд президентони Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров, Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Ҷумҳурии Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов субҳи рӯзи 14.09.2023 ба ш.Душанбе ташриф оварданд.
Бояд гуфт, ки Илҳом Алиев, президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Пешвои миллии мардуми Туркманистон ва Раиси Халқ Маслиҳати Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ҳамчун меҳмони вежа ба ин саммити минтақавӣ даъват шуда буданд.
Лозим ба ёдоварист, ки аввалин вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 15.03.2018 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон доир гашта, дуюмаш 29.11.2019 дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд. Моҳи августи соли 2020 баргузории ин ҳамоиш дар Қирғизистон ба нақша гирифта шуда буд, аммо ба далели паҳншавии бемории сироятии коронавирус он барои 1 сол мавқуф гузошта шуд. Вохӯрии сеюм 6.08.2021 дар шаҳри Авазаи Туркманистон ва вохӯрии чорум 21.07.2022 дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон доир гардид. Вохӯрии панҷум 14.09.2023 дар шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд…
Мақсади вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ мусоидат ба ҳамкории минтақавӣ ба хотири ташаккули низоми устувори муносибатҳо дар тамоми соҳаҳои асосӣ (иқтисод, сиёсат, амният, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғ.) бе таъсири беруна ба ин минтақа мебошад. Пӯшида нест, ки дар Осиёи Марказӣ байни давлатҳо масъалаҳои калидӣ, мисли делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадҳо, танзими обу энергетика, тиҷорату иқтисод, иқлиму экология роҳи ҳалли дурусти худро мунтазир мебошанд.
Ҳайати эҷоди газетаи СССР низ дар қатори беш аз 300 намояндаи воситаҳои ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ дар кори ин 2 машварат иштирок намуд ва дар бораи муҳимтарин нуқтаҳои вохӯриҳои сатҳи баланд, бароятон хоҳанд гуфт. Гузоришҳои вежаи моро дар Ютуб канали СССР низ пайгирӣ намоед. Мо Метавонем!

Боварӣ, дӯстӣ, ҳамкорӣ ва бехатарӣ
14.09.2023. Вохӯрии 5-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ – ҳамоиши сатҳи баланд дар бинои Қасри Миллат доир шуда, сарони давлатҳои иштирокчӣ ва меҳмонони чорабиниро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона истиқбол гирифтанд.
Сарони давлатҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами робитаҳои мамлакатҳои минтақаро баррасӣ намуда, дурнамои тавсеаи ҳамкории минтақавиро дар самти таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими заминаи муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, рушди минбаъдаи фазои фарҳангӣ ва гуманитарии минтақа мавриди назар қарор доданд.
Таъкид гардид, ки ба шарофати кӯшишҳои муштарак Осиёи Марказӣ пайваста ва босубот ба минтақаи ҳамкории мутақобилан судманд табдил меёбад. Аз ҳама муҳим он аст, ки халқҳои мо аз самараи ин кӯшишҳо баҳравар мегарданд.
Асоси вохӯриҳои машваратии моро муколамаи боварибахш, ошкоро, созанда, инчунин ҳалли мувофиқашудаи мушкилоти умумии минтақа ташкил медиҳад.
– Дар давоми 5 соли сипаришуда давлатҳои минтақа ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо ташаббус пешниҳод намуданд, ки ба таҳкими сулҳ ва таъмини рушди устувор нигаронида шудаанд. Ҳамаи ин аз бебозгаштии раванди табдил ёфтани Осиёи Марказӣ ба минтақаи устувор, аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққинамуда ва дар ояндаи наздик хеле шукуфон, шаҳодат медиҳад. Вохӯрии ҷашнии машваратии имрӯза боз 1 тасдиқи иродаи қавии сиёсии давлатҳо барои таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкории байнидавлатӣ ба манфиати халқҳои бародар хоҳад буд. Ҳадаф аз баргузории ин чорабиниҳо – дар Осиёи Марказӣ мустаҳкам намудани муҳити нави боварӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ мебошад. Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки омили бехатарӣ шарти муҳимтарини бомуваффақият ба амал баровардани нақшаву иқдомҳои созандаи мост, – таъкид доштанд дар суханронии хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таъсиси Ассотсиатсияи ВАО
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ба масъалаҳои ҳамкорӣ баҳри густариши минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таҳияи барномаҳои алоҳидаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав, амалисозии лоиҳаҳои бузурги нақлиётӣ ва инфрасохтор, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, барои таъмини амният дар фазои иттилоотии Осиёи Марказӣ таъсис додани Ассотсиатсияи воситаҳои ахбори оммаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ҷалб намуданд.
Воқеан ҳам ин тарҳ агар амалӣ гардад, беҳтарин иқдом барои густариши равобити матбуотӣ дар кишварҳои минтақа мешавад. Мо метавонем!

Қадршиносии Гурбангулӣ Бердимуҳамедов


Дар ҳошияи ин саммити минтақавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон, муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедовро самимона пазироӣ намуда, бо Қарори Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои саҳми барҷастааш: -дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, таъмини ҳамкории мутақобилан судманди давлатҳои минтақа дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки мамлакатҳои минтақа дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин кӯшишҳои чандинсолаи шахсии ба бунёдкорӣ ва рушди бемайлон равонанамудааш, мукофоти олӣ – «Нишони фахрӣ»-ро дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд.

2 санади нави ҳамкорӣ
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суханронӣ намуданд. Пасон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш бо навори видеоӣ муроҷиат намуда, аз ин сарҷамъии Сарварони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ истиқбол намуд.
Дар ҳошияи кори Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ 2 санади навро имзо намуданд:
1. Созишнома оид ба таҳкими ҳамбастагии нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ;
2. Созишнома байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон оид ба самтҳои умумии сиёсати ҷавонон.

Туҳфаи Президенти Қазоқистон ба Эмомалӣ Раҳмон
Шоми ҳамон рӯз Сарони кишварҳои Тоҷикистону Қазоқистон, Туркманистону Узбекистон ва Озарбойҷон аз Намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ боздид намуданд.
Дар толори маҳсулоти саноатии Тоҷикистон, ки 2310 метри мураббаъро ташкил медиҳад, беш аз 150 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ иштирок намуда, номгӯи зиёди маҳсулоти ватаниро муаррифӣ карданд. Аз ҷумла дар ин толор намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ, саноати сабук, саноати мошинсозӣ, саноати кӯҳӣ, канданиҳои фоиданок, энергетика, технологияи иттилоотӣ (IT), кишоварзӣ ва ғайра маҳсулоти хешро муаррифӣ намуданд.
Зимнан, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев зимни боздид аз гӯшаи кишвараш ба Эмомалӣ Раҳмон аз номи Қазоқистон ба мардуми тоҷик тӯҳфа дод. Туҳфа – 1 автобуси мактабӣ ва 3 маҷмӯи дастгоҳи VibroLUNG (он шушҳоро бо мавҷи виброакустикӣ табобат мекунад) мебошад.

Эъломияи Душанбе
15.09.2023. Дар ш.Душанбе, дар Қасри миллат Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии «Наҷоти Арал» баргузор гардид. Дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, муовини аввали Раиси Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев ва ҳамчунин Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид – Роҳбари Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда Каха Имнадзе иштирок намуданд.
Лозим ба таъкид аст, ки 26.03.1993 дар сатҳи роҳбарони давлатҳои минтақа Созишнома «Оид ба амалиёти муштарак барои ҳалли проблемаи минтақаи баҳри Арал, барқарорсозии муҳити зист ва таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ҳавзаи баҳри Арал» имзо шуд, ки дар заминаи он Фонди байналмилалии наҷоти Арал таъсис ёфт. Таъсисдиҳандагони Фонди байналмилалии наҷоти Арал мамлакатҳои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон ба ҳисоб рафта, сохтори ниҳоии ташкилии ин бунёд 28.02.1997 аз ҷониби сарони давлатҳои минтақа қабул шудааст.
Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал бо навбат дар шаҳрҳои Алмато (солҳои 1993-1997), Тошканд (солҳои 1997-1999), Ашқобод (солҳои 1999-2002), Душанбе (солҳои 2002-2008), Алмато (солҳои 2009-2012), Тошканд (солҳои 2012-2016), Ашқобод (солҳои 2017-2019) ва инак дар Душанбе (солҳои 2020-2023) ҷойгир шуда, баъд аз анҷоми ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал 14-15 сентябри соли 2023 раёсат ба Ҷумҳурии Қазоқистон гузашт.
Бояд гуфт, ки дар ҷараёни мулоқот дар ш.Душанбе 1 силсила масъалаҳои мубрами фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Арал, аз ҷумла натиҷаҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ниҳод, такмили сохтори ташкилӣ ва заминаи созишномавӣ ва ҳуқуқии фонд мавриди баррасӣ қарор гирифта, самтҳои ояндадори фаъолияти муштарак зимни андешидани тадбир дар ин бахшҳо муайяну мушаххас шуданд.
Таъкид гардид, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамёрии давлатҳои минтақа дар ҳалли масъалаҳои печидаи обу экология нақши муҳим дорад. Дар чаҳорчӯби ин ниҳод натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоии Осиёи Марказӣ, таҳкими ҳамкории минтақавӣ, ҳамчунин ҷиҳати ба роҳ мондан ва густариш додани муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ин самт мусоидат намудаанд.
Аз рӯи натиҷаи ҷаласа қарорҳои Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ҳамчунин Эъломияи Душанбе ба имзо расиданд.

Баҳри Арал 86% хушкид…
Тавре коршиносон мегӯянд, дар 30 соли охир омадани оби дарёҳои Сир ва Ому ба баҳри Арал 86 % кам шудааст, ки қариб 9 километри мукааб обро ташкил медиҳад. Тибқи мулоҳизаҳои коршиносони Созмони Милали Муттаҳид, минтақаи баҳри Арал ба яке аз калонтарин фоҷиаҳои экологии сайёра табдил ёфтааст. Ҳаҷми баҳр солҳои охир 4 маротиба хурд, майдонаш 2 баробар кам, яъне аз 60 000 км мураббаъ ба 28 000 км мураббаъ расида, сатҳаш бештар аз 15-16 метр паст шуда, соҳилаш то 80-100 километр қафо рафтааст, яъне тамоюл ба хушкидан дорад. Бо минералҳо омехташавии об то 4 маротиба афзуда, баъзе ҷойҳо ба намакзор табдил ёфтааст. Биёбон 2 млн гектар заминҳои корамро фурӯ бурда, доираи ҳаракати тӯфони чанг ба 500 километр расидааст. Миқдори моҳиҳо аз 200 ба 38 намуд кам шуд.
Мардуми соҳилҳои баҳри Арал, хусусан калонсолону кӯдакон гирифтори бемориҳои вазнин шуда истодаанд. Дар атрофи Арал қариб 5 млн нафар аҳолӣ умр ба сар мебарад ва он «минтақаи фалокати экологӣ» эълон гардидааст. Фоҷиаи баҳри Арал ҷараёни обшавии пиряхҳои Осиёи Марказиро тезонида, барои мардуми минтақа, воқеан ба мушкилоти ҳалталаб мубаддал мешавад. Баҳри Арал, ки вазъи экологии минтақаро муътадил нигоҳ медошт, аз байн рафта истодааст.

Ҷамила Ҳусейнова, СССР,
А.Собир, суратгир

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube