КРЕЙСЕРИ «АВРОРА»

«МЕНИГАРЕМУ МЕРАВЕМ»

Андаке зиёд аз як сол дар рафи китобҳои ҳуҷраи кориам ёдномаи хунёгари маҳбуб, устоди равоншод Ҷӯрабек Назрӣ (23.6.1946, деҳаи Навруҳои Ховалинг – 24.5.2020, Душанбе) мақоми намоён дорад.

Гаҳу ногоҳ китобро варақ мезанам, ба мавод, хотираи ёрон ва аксҳои устод дида медӯзам. Ин раҳ низ чунон шуд. Аз чи боис, ки ба акси устод дар палуба (саҳни киштӣ)-и «Аврора» қарор гирифтам. Пеши назар вохӯриву дидорҳо бо ҳунарвар дар идораи рӯзномаи «Нидои ранҷбар» дар қабати 9-уми маҷмааи «Шарқи озод» (1992-1995) ҷилвагар гаштанд…

Пас аз барҳам хӯрдани давлати абарқудрати СССР коммунистони як замон суп-сурх (содиқ) ба қавле пачка-пачка (тӯда-тӯда) домони ҳизбро раҳо карданд. Ағлаб онҳое буданд, ки аз нозу неъмати беаъдоди ҳизб фаровон нӯши ҷон мекарданд, маҳз дар ин давра симои воқеии коммунистони замонасоз аён гашт. Ҳиссае сар аз соли 1991 (қисме барвақттар) ба намакдон туф кардаву ба бадгӯӣ, наҳзанӣ ва бадаҳдӣ нисбат ба Ҳукумати Советӣ камарбард устувор карданд.

Аммо Ҷӯрабек Назрӣ ҷавонмардона ба ғояҳои давлати иҷтимоӣ беаҳдӣ накард. Ёд дорам, ҳар бори ба назди сармуҳаррири рӯзнома устод Ҳабибулло Ёров (журналисти содиқ ва иктишофгари беҳамто) омаданаш муғаннӣ бо қиссаҳои хушу гуворо ва ҳазлҳои намакин хотири ҳозиринро болида медошт. Сталинпараст буданашро пинҳон намедошт ва доҳии пролетариатро месутуд, вале котиби якуми ҳизби охиринро, бо «эҷод»-и худ нафрин мехонд…

Маҳз содиқият, якрӯя буданаш ба вай эҳтиром қоил мегаштед. Акси мавриди назари Ҷӯрабек Назрӣ дар саҳни крейсери «Аврора» водор сохт, то ба таърихи киштии инқилобӣ назар андӯзем. Он фолеро монд. Киштии «Аврора» ҷашн доштааст. Аз ба мавриди истифода қарор гирифтани крейсери мазкур 120 сол пур мешудааст. Бо ин баҳона (сабаб) фурӯ рафтем ба таърихи «Аврора».

«АВРОРА»

Киштии зиреҳпӯши (крейсери) ҳарбии флоти Балтика, ки бо иштирокаш дар Револютсияи Октябр машҳур гардид, соли 1903 сохта шудааст. Дар ҷанги Россияву Япония (1904-1905), дар муҳорибаҳои солҳои 1914-1918-и Ҷанги якуми ҷаҳонӣ иштирок карда, пас аз он дар Петроград дар таъмир буд. Дар давраи Револютсияи феврал (28.2.1917) маллоҳони шӯришбардоштаи киштӣ ба тарафи болшевикон гузаштанд.

Шаби 25.10.1917 садои тӯпи «Аврора» барои ҳуҷум ба Қасри Зимистонӣ ишора дода, барои ба маркази шаҳр дохил шудани Гвардияи Сурх роҳ кушод. Десанти «Аврора» дар шӯриши яроқноки Октябр фаъолона иштирок кард.

Солҳои 1941-1945 чун казармаи рӯиобии маллоҳон истифода шуда буд. Аз 17 ноябри соли 1948 дар дарёи Нева, наздики шаҳри Санкт- Петербург чун ёдгории Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр нигоҳ дошта мешавад.

Аз соли 1957 «Аврора» филиали Музейи марказии флоти ҳарбӣ гадрид. Солҳои 1984-1987 бо мақсади барқарор намудани намуди зоҳирии «Аврора» киштӣ тармими таҷдидӣ карда шуд.

«Аврора» дар айни ҳол киштии таълимии Омӯзишгоҳи ҳарбии ба номи Нахимови Санкт-Петербург мебошад. Дар музейи «Аврора» сӯзание, ки да он акси В.И. Ленин тасвир ёфтааст (амали З. Баҳриддинова) ҳамчун туҳфаи халқи тоҷик то ҳол маҳфуз аст. (ЭМТ, ҷ. 1. Душанбе – 2011, саҳ.131.

   Аврора (Aurora), дар асотири Рими Қадим олиҳаи шафақи субҳ, ки ба худоҳову одамон нур ва равшании субҳи сафоро меоварад.

АЗ ТАЪРИХИ «АВРОРА»

«Аврора» крейсер (киштии тезгард ҳарбӣ) – и зиреҳпӯши дараҷаи 1.

Номи «Аврора»-ро крейсер ба шарафи фрегат (киштии бодбонии ҳарбии сесутуна)-е гирифт, ки ҳангоми ҷанги Қрим (1853-1856) Петропавловск – амчатскийро муҳофизат мекард.

– 29 июли соли 1903 киштии «Аврора» ба ҳайати флоти Балтика шомил гашт.

– Киштӣ се саҳн дорад: болоӣ, батареягӣ ва зиреҳпӯш.

– Киштӣ дорои се мошини сетсилинтраи буғӣ буда, иқтидори умумиаш ба 11610 қувваи асп баробар аст.

– Систернаҳои киштӣ 332 тонна об барои дегҳо ва 135 тонна барои эҳтиёҷоти маишӣ муқаррар гашта буданд.

– Манзили зисти киштӣ барои 570 нафар экипаж ва ҳамчунон барои фармондеҳи киштӣ ва афсарони штаб муайян шудааст.

– Киштӣ дар соли 1903 бо 8 тӯпи 152-миллиметра, 24 тӯпи 75 – миллиметра, 8 тӯпи 37 – миллиметра, 2 тӯпи десантии 63,5 – миллиметра, 3 дастгоҳи торпедӣ ва 150 мина муҷаҳҳаз буд…

– Киштии «Аврора» барои бурдани разведка, маҳв намудани киштиҳои тиҷоратии душман, барои муҳофизати киштиҳои асосӣ аз ҳамлаи киштиҳои минакаши душман ва барои хизмати дидбонӣ истифода мешуд.

– Киштии «Аврора» дар муҳорибаи Тсусим (1905) иштирок дошт. Барои наҷот аз ҳалокат ба шаҳри Манила (ҷазираҳои Филиппин) зада даромад ва аз тарафи ҳукуматдорони амрикоӣ то охири ҷанг боздошт шуд. Соли 1906 крейсер ба Кронштадт баргашт ва баъди таъмир киштии таълимии корпуси кадетии баҳрӣ шуд.

– То оғози Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914 – 1918) «Аврора» бо гардемаринҳо ва кадетҳо ба саёҳати хориҷӣ баромад.

– Дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ «Аврора» дар ҳайати бригадаи 2-юми крейсерҳои флоти Балтика иштирок дошт.

– Аз моҳи ноябри соли 1916 киштӣ дар таъмири асосӣ, дар Петроград (аз 1924 Ленинград ва аз соли 1991 Санкт-Петербург) буд.

– Экипажи «Аврора» дар воқеаҳои инқилобии соли 1917 иштироки фаъолона дошт. 7 ноябри (25 октябр аз рӯи тақвими куҳна) соли 1917, соати 21.40 киштӣ бо пахтатирпаронӣ аз тӯпҳои саҳни пеши киштӣ ба ҳамлаи (штурми) Қасри Зимистона оғоз бахшид.

– Аз соли 1918 «Аврора» дар резерви флоти ҳарбӣ – баҳрӣ буд…

– Дар охири соли 1922 қарор шуд то киштиро ҳамчун киштии таълимӣ барқарор намоянд.

– Соли 1924 киштии «Аврора» бо Байрақи Сурхи КИМ СССР ва соли 1927 бо ордени Байрақи Сурх барои хизматҳои шоиста дар инқилоб сарфароз гашт.

– Соли 1940 «Аврора» дар Ораниенбаум (ҳозира шаҳри Ломоносов) лангар баст ва дар ҳамин ҷо Ҷанги Бузург Ватанӣ (1941-1945)-ро истиқбол кард. Тамоми давраи мудофиаи Ленинград ҳамин ҷо монд…

– Соли 1941, моҳи сентябр киштӣ тарқиш гирифта, нақши замин шуд (950 рӯз ҳамин аҳвол монд). То моҳи январи соли 1944 аз тирҳои артиллерӣ ва бомбапартоиҳо беш аз 1500 тарқиш гирифт.

– Моҳи июни соли 1944 «Аврора» аз замин бардошта шуда, соли 1945 ба Ленинград барои таъмири капиталӣ этак (буксир) шуд.

– Баъди таъмири асосӣ соли 1948 крейсери «Аврора» дар назди рӯди Болшая Невкаи Петроград дар истгоҳи ҳамешагӣ қарор гирифт.

– Соли 1950 бо ибтикори афсарони киштии таълимӣ дар «Аврора» ба оғози осорхонаи крейсер асос гузошта шуд.

– 5 июли соли 1956 дар асоси директиваи Сарфармондеҳи Флоти ҳарбӣ-Баҳрии СССР дар «Аврора» филиали Музейи марказии ҳарбӣ-баҳрӣ таъсис дода шуд…

– Солҳои 1984-1987 «Аврора» аз таъмири асосӣ ва реставратсия гузашт.

– 21 сентябри соли 2014 крейсери «Аврора»-ро ба таъмири капиталӣ фиристоданд. Баъди таъмир, 16 июли соли 2016 «Аврора» боз ба ҷойи худ баргашт.

– Кушодашавии ботантанаи экспозитсияи навкардашуда дар «Аврора» 31 июл, дар рӯзи Флоти Ҳарбӣ – Баҳрии Россия ба вуқуъ пайваст. Барои мардум дари осорхонаҳои киштии инқилобӣ 3.8.2016 боз шуд…

 

Умари ШЕРХОН

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube