ГУНҶИШКА КӢ КУШАД? ҚАССОБ!

Ба таваҷҷӯҳи раиси Тоҷикстандарти ҶТ

Ба таваҷчӯҳи раиси н. Сино

 

Пешхизматҳои нохонда

07.05.2024. Соат бо вақти Душанбе 12:34 дақиқа. Чун одат ва қавонини нонавишта, аммо эътирофшудаи сардабир, ҳар ҳафта рӯзи сешанбе, ба қавле рӯзи ҷонбароӣ – газетасупорӣ коллектив якҷоя хӯроки нисфирӯзӣ тановул мекунад. Ин маротиб барои ошхӯрӣ ба ошхонаи беном, вале маъруфи Яккачинор рафтем. Ошхона дар ҳавлие дар рӯбарӯи бозорчаи Яккачинор, маъруфтар бо исми гӯшнавози «Сагбозор» (замоне ин ҷо бозори ҳаявон будӣ) воқеъ буда, новобаста аз он, ки вақти обед садҳо нафар барои хӯрокхӯрӣ ба инҷо меоянд, ҳамеша дарвозааш баставу танҳо 1 дари хурдаш боз асту халос.

Коллективи кори газетаи СССР ба ин ошхона зиёд меояд, зеро хӯрокҳояш – оши палав, шӯрбо ва манту дар ҳақиқат хеле болаззатанд. Вале сатҳи хизматрасонӣ дар ин ошхона мелангад ва хеле сахт. Зарфҳои ҳамеша шикаста, мизҳои пас аз мизоҷ ҷамънокарда, чойники чойи нимахолӣ. Аз 20-25 нафар пешхизматон касеро бо либоси махсуси корӣ намебинед: касе чизе хоҳад пӯшидааст. Бачаҳо, ки ҳамеша дар такопӯанд, аз одитарин талаботи кори пешхизмат дарак надоранд, агар пиёла пурсӣ, дархостро яке ба дигаре ҳавола мекунаду бо ҳамин тамом, аз пиёла дараке нест. Маълум, ки ин ошхона хонаводагӣ буда, тавре медонем ошпазаш ӯзбекзабон аст, яъне ургутӣ. Аксарияти сарошпазону ошпазони тарабхонаҳои калони шаҳри Душанбе ургутианд, чун дар таббохӣ моҳиранд. Дуруст аст, ки дасти бомазза доранд, вале чаро дар мавриди тозагиву хизмати арзанда ё лоақал стандартӣ коре намекунанд? Агар пурсӣ, ман мутмаинам, ки нафаре аз пешхизматон на диплом дораду на сертификат! Дар бораи дегҳои қаторак дар ҳавлии ин ошхона истода умуман гап намезанем: бо 1 ҳарф агар хориҷие ба ин ошхона дарояд, тамомии дастовардҳои 32 соли истиқлолияти мо дар соҳаи ресторатӣ ба 0, ба сифр баробар мешавад…

Ҳар вақт зимни ғизохӯрӣ мебинам, ки дар байни мизоҷон даҳҳо кормандони галстукдор хӯрок мехӯранд, аммо боре надидаам, ки нафаре ба чунин вазъи антисанитарии ин ошхона ва хизматрасонии пасташ эрод гирифта бошад. Ҳол он, ки дар байни мизоҷони ин ошхона ҳатман кормандони прокуратураву милиса, СЭС-у нозироти андоз ва Тоҷикстандарт ҳастанд, лек чаро ҳама хомӯш аст!?

Афсӯс, ки чунин пешхизматони нохонда имрӯз дар ошхонаву тарабхонаҳои мамлакат хеле зиёданд ва ман боре нашунидаам, ки пешхизматҳо аз ҷониби ин ё он сохтор аттестатсия карда шаванд…

 

Фурӯшанда бояд молшинос бошад!

Афзудани пешхизматони нохондаву бедиплом танҳо 1 проблема нест, теъдоди фурӯшандагони бедиплому бе тахассус низ дар бозору марказҳои савдои кишвар ба маротиб афзудааст. Дур намеравем, дар аксари дӯконҳои Маркази савдои «Садбарг» ҷавондухтарон нишастаанд ва маълум аст, ки ҳар касе моли худро мефурӯшад. Яъне худам тоҷир, худам молшинос, худам фурӯшанда. Аммо вақте дар бораи мол, сертификати он, шуставу истифода бурданаш мепурсӣ, 99% намедонанд ва бо дағалӣ посух медиҳанд: «Хоҳед харед, нахоҳед равед!». Ин дар ҳолест, ки нафаре либоси махсуси корӣ надорад! Ва ин ҳам дар маркази шаҳри Душанбе ва дар яке аз калонтарин марказҳои савдо!

Чунин ҳолат бо ман дар мағозаи махсуси ширкати Fissman – асбобу лавозимоти ошхона дар Маркази савдои «Садбарг» рух дод. 2 духтари ҷавон дар бораи маҳсулоте, ки мефурӯхтанд, ҳеҷ итиллое надоштанд, корашон танҳо ҳисобу китоб буду халос. Ҳатто малакаи ҷалби харидорро надоштанду ба суолҳои ман мегуфтанд: «Девонаяй чи, намефаҳма?!». Ин аст гоҳо воқеияти тиҷорату савдои мардуми тоҷик. Агар ин духтарон лоақал курси семоҳаи молшинос – фурӯшандаро мехонданд, ақаллан барои 13 сомонӣ бақия, калкулятор – асбоби ҳисобкунӣ намекофтанд.

 

Ороишгар зиёд, соҳибкасб кам

Проблемаи дигар ин касбият ва тахассус надоштани аксарияти духтаронест, ки дар кошонаҳои ҳусн ва ороишгоҳҳо кор мекунанд. Дар бораи сартарошон метавон гуфт, ки сартарошӣ аз қадим арзи ҳастӣ дошту мардон муйи сар паст мекарданд, аниқтараш метарошинданду муйлаб мегирифтанд ва ин касб аз насл ба насл мерос мегузашт. Аммо дар бораи кошонаҳои ҳусни занона чӣ метавон гуфт? Соҳаи ороиши оммавии занонаро ба мо СССР овард ва он замон барои мастер – усто шудан бояд 2 сол дар техникум хонда, нозукиҳои корро ёд мегирифтӣ, бо соҳиби диплом шудан ҳам, кор тамом намешуд. Аввал 6 моҳ коромӯз мешудиву пасон устои дараҷаи (разряди) хурд ва то чанд сол сари кӯдаконро паст мекардӣ. То дастат ба кор начаспад намегузоштанд, ки ба муйи сари калонсолон даст занӣ. Имрӯз чӣ? Имрӯз ҳама парикмахер, косметолог, визажист ва устои мижачаспонӣ!

Дар мавзеи Гулистони пойтахт зиндагӣ мекунаму гоҳ-гоҳе ба яке аз кошонаҳои ҳусн медароям, то сару рӯямро тартиб диҳам. Аз 5-6 нафар духтарон, ки ба чидани қошу рӯй, ороиши мӯю рӯй, маникюр ва педикюр машғуланд, танҳо 1 нафар дипломдор асту бас, дигарон худёдгирифта – самоучка. Инҳо нафароне ҳастанд, ки дар назди ороишгар истода 1-2 моҳ корро ёд мегиранду бо ҳамин мешаванд мастер!!! Ин тоифа аз назария – талаботҳои санитарӣ, либоси махсус, дафтарчаи тиббӣ, дуруст сурох кардани гӯши кӯдак, ки баногоҳ аз болои раг сӯрох нашавад, рост буридани муй ва нарасидани қайчӣ ба гӯш кам хабар доранд. Ҳарчи диданд, ҳамонро ёд гирифтанд ва мекунанд. Ҳол он, ки маникюр ва мижачаспонидан бисёр кори нозук буда, на ҳар кас метавонад ин амалҳоро аз рӯи қоида ва талаботҳои санитарӣ анҷом диҳад. Ороиши рӯйро низ бояд тавре кард, ки пагоҳ рӯйи мизоҷ варам накунад – интихоби маҳсулот хеле муҳим аст.

Албатта ҳастанд ороишгарони хуб, ки пайваста касби худро сайқал медиҳанд, соле 1 маротиба ба Тошканду Маскаву Дубай рафта, аз курсҳои махсус мегузаранду соҳиби сертификати байналмилалӣ мегарданд, вале шумораи ин гуна соҳибкасбҳо хеле кам аст.

 

Либоси махсус фаромӯш шуд?

Пӯшидани либоси махсуси корӣ барои соҳаи хизматрасонӣ тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳатмист. Чунин дастур ҳанӯз соли 2017 ба тасвиб расида, масъулияти назорати ин фармон бар дӯши Агентии «Тоҷикстандарт» вогузор гашт.  Дар пайи ин супориш Агентии «Тоҷикстандарт» шуруъ аз моҳи ноябри соли 2017 рейдҳои худро дар ошхонаву тарабхона, марказҳои хурду калони савдо, бозору кошонаҳои ҳусну сартарошхонаҳо сар карда, он замон роҳбарияти ин агентӣ таъкид дошта буд, ки тамомии кормандони соҳаи хизматрасонии маишӣ бояд либоси махсуси корӣ бо рамз ё навиштаҷони «Тоҷикистон» ба бар кунанд. Ҳамин тавр ҳам шуд ва назорат соли аввал хеле ҷиддию сахт буд, аммо бо гузашти 7 сол ин дастур ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт ва ё Агентии «Тоҷикстандарт» аз ин вазифаи ҷонии худ фаромӯш кард. Чаро? Суол албатта ба масъулини Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст

Мо пайгири мавзуъем. Мо Метавонем!

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube