ХИЗМАТ ШАРАФ АСТ!?

Агар модаре то субҳ аз Худо талаб мекунад, ки писараш дар комиссияи тиббӣ бемор барояду ба хизмати ҳарбӣ набарандаш. Агар падаре аз синфи 9-10 фарзандашро ба Россия мегурезонад, ки барои Ватан хизмат накунад. Агар волидайн дар таҳхонаву болохонаву шаҳру деҳоти ҳамсоя гурезонда, ҷигарбандашонро пинҳон мекунанд, киоблава” накунандаш, айби кист?

Шояд айби роҳбарони сохторҳои қудратӣ (ВД, ВКД, КДАМ) расонаҳои радиотелевизиони давлатӣ, ки шароитҳои хуби хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ ва умуман ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишварамонро тавассути роликҳову барномаҳо, вохӯриҳо, таблиғ карда наметавонанд? Ё айби Кумитаи ҷавонон, идеологҳоямон, ки эҳсоси баланди ватандорӣ, дифоъ аз марзу буми кишаврамонро дар дили наврасону ҷавонон бедор карда наметавонанд?

Ва ё айби афсароне, ки пеши роҳи муносибатҳои ғайриқонунӣ ва ғайриоинномавиро дар сафҳои Артиш гирифта наметавонанд? Чӣ бояд кард, ки ҷавонон хидматро шараф бидонанду ихтиёрию бо амри дил ва ҳатто бо пофишорӣ ба хизмат раванд?

Сипос аз Яздони Пок, ки дар Тоҷикистон фазои сулҳу субот, амну амонӣ ҳукмфармосту монанди Россия ва Украина ё Исроил ва Фаластин ҳамарӯза садҳо хизматчиёни ҳарбӣ қурбон намешаванд. Давлату Ҳукумат тамоми шароитҳои хубро дар ҷузъу томҳои сохторҳои қудратию интизомӣ муҳайё карда аст. Артиш мактаби ҷавонмардист ва хидмат ба Ватан шараф аст барои ҳар як ҷавонмард.

Абдулқодир Талбаков,

ш. Душанбе

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube