Made in Tajikistan: чаро не?

Салом СССР-чиёни азиз! Ман пешниҳоди хонандаи газетаи СССР Маннон Махсумовро бобати баргузории озмуни «Ихтироъкори ҷавон» дастгирӣ мекунам. Хуб мешуд, агар бо роҳбарии олимон, инженерон ва дигар шахсони эҷодкори техникӣ ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Ихтироъкорон» баргузор мекарданд. Ҳар кас метавонад самолёт, мошин, трактор, комбайн ё дигар ашёи техникӣ ихтироъ кунад. Бигузор техникаи ихтироъкарда дар саноати Тоҷикистон истифода шуда, ихтироъкорони пешқадам аз тарафи ҳукумат дастгирӣ ёбанду ҳавасманд гарданд.

Дар соли 1990 як ҷавони тоҷикистонӣ дар заводи автомобилбарории Россия кор мекарду автомашина ихтироъ кард, ки он мошин якчанд корро иҷро мекард. Роҳбарони завод, ба ҷавон гуфтанд, ки аз рӯи лоиҳаи тайёркардаат дар ҳамин завод мошинро месозем, лекин ин ҷавони тоҷик розӣ нашуда, гуфтааст, ки дар ватани худам месозам, то ватани худам обод шавад. Баъд ин ҷавон ба Тоҷикистон омад, лоиҳаи кашидаи ҷавонро якчанд маротиба дар телевизиони Тоҷикистон намоиш доданд. Муаллифи лоиҳа ҳар болту гайкаву шурупи мошинро ба мутахассисон нишон дод, вале бенатиҷа. Ихтироъи ӯ дастгирӣ наёфт! Агар ҳамон вақт заводи автомобилбарорӣ месохтанд, ҳоло Тоҷикистон соҳиби заводи автомобилбарории худ мешуду дар Осиёи Миёна дастболо.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми кишвар бояд сари ин пешниҳод ҷиддӣ андеша ронанд.

М.Ҷумъа,

н. Восеъ

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube