КОЛЛЕҶҲОИ ХОЛӢ ВА КОЛЛЕҶҲОИ ПУР…

Ё худ чаро ҷавонон дар кишвари аграрӣ кишоварз неву духтуру ҳуқуқшинос шуданиянд?

 Тибқи иттилои Ғазалшоҳ Сафарзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, соли 2023 беш аз 84 ҳазор нафар муасисаҳои таълимиро хатм намуда, ба санаи 29.06.2023 сол 40.304 нафар хонандагони синфи 11-ум ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар дохил шудаанд. Новобаста аз ин шумора дар донишгоҳу донишкадаҳои вилоят шумораи ками донишҷӯён мушоҳида мегардад. Дар Хатлон, ки вилояти калонтарини мамлакат ҳисоб меёбад, аз ДДБ ба номи Н. Хусрав то донишкадаҳои агариву омӯзгорӣ, коллеҷҳои тиббии хусусиву давлатӣ фаъолияти густурдаро ба роҳ монда, ҳамасола донишҷӯ қабул ва гусел менамоянд.

Муҳоҷират ё донишгоҳ?

Боиси таассуф аст, ки дар баробари дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо имрӯз қисмати зиёди хатмкунандагони муассисаҳо рӯй меоранд сӯи муҳоҷирати меҳнатӣ. Агар ин 1 тарафи масъала бошад, аз ҷониби дигар баъди хатми курси 3 ва 4 аксаран дар гурӯҳҳо донишҷӯ намерасад. Ё ба дигар ихтисос гузариш менамоянд, ё тарки ихтисос намудаву роҳи муҳоҷиратро интихоб. Дар ин бора мо бо роҳбари Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар ҳамсӯҳбат шудем. Сабзалӣ Амиров иброз дошт, ки имрӯз махсусан таваҷҷӯҳи довталабон нисбат ба ихтисосҳои дар мо буда хело коҳиш ёфтааст.

Сабаб дар он аст, ки донишҷӯи имрӯза зиёд мехоҳад ё духтур бошад, ё адвокату ҳуқуқшинос. Имрӯз агар ба бозори меҳнат назар афканем ба ихтисосҳои соҳаи кишоварзӣ ками дар дар кам таваҷҷӯҳ аст. Чунки ҳама ҷо ҳоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис додаву зиндагии худро аз ун ҳисоб пеш мебаранд ва барои фермерҳо на агроном лозим асту на байтору на кишоварзи касбӣ! Нақшаи қабули довталабон соли гузашта 65 фоизро ташкил дод, ки ин рақам нигаронкунанда аст. Ҳаст ихтисосҳое, ки 1 ё 2 нафар донишҷӯ дошт. Аз ин сабаб мо онҳоро барҳам дода, ба ҷояш ихтисосҳои навро ҷорӣ намудем. Дар коллеҷи мо талабот ба касбҳои бойторӣ ва агрономӣ зиёдтар аст. Ҳарчанд, дипломи дараҷаи миёнаи касбӣ ҳам бошад, касби донишҷуёни мо ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ мебошад, – таъкид дошт С.Амиров.

 

Коллеҷҳои тиббӣ пур аз донишҷӯ

Дар ҳамин радиф мо бо якчанд суол ба Муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар муроҷеъ шуда, посухҳои қаноатбахш гирифтем. Довудҷон Ҳусайнов, муовини директори коллеҷи номбурда дар рафти сӯҳбат қайд кард, ки муассисаи онҳо аз руи 8 ихтисос ҳамасола то 800 нафар донишҷӯ қабул менамояд.

Имсол аз соли хониши пор дида, бисёртар довталаб ба коллеҷ ҳуҷҷат супорид, ки ин бурди муассисаи мо мебошад. Тибқи нақшаи ММТ 2 давраи тақсимоти иловагӣ ҳоло дар пеш аст, ки онҳо аз 19 то 23 август ва аз 8 то 1 –уми сентябрро дар бар мегиранд. Боз дар давраҳои минбаъда низ шумораи донишҷӯён афзоиш хоҳад ёфт. Дар ихтисосҳои кори момодоягӣ, ҳамширагӣ ва фармасевтӣ талабот зиёд буда, довталабон аслан дар ҳамин равияҳо ҳуҷҷат супоридаанд, – афзуд Д.Ҳусайнов.

 

 Стоматолог намешавед??? Неъ!

Мавсуф мегӯяд, ки дар ихтисосҳои дандонсозӣ ва дандонпизишк асосан донишҷӯ нест. Хонандагони муассисаҳои мактабӣ ба ингуна ихтисосҳо кам таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд. Ҳоло он, ки соҳаи дандонсозӣ низ даромаднок маҳсуб ёфта, духтурони касбӣ дар ин соҳа ба муваффақиятҳо ноил гаштаанд.

– Аз руйи нақша, ки 800 нафарро ташкил медиҳад, соли гузашта 576 нафар донишҷӯ ба ин муассиса дохил шуд. Бояд гуфт, ки дар соли гузашта ба кори дандонсозӣ ягон нафар дохил нашуд, аз ин сабаб нақшаи дохилшавиро ин ихтисос қафо кашонд. Бартарияти коллеҷи мазкур аз дигар коллеҷҳо дар он аст, ки дар назди он пойгоҳи ташхисию табобатии ” Даво” мавҷуд аст, ки донишҷӯён дар он ҷо дарсҳои амалии худро бе мушкилӣ мегузаранд, – афзуд Д.Ҳусайнов.

Тавре маълум шуд дар ин даргоҳи таълимӣ низ довталабон ба бархе аз ихтисосҳои зарурӣ намерасанд ва сабабашро масъулин дар интихоб накардан ва ҳуҷҷат насупоридани донишҷуён ба муассисаҳои таълимии баъди мактабӣ арзёбӣ мекунанд.

Боқимондаҳо ку!?

25 -уми июли соли равон тақсимоти даври якуми ММТ гузаронида шуд. Дар доираи ҳамин тақсимот ҳастанд донишҷӯёне, ки мехоҳанд оянда табиб шаванду дар ҳамин ришта таҳсил намоянд. Аммо чуноне маълум гашт, дар коллеҷҳои навтаъсис ҳам ҳолат ҳамин гуна боқӣ мондааст.

Яке аз чунин коллеҷҳое, ки нав ифтитоҳ ёфт, Коллеҷи тиббӣ – иноватсионии шаҳри Бохтар мебошад. Имсол 557 нафар ба он ҳуҷҷат супориданду тариқи Маркази тестӣ гузаштанд. Лекин аз ин шумора танҳо 416 нафар худро ба қайд гирифтанд. Тибқи нақша муасиса барои 1120 нафар сохта шудааст. Аммо ин рақам ба 50 фоиз поинтар аз плон дакка мехӯрад.

Тавре дар суҳбат бо СССР роҳбари коллеҷ Ойбек Ашӯров иброз дошт, соли гузашта назар ба имсол нақшаи дохилшавии донишҷуён қариб иҷро шуда буд. Аммо имсол мутаассифона он хело кам иҷро гардид.

Дар муассиса талабот ба донишҷуёни ихтисоси тиббӣ ташхисгоҳ, яъне лаборатория ҳаст, вале талабгорон нестанд. Чуноне иттилоъ ёфтем, дар ин ҷо ҳам ба кори ҳамширагӣ, баъди хатми синфи 9 ва момодоягӣ донишҷуён бештар шавқу ҳавас доштаанд.

ДДБ: ин мушкилот дар мо ҳам ҳаст!

СССР бо суолҳои худ роҳ пеш гирифт, сӯи Донишгоҳи Давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав. Профессор Сайфиддин Давлатзода, ректори ин донишгоҳ ба ин масъала равшанӣ андохт:

   – Аз мушоҳидаҳои мо низ, дар раванди қабули донишҷуён ба муассисаҳои миёнаву олии касбӣ то ҷое коҳишёбӣ ба назар мерасад, ки ин яке аз омилҳои иҷро нагаштани нақшаи қабул шуда метавонад. Яке аз омилҳои дигари дохил нашудани довталабони мо ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии маҳаллӣ дар фарогиршавии шомилшавӣ ба филиалҳои муассисаҳои олии таҳсилоти хориҷии кишвар мебошад, ки бо стандартҳои байналмиллалӣ дарс медиҳанд. Рӯирост бояд иқрор шуд, ки мактабу коллеҷҳои хусусӣ низ рӯ ба афзоиш доранд, ки ин ҳам метавонад барои иҷро нагаштани плони қабули довталабон сабаб шавад.

Сайфиддин Давлатзода дар идома ёдовар шуд, ки мо бояд пояи моддию техникии муассисаҳои таълимиро ҷавобгӯ ба талаботи омодасозии кадрӣ бунёд намоем.

Агар базаи ибтидоии довталаб заиф бошад, ӯ наметавонад оянда дар ба мактабҳои олӣ дохил шавад.

   – Нақшаи дохилшавии довталабон низ мисли ҳарсола ба донишгоҳи мо иҷро шуда истодааст. Вале махсусан дар ихтисосҳои шартномавӣ 77 дарсад аз тақсимоти аввал амалӣ гаштаасту халос. Иҷроиши пурраи онҳо бошад, чандин сол аст зери суол мемонад. Набудани довталабон ба фанҳои дақиқ ва ихтисосҳои муҳандисӣ моро то ҷойе нигарон кардааст. Баъдан, таври маълум, мутаассуф, довталаб бо хоҳиши худ ин гуна касбҳоро интихоб намекунад, – гуфт Сайфиддин Давлатзода.

 

 Ё илалазим ё улалазим

(Ё худ ё хизмат ё донишгоҳ?)

Омили дигари муҳиме, ки барои кӯр- кӯрона ба ихтисосҳои камодам дохил шудани хонандагон гаштааст, ин паноҳ бурдан аз Хизмати Модар – Ватан мебошад, ки дар миёни ҷавонмардони ҳузарби муҳофизи ватан бисёртар дида мешавад. Агар, фарзи мисол, Армия касбӣ гардад, яъне бо хоҳиши худ ва бо маоши хуб, пас дигар дар донишкадаву донишгоҳҳо довталаб ёфтан мушкил мешавад! Ё баръакс, агар донишҷӯёнро низ ба Армия баранд, бисёр факултаҳо холӣ мемонанду бархе шояд ҳатто барҳам хӯранд…

 

ММТ: ҷойҳо холианд!

Барои дақиқан равшанӣ андохтан ба мавзуи худ, ба Маркази Миллии Тестӣ-ММТ дар вилояти Хатлон раҳсипор гашта, бо сардори бахш Хурсанд Раҳмонов ҳамсӯҳбат гаштем. Тавре маълумот пайдо кардем, айни замон тақсимоти такрории хонандагон идома дорад ва 108.000 довталаб тариқи ин марказ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида, 90.000 аз қайд гузаштанд, ки ин 60 %-ро ташкил медиҳад.

Тавре дар рафти имтиҳонҳо маълум гашт донишҷуёни оянда қисмати зиёдашон кластери панҷумро интихоб намудаанд. Дар кластери 1, 2, 3 ва 4 бошад хонандагон хоҳиши таҳсил карданро қариб, ки надоранд. Дар ҳамаи ихтисосҳо ҷойҳо холианд. Дар ин марказ ҳам бинобар сабаби зиёд шудани шумораи коллеҷҳои хусусӣ, роҳбарияти он сабаби аз руйи нақша иҷро нашудани қабули довталабонро маънидод намуданд. Яъне коллеҷҳои хусусӣ дар ҷамъ донишгоҳу донишкадаву коллеҷҳои давлатиро буғӣ кардан доранд ва дур нест, ки дар ин набард пирӯз ҳам оянд!

Нишондодҳои оморӣ тасдиқкунандаи онанд, ки ҳамасола ҷавонони зиёде ба касбҳое руй меоранд, ки дар бозори меҳнат харидорони худро дошта, маҳз ба худи онҳо фоида меорад.  Дар зимн манофеи миллату давлату ватан пушти сар мондааст.

Ва ҳамаи ин дар ҳолест, ки аксари ҷавонону наврасон ё дохил шуда, ба Россия мераванд ва ё рост ба муздурӣ. Ҳар 2 раванд 1 маънӣ доранд:

– Гурез аз хизмати Артиш ба баҳои кадом пулу молу маноле набошад…

Мо пайгири мавзуъ мемонем. Мо Метавонем!

 

Нуриддин Қосимзода, СССР,

вилояти Хатлон

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube