ХУҶАНД: СОҲИЛИ СИРДАРЁ – МАКОНИ ИСТИРОҲАТ ВА ТАФРЕҲ

Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ш.Хуҷанд лоиҳаи шиногоҳ ва роҳраву истироҳатгоҳи соҳили дарёи Сирро, ки қарор аст ба макони истироҳатии сокинон табдил дода шавад, муаррифӣ гардид.

Тавре Хадамоти матбуоти раиси ш.Хуҷанд хабар медиҳад, ин лоиҳа бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, туҳфаи хуби идонаест барои сокинон ва меҳмонони ш.Хучанд. Гуфта мешавад, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ҳудуди шиногоҳ пурра навсозӣ гардида, ин мавзеъ ба минтақаи истироҳатии замонавӣ табдил дода мешавад. Дар асоси лоиҳа, аз пули кӯҳнаи шаҳр то пули «Ҷашнӣ» ба дарозии 2 км ва паҳноии 8 метр роҳрав бунёд шуда, дар шиногоҳ ва роҳрав таҷҳизоти муосири варзишӣ барои обутоби бадан ва нишастгоҳҳо гузошта мешаванд.

Дар маҷмуъ, ин мавзеъ ба макони истироҳативу варзишӣ табдил ёфта, айни замон корҳои бартарафсозии иншооти ғайриқонунӣ ҷойгиршуда идома дорад.

Ҷ. Мақсуд, СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube