ЭҲТИЁТ: ҚОНУНИ ТАНЗИМ САХТ ШУД!!!

21.06.2024. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пас аз ворид намудани 1 қатор тағйиру илова дар шакли нав аз ҷониби Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид. Он пас аз нашр дар газетаи «Ҷумҳурият» ҳукми қонунӣ гирифт ва дида мешавад, ки муҷозот низ хеле сахттар шудаанд. Зимнан мо тасмим гирифтем муҳимтарин тағйиротҳои ин қонунро дар бобҳои алоҳида, ки хеле сахту ҷиддӣ гаштаанд, ба таври фишурда нашр созем, то хонандагони азиз донеду минбаъд дар ғафлат намонед, ки гуфтаанд:

-Надонистани қонун ҷазоро сабук намекунад!

 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Қонуни мазкур тартиби гузарондани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.

 БОБИ 3. ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ

 Моддаи 9. Ҷашнҳои расмӣ

  1. Ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Иди байналмилалии Наврӯз, Иди Меҳргон, Иди Сада, Иди Рамазон, Иди Қурбон ва идҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
  2. Дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон дастархони камхарҷи идона ороста шуда, исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ аст.

 

Моддаи 10. Зодрӯз

1.Ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронда мешавад.

 

Моддаи 11. Хатнасур ва маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак

  1. Маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва маъракаҳои дигари вобаста ба таваллуди кӯдак дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии ҳунармандон баргузор карда мешаванд.
  2. Маросими хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии ҳунармандон гузаронда мешавад.

…4. Гузарондани маъракаи ақиқа манъ аст!!!

 

Моддаи 12. Тӯйи домодию арӯсӣ

…2. Ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафҳо ва хешу табори домоду арӯс ва маъракаҳои дигари бо тӯйи домодию арӯсӣ алоқаманд, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо, манъ мебошанд

 

Моддаи 13. Маросими ҳаҷ ва умра

  1. Маъракаҳои гуселу пешвоз вобаста ба адои ҳаҷ ва ё умра дар доираи оила гузаронда мешаванд.
  2. Ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва маъракаҳои дигар, инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ аст

 

Моддаи 14. Маросими дафну азодорӣ

  1. Маросими ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон сурат мегирад.
  2. Маросими се, чил ва сол бе забҳи чорво ва додани таом гузаронда мешаванд.
  3. Дар маросими дафну азодорӣ забҳи чорво ва додани таом, ташкили оши сари тахта, душанбегӣ, ҷумъагӣ, ҳафт, бист, шашмоҳагӣ, ҳамчунин додани пули нақд ва ашёи дигар, ба истиснои ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯй, манъ мебошанд.

 

БОБИ 5. УҲДАДОРИИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ, ИНЧУНИН ҶАЛБИ АҲЛИ ҶОМЕА ҲАНГОМИ ГУЗАРОНДАНИ ҶАШНУ МАРОСИМ

 

Моддаи 18. Уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузарондани ҷашну маросим

2. Оростани зиёфат ба муносибати таъин шудан ба мансаби давлатӣ, гирифтани мукофоти давлатӣ, рутба, унвон, ҷоиза, мукофоти дигар, дараҷа ва унвонҳои илмию тахассусӣ манъ аст. 

  1. Дар ҷашну маърака пошидан ва часпондани пул манъ аст. 

…5. Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва пӯшидани либосҳои миллиро риоя намоянд. Воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ мебошанд.

 

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
  2. Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз ва гумрук, кормандони мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, аъзои комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим, хизматчиёни давлатӣ, шахсони мансабдори дигари давлатӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ё фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд.

 

Дар ҳамин маврид:

Аз 8640 то 216 000 сомонӣ…

Ҳамакнун ҷарима барои нақзи Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими ҷашну маросим” сангинтар гардид: аз 8 ҳазору 640 сомонӣ (ҳудуди 800 доллар) то ба 216 ҳазор 000 сомонӣ (ҳудуди 20 ҳазор доллар).

Барои нақзи муқаррароти қонун дар мавриди ҷашни зодрӯз, хатнасур, маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак, дафну азодорӣ ва мавлудхонӣ:

Шаҳрвандон: 8 ҳазору 640 сомонӣ ҷарима.

Мансабдорон: 25 ҳазору 200 сомонӣ ҷарима.

Барои нақзи талаботи қонун оид ба тӯйи домодию арӯсӣ, теъдоди меҳмонҳо ва замони баргузории ҷашну маросим:

Шаҳрвандон: 15 ҳазору 840 сомонӣ ҷарима.

Мансабдорон: 39 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима.

Барои нақзи меъёри қонун доир ба тартиби гуселу пешвози ҳоҷиён (фарзӣ ва умра), ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва тақсими тӯҳфаҳо, оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо:

Шаҳрвандон: 21 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима.

Мансабдорон: 57 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима.

Ҷаримаи ҳунармандон, молики тарабхона, қаҳвахона, ошхона ва тӯйхона барои риоя накардани шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тӯю маъракаҳо:

-аз 21 ҳазору 600 то 108 ҳазору 000 сомонӣ (баробар ба 10.000 доллари амрикоӣ) ҷарима карда мешаванд!!!

Ва аз ҳама охир, пештар, тибқи Қонуни танзим, ки ҳамакнун он бекор шудааст, танҳо ҷарима вуҷуд дошт, қонуни нав бошад барои пайваста риоят накардани талаботи танзим аз 2 то 3 сол зиндон ҳам кафолат медиҳад.

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube