Хатлон чанд миллион ҷавон дорад?

Дар вилояти Хатлон шумораи ҷавонон 1 миллиону 537 ҳазору 43 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 522 ҳазору 658 нафарашон духтарон мебошанд. Дар ин бора Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ итиллоъ дод.

Теъдоди умумии майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди вилоят 3183 адад буда, шумораи варзишгоҳҳо 40 адад, толорҳои варзишӣ 572 адад, ҳавзҳои шиноварӣ 38 адад, маҷмааи варзишӣ ва дигар намуди иншооти махсусан варзишӣ 231 ададро ташкил медиҳад.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube